Чаҳор шарти Фаронса дар музокироти атумӣ бо Эрон

Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳурии Фаронса, ки ба Исроил сафар карда, барои дастёбӣ ба тавофуқи муқаддамотии ҳастаӣ бо Эрон дар музокироти ин ҳафта дар Женеви Суис, чаҳор шарт таъйин кардааст.
Оқои Улонд, ки рӯзи якшанбеи 18 ноябр барои як кунфронси хабарии муштарак бо Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, суҳбат мекард, гуфт: "Ман аз як тавофуқи муқаддамотӣ ҳимоят мекунам, вале (ин тавофуқ) бояд бар асоси чаҳор нукта бошад."
Ӯ гуфт: "Хостаи аввал: Эрон бидуни муъатталӣ тамоми таъсисоти атумии худро таҳти назорати байналмилалӣ қарор диҳад. Нуктаи дувум, ғанисозии урониюми 20 дарсадро мутаваққиф кунад. Севум, захоири урониюми ғанисозишударо коҳиш диҳад. Ва дар ниҳоят, сохти реоктури (оби сангини) Арокро мутаваққиф кунад."
Ин дар ҳолест, ки хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон (ИРНО) ба нақл аз як узви кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлис гуфтааст, ки Эрон таълиқи ғанисозии урониюм ва таътилии ҳеҷ кадом аз сойтҳои атумии худро дар дастури кори худ надорад.
Ба гузориши ИРНО, аъзои кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлис рӯзи якшанбе бо тими музокиракунандаи атумии Эрон дидору гуфтугӯ кардаанд ва мавзеъи Теҳрон дар гуфтугӯҳои баъдӣ ин аст, ки ҳар пешниҳоде дар бораи таътилии марокизи ҳастаӣ, таътилии ғанисозии урониюм ва хуруҷи маводди тавлидшуда аз кишвар мавриди қабули Эрон нахоҳад буд ва дар баёнияи поёнии эҳтимолӣ нахоҳад омад.
Даври тозаи музокироти Эрон ва қудратҳои бузург рӯзи чаҳоршанбеи ин ҳафта дар Женев баргузор хоҳад шуд.
Дар остонаи ин музокирот таҳаррукоти диплумотик ва расонаии Исроил алайҳи тавофуқи эҳтимолӣ башиддат афзоиш ёфтааст.
Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, якшанбе дар маросими истиқбол аз раиси ҷумҳури Фаронса гуфта оқои Улонд ба далели мухолифаташ бо барномаи ҳастаии кунунии Эрон "дӯсти воқеъии" Исроил аст.
Ӯ гуфт: "Фаронса монанди Исроил орзуи Ховари Миёнае босубот ва муътадилро дорад, ки дар он ҳама мардум дар сулҳ, амният ва эҳтироми муқобил дар канори якдигар зиндагӣ кунанд."
Фронсуо Улонд барои сафаре серӯза ба Исроил рафтааст.
Ӯ гуфтааст: "То мавқеъе ки мутмаъин нашавем Эрон тасмим гирифтааст, ки барномаи сохти ҷангафзори ҳастаии худро таътил кунад, ҳама таҳримҳо ва таъқиби мутолиботи худро идома медиҳем."
Эрон барномаи атумии худро сулҳомез медонад, аммо мегӯяд омода аст, ки барои рафъи нигарониҳои байналмилалӣ гомҳои амалӣ бардорад.
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, рӯзи якшанбе гуфт, ки гуфтугӯҳои атумӣ ба марҳилаи "бисёр ҳассосе" расидааст.
Оқои Зариф дар мусоҳиба бо хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНО) таъкид кард, ки Эрон таълиқи куллии ғанисозии урониюмро хатти қирмиз медонад ва аз он убур нахоҳад кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар айни ҳол дар бораи ояндаи музокироти ҳастаӣ ибрози хушбинӣ кардааст.
Ӯ гуфт: "Муътақидам дар бораи ҳадафи муштарак ва тасвири ниҳоӣ ихтилофи ҷиддӣ вуҷуд надорад. Лозим аст ин иқдомотро дар маҷмуъае таъриф ва тадвин кунем. Фикр мекунам дар қолаби гуфтугӯҳое, ки анҷом шудааст, имкони расидан бар як тарҳи мудавван вуҷуд дорад."
Исроил аз тавофуқи эҳтимолӣ миёни Эрон ва қудратҳои ғарбӣ хашмгин шуда ва онро "иштибоҳе таърихӣ" медонад, аммо муттаҳидони ғарбии Исроил, бавижа Омрико, таъкид кардаанд, ки нигарониҳои Исроил дар бораи барномаи ҳастаии Эронро фаромӯш намекунанд ва онро дар музокирот мадди назар доранд.
