Ҳушдори Ҷон Керрӣ дар бораи ташдиди таҳримҳо

Вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида ба кунгреи Омрико гуфтааст, ки ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон музокирот бо Теҳрон дар бораи барномаи ҳастаиро дар хатари ноком мондан мегузорад.
Ҷон Керрӣ ба кумитаи умури бонкии сено гуфтааст, ки агар ҷаримаҳои иқтисодии бештаре барои нақзи таҳримҳои Эрон вазъ шавад, мумкин аст Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳии бархе аз тарафайни музокироти ҳастаиро аз даст бидиҳад.
Рӯзи чаҳоршанбеи 13 ноябр, кумитаи бонкиии сенои Омрико ин ҷаласаро баргузор кард, то як бастаи таҳримии ҷадидро алайҳи Эрон баррасӣ кунад, аммо ба назар мерасад кунгреи Иёлоти Муттаҳида дар бораи ин иқдом ҳанӯз яксадо нест.
Оқои Керрӣ дар рӯзҳои гузашта ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ ба дастёбӣ ба як тавофуқ "хеле наздик" шуда буданд.
Рӯзи чаҳоршанбе вазири умури хориҷаи Омрико пеш аз ширкат дар ҷаласа бо сенотурҳо ба хабарнигорон гуфт: "Чизе ки мо аз ҳама мехоҳем анҷом диҳанд, ин аст, ки дар оромиш бодиққат нигоҳ кунанд, ки чи метавонем ба даст биёварем ва воқеъиятҳо чи ҳастанд."
Оқои Керрӣ гуфтааст вазъи таҳримҳои бештар алайҳи Эрон "гуфтугӯ бо Эронро, ки беш аз 30 сол тӯл кашида, то даст диҳад, ноком хоҳад гузошт."
Ҷон Керрӣ пештар гуфтааст ихтилофоти байни Эрон ва кишварҳои 5+1 (Омрико, Бритониё, Чин, Русия, Фаронса ва Олмон) дар бораи барномаи ҳастаӣ, ҳеҷ кадом он қадар умда нестанд, ки ҷилави тавофуқро бигиранд.
"Хатари ҷанг"
Кохи Сафед рӯзи гузашта ҳам ба кунгреи Омрико ҳушдор дода буд, ки дар сурати беасар шудани талошҳои диплумотик барои ҳалли муноқишаи атумӣ бо Эрон, танҳо чанд гузинаи маъдуд, аз ҷумла корбурди нерӯи низомӣ пеширӯйи Борок Убомо боқӣ хоҳад монд.
Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, сешанбе гуфт мардуми Омрико тарҷеҳ медиҳанд муноқишаи атумӣ бо Эрон ба сурати мусолиматомез ва ба гунае, ки монеъ аз дастёбии ин кишвар ба силоҳи ҳастаӣ шавад, ба поён бирасад.
Ҷон Керрӣ ҳам қаблан бо тасвиби таҳримҳои тоза алайҳи Эрон мухолифат карда ва онро дар шароити кунунӣ як иштибоҳ дониста буд.
Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки Ҷон Керрӣ муваффақ шуда бошад, ки аз иқдоми кумитаи бонкии сено дар тадвини тарҳи таҳрими Эрон ҷилавгирӣ кунад.
Пеш аз поёни дидор бо Ҷон Керрӣ, сенотури демукрот Рон Ҷонсун, раиси кумитаи бонкии сено, ба хабарнигорон гуфт, ки ҳанӯз дар мавриди оғози раванди ташдиди таҳримҳо тасмиме нагирифтааст.
Шуморе аз сенотурҳои ҷумҳурихоҳи узви кумитаи бонкии сено аз тавзеҳоти оқои Керрӣ дар мавриди музокироти ахири Женев интиқод ва ибрози норизоятӣ кардаанд.
Яке аз мушовирони Тим Ҷонсун қаблан гуфта буд, ки намояндагон пас аз шунидани суханони оқои Керрӣ дар бораи ин тарҳи таҳримҳои тоза тасмимгирӣ хоҳанд кард.
Ин кумита пештар баррасии эъмоли таҳримҳои бештар алайҳи Эронро бо вуҷуди мухолифати баъзе аз сенотурҳои бонуфузи демукрот ва ҷумҳурихоҳ ва ба дархости давлати Омрико ба ақиб андохта буд.
"Гомҳои аҷулона"
Бархе аз аъзои кунгреи Омрико мегӯянд Кохи Сафед дар ин бора қадре аҷулона гом бармедорад.
Дар як ҷаласаи дигар дар кунгре шуморе аз аъзои Маҷлиси намояндагон гуфтаанд, ки Омрико бояд мавзеъи сахттаре дар қиболи Эрон бигирад.
Ад Руйс, аз аъзои ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагони Омрико, дар ин бора гуфтааст: "Ҳукумати Эрон барномаи ҳастаии худро мутаваққиф накардааст. Пас чаро мо бояд талошҳоямон барои таҳрими Эронро мутаваққиф кунем; коре, ки давлат ба хотири он дорад бар кунгре фишор меоварад?"
Пештар шӯрои сардабирии рӯзномаҳои "Ню-йурк Тоймз" ва "Ю-Эс тудей" аз мухолифони тавофуқи диплумотик бо Эрон интиқод карда буданд.
Шӯрои сардабирии рӯзномаҳои "Ню-йурк Тоймз" дар сармақолаи худ бо ишора ба мухолифатҳои суратгирифта ин суолро аз баъзе аз намояндагони кунгре, Исроил ва Арабистони Саъудӣ пурсид, ки чи роҳи ҳалли ҷойгузинеро ироа мекунад.
Шӯрои сардабирии рӯзномаи "Ю-Эс-Эй (USA) тудей" ҳам навиштааст, ки набояд ба тундравон иҷоза дод гуфтугӯҳои ҳастаиро беасар кунанд.
