Керрӣ: Ба тавофуқ бо Эрон наздик шудем

Вазирони хориҷаи Эрон ва Омрико дар мусоҳибаҳои ҷудогона назароти худро нисбат ба музокироти ахири ҳастаӣ иброз кардаанд.
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ зимни ишора ба музокироти ахири вазирони умури хориҷаи кишварҳои Гурӯҳи 5+1 ва Эрон гуфт, ки музокироти ахири ҳафтаи гузашта дар Женев ба тавофуқ "башиддат наздик шуд", аммо Эрон аз тавофуқ бо тарафи муқобил худдорӣ кард.
Вазири хориҷаи Омрико ҳафтаи гузашта ҳамроҳ бо вазирони умури хориҷаи Бритониё, Фаронса, Чин, Русия ва Олмон ва масъуоли сиёсати хориҷӣ дар Женев бо вазири умури хориҷаи Эрон гуфтугӯҳоеро ба амал овард. Вай гуфт: "Мо дар рӯзи шанбе (ҳафтаи гузашта) дар пешниҳоде, ки дар баробари эрониён қарор додем, ба ваҳдати назар расидем, аммо онҳо (ҳайъати эронӣ) эҳсос карданд, ки бояд баргарданд."
Мушаххас нест, ки оё манзури оқои Керрӣ аз "бозгашти" эрониён тағйири назари ҳайъати эронӣ дар ҷараёни музокирот буда ё аз лузуми муроҷиъаи намояндагони Эрон ба кишварашон ва руҷӯъ ба мақомоти аршадтари Ҷумҳурии Исломӣ барои касби назари онон сухан гуфтааст.
Ҷон Керрӣ зимни таъйиди ин ки байни қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон ҳанӯз ихтилофоти умдае вуҷуд дорад, дар айни ҳол гуфт, ки ҳеҷ як аз ихтилофоти байни ду тараф чунон бузург нест, ки монеъ аз ҳусули тавофуқ шавад.
Вазири хориҷаи Омрико таъкид кард, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд итминон ҳосил кунад, ки Эрон барномаеро барои тавлиди таслиҳоти атумӣ дунбол намекунад.
Дар ҳоле ки Ҷумҳурии Исломӣ бар сулҳомез будани барномаҳои ҳастаии худ таъкид дошта, Шӯрои Амнияти СММ бо тасвиби қатъномаҳое аз Эрон хостааст, то замони ҳусули итминон ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз ғайринизомӣ будани ин барномаҳо, бахшҳое аз фаъъолияти атумии худ, бахусус дар заминаи ғанисозии урониюм ва роҳандозии реоктури оби сангини Арокро ба ҳолати таълиқ дароварад ва барои водор кардани Эрон ба қабули ин хости худ як ришта таҳримҳои байналмилалиро низ вазъ кардааст.
Илова бар ин, бархе кишварҳои ғарбӣ бо муттаҳам кардани Эрон ба талош барои сохтани бумби атумӣ таҳримҳои якҷонибаи сангинеро алайҳи ин кишвар ба иҷро гузоштаанд.
Ҷон Керрӣ дар мусоҳибаи худ ба равобити дуҷонибаи Омрико ва Ҷумҳурии Исломӣ ҳам ишора кард ва гуфт "баррасии ихтлофот замон мебарад" ва афзуд: "Мо сиву панҷ сол аст, ки бо якдигар ҳарф назадаем, аммо зарфи сӣ соъат беш аз сӣ сол қабл аз он бо ҳам ҳарф задем."
Зариф ва хушбинии машрут
Ҳамзамон, Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ҳам дар мусоҳиба бо Шабакаи 2-и телевизиюни Ҷумҳурии Исломӣ назари худро дар мавриди музокироти ҳафтаи гузашта дар Женев иброз доштааст.
Мусоҳибакунанда ба оқои Зариф ёдовар шуд, ки дар ҷараёни ширкат дар иҷлоси Маҷмаъи Умумии Созмони Милал дар Ню-Йурк гуфта буд, ки интизор дорад парвандаи ҳастаӣ зарфи як сол ба натиҷа бирасад ва суол кард, ки оё "бо таваҷҷуҳ ба сахтиҳое, ки дар ҷузъиёт вуҷуд дорад," ҳанӯз ин назарро такрор мекунад?
