Кохи Сафед мегӯяд ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон хатари ҷангро афзоиш медиҳад

Кохи Сафед ба кунгреи Омрико ҳушдор додааст, ки дар сурати беасар шудани талошҳои диплумотик барои ҳалли муноқишаи атумӣ бо Эрон танҳо чанд гузинаи маъдуд,аз ҷумла корбурди нерӯи низомӣ пеширӯйи Борок Убомо боқӣ хоҳад монд.
Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, сешанбе гуфт мардуми Омрико тарҷеҳ медиҳанд муноқишаи атумӣ бо Эрон ба сурати мусолиматомез ва ба гунае, ки монеъ аз дастёбии ин кишвар ба силоҳи ҳастаӣ шавад, ба поён бирасад.
Оқои Корнӣ гуфт мардуми Омрико дар пайи ҳаракат ба сӯйи ҷанг нестанд.
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, низ тасвиби таҳримҳои тоза алайҳи Эрон ба василаи кунгреро дар шароити кунунӣ як иштибоҳ донистааст.
Оқои Керрӣ қарор аст чаҳоршанбе ба сено биравад, то бо ироаи гузорише аз музокироти ахири Гурӯҳи 5+1 бо Эрон дар Женев, аз намояндагон бихоҳад аз тасвиби таҳримҳои тоза худдорӣ кунанд.
Ба гуфтаи Ҷен Сокӣ, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Омрико, оқои Керрӣ тасвиби чунин тарҳеро дар ҳоле ки музокирот дар ҷараён аст, иштибоҳ медонад ва аз кунгре мехоҳад ба таври муваққат тасвиби ҳар гуна таҳримеро алайҳи Эрон мутаваққиф кунад.
Хонуми Сокӣ дар ҷаласаи матбуъотии рӯзи сешанбе гуфт: "Вазири умури хориҷа ба таври мушаххас унвон хоҳад кард, ки тасвиби таҳримҳои тоза як иштибоҳ хоҳад буд."
Хонуми Сокӣ идома дод: "Он чи ки дар ҳоли ҳозир дар пайи он ҳастем, як таваққуфи муваққат дар тасвиби таҳримҳост."
Кумитаи умури бонкии маҷлиси сено қарор аст тарҳи ташдиди таҳримҳои Эронро базудӣ баррасӣ кунад.
Яке аз мушовирони Тим Ҷонсун, раиси кумитаи умури бонкии сено, гуфтааст, ки намояндагон пас аз шунидани суханони оқои Керрӣ дар ин бора тасмимгирӣ хоҳанд кард.
Ин кумита пештар баррасии эъмоли таҳримҳои бештар алайҳи Эронро ба рағми мухолифати баъзе аз сенотурҳои бонуфузи демукрот ва ҷумҳурихоҳ ва ба дархости давлати Омрико ба ақиб андохта буд.
Поёни бенатиҷаи музокироти ахир дар Женев низ бар талошҳои гурӯҳе аз намояндагон доман задааст.
Даври дувуми музокироти атумии Эрон бо Гурӯҳи 5+1 пас аз се рӯз бидуни тавофуқ байни тарафайн поён ёфт ва қарор аст музокиракунандагон гуфтугӯҳои худро муҷаддадан аз бистуми ноябр аз сар бигиранд.
Мухолифони сиёсати хориҷаии давлати Омрико мегӯянд бо афзоиши фишор бар Эрон имкони мувофиқати ин кишвар бо хостаҳои ҳастаии кишварҳои ғарбӣ афзоиш меёбад.
Сенотур Роберт Мунендз, раиси демукроти кумитаи равобити хориҷии сено шанбе бо интишори як ёддошт дар рӯзномаи "Ю-Эс-Эй (USA) тудей" навишт, ки тасвиби таҳримҳои тоза тазминкунандаи ҳусни нияти Эрон дар музокироти атумӣ хоҳад буд.
Ба гуфтаи ӯ Эрон набояд ба таври ҳамзамон ҳам дар музокироти ҳастаӣ ширкат кунад ва ҳам ба густариши барномаи атумии худ бипардозад.
Бо ин ҳол, шӯрои сардабирии рӯзномаи "Ню-Йурк Тоймз" ва "Ю-Эс-Эй (USA) тудей" сешанбе аз мухолифони тавофуқи диплумотик бо Эрон интиқод карданд.
Шӯрои сардабирии "Ню-Йурк тоймз" дар сармақолаи худ бо ишора ба мухолифатҳои суратгирифта ин суолро аз баъзе аз намояндагони кунгре, Исроил ва Арабистони Саъудӣ пурсидааст, ки чи роҳи ҳалли ҷойгузинеро ироа мекунанд?
Шӯрои сардабирии рӯзномаи "Ю-Эс-Эй (USA) тудей" ҳам навиштааст, ки набояд ба тундравон иҷоза дод гуфтугӯҳои ҳастаиро беасар кунанд.