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: "Муътақидем бояд ин гуна бошад, яъне агар ҳусни нияте вуҷуд дошта бошад, ҳатто ба як сол ҳам ниёзе нест, аммо агар ба дунболи баҳонатарошӣ бошанд, яқинан масир каме тӯлонӣ хоҳад шуд."
Дар посух ба ин суол, ки ба чи далел вазирони хориҷаи Гурӯҳи 5+1 тасмим гирифтанд ба Женев сафар кунанд, оқои Зариф гуфт, ки "онҳо диданд, ки музокирот дар ҳоли ҷиддӣ шудан ва замина барои расидан ба тафоҳум фароҳам шудааст:" Нишасти Женев ба манзури музокираи дурӯзаи ҳайъатҳои намояндагии Эрон ва кишварҳои 5+1 дар сатҳи муъовинон ва мудирони аршади вазорати умури хориҷаи ин кишварҳо барномарезӣ шуда буд, аммо бо ҳузури вазирони хориҷаи ин кишварҳо идома ёфт ва се рӯз ба тӯл анҷомид.
Вазири хориҷаи Эрон гуфт, ки ҳузури вазирони хориҷаи қудратҳои ҷаҳонӣ дар Женев "нишондиҳандаи ин буд, ки ҳамагӣ эҳсос мекарданд, ки пешрафти қобили таваҷҷуҳе фароҳам шуда ва расидан ба тафоҳум наздик аст" ва афзуд, ки аз назари ӯ ҳам пешрафти бисёр хубе ҳамроҳ бо "таъкид бар хоста ва дидгоҳи ҳуқуқи ҳаққи Эрон" ба даст омад.
Вазири хориҷаи Эрон фош нашудани ҷузъиёти музокироти ҳастаиро аломате мусбат донист ва гуфт "инҳо нишонаҳое аз вуруди музокирот ба мароҳили ҷиддӣ аст" ва гузоришҳои расонаӣ дар мавриди муҳтавои муҳокиротро "занну таваҳҳум" тавсиф кард.
Вазири хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки ҳадаф аз музокироти Женев ҳаллу фасли парвандаи ҳастаӣ аст ва ҳалли ихтилоф ва барқарории равобит бо Омрико дар дастури кор нест, талвеҳан ба гузоришҳои ҳокӣ аз нигаронии бархе аз кишварҳои минтақаӣ аз дӯстии муҷаддади Эрон ва Омрико вокуниш нишон дод. Вай гуфт: "Ба онҳо мегӯям, ки беҷиҳат нигарон набошед, чаро ки авлавияти Ҷумҳурии Исломӣ дар сиёсати хориҷӣ, ҳамсоягони Эрон аст."
Вай ҳамчунин дар мавриди бархе изҳороти Ҷон Керрӣ дар сафар ба Имороти мутатҳидаи Арабӣ гуфт, ки "баъзе вақтҳо диплумотҳо мавозеъи мутафовитеро дар баробари суолоти мутафовит барои рафъи нигаронии давлати мизбон матраҳ мекунанд, ки агар як равиш ва рӯйкарди яксон ва мунсаҷиме надошта бошад, боъиси хадша ворид шудан ба эътибори онҳо ва ҳамчунин садама дидани эътимоди мавҷуд дар музокирот мешавад."
Ҷон Керрӣ дар сафар ба Амороти Муттаҳида дар суханоне гуфт, ки кишварҳои Гурӯҳи 5+1 ба мавзеъе воҳид барои ҳалли ихтилоф бо Эрон даст ёфта буданд, аммо эрониён натавонистанд бо пешниҳоди тарафи муқобил мувофиқат кунанд.
Оқои Зариф дар мусоҳиба бо телевизиюни Эрон гуфтааст, ки талоши аъзои 5+1 барои ҳаллу фасли ихтилофи дарунии онҳо бахши умдае аз замони музокироти Женев ба худ ихтисос дод.
Вай дар айни ҳол афзуд: "Ихтилофи назари мо бо 5+1 зиёд аст ва агар ихтилофи назар надоштем, парвандаи ҳастаӣ даҳ сол ба ин шакл идома пайдо намекард; аммо ҳунар дар ин аст, ки мо бо ҳифзи мавозеъ ва усуламон дар талош бошем, то ба тафоҳум бирасем."
