Таъкиди Фаронса бар лузуми тадовуми таҳримҳо алайҳи Эрон

  • 17 Ноябр, 2013
Бинёмин Нетонёҳу ва Фронсуо Улонд

Фронсуо Улонд, раиси ҷумҳури Фаронса бо вурӯд ба Тел-Овив, пойтахти Исроил эълом кард Фаронса густариши ҷангафзори ҳастаиро таҳаммул нахоҳад кард.

Оқои Улонд гуфт: "То мавқеъе ки мутмаин нашавем Эрон тасмим гирифтааст, ки барномаи сохти ҷангафзори ҳастаии худро таътил кунад, ҳамаи таҳримҳо ва таъқиби мутолиботи худро идома медиҳем."

Ӯ аз имрӯз якшанбеи 18 ноябри (26 обон) барои сафаре серӯза ба Исроил рафтааст. Сафари оқои Улонд ба Исроил дар остонаи даври дигаре аз музокироти ҳастаӣ миёни Эрон ва гурӯҳи 5+1 анҷом мегирад.

Дар даври қаблии гуфтугӯҳо дар Женев тарафайн ба тавофуқе нарасиданд ва Эрон эълом кард мавзеъгирии Фаронса монеъ аз дастёбӣ ба тавофуқ будааст.

Дидор бо Шимун Перез ва Бинёмин Нетонёҳу, раиси ҷумҳур ва нахуствазири Исроил бахше аз барномаи сафари оқои Улонд ба Исроил аст. Ҳам Шимун Перез ва ҳам Бинёмин Нетонёҳу аз Фаронса хостаанд, ки дар музокира бо Эрон бар мавзеъи худ дар даври қаблии гуфтугӯҳо пофишорӣ кунад.

Исроил аз тавофуқи эҳтимолии миёни Эрон ва қудратҳои ғарбӣ хашмгин шуда ва онро "иштибоҳе торихӣ" хондааст. Аммо муттаҳидони ғарбии Исроил , бавижа Омрико таъкид кардаанд, ки нигарониҳои Исроил дар бораи барномаи ҳастаии Эронро фаромӯш намекунанд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико низ рӯзи ҷумъа ба Исроил сафар хоҳад кард, то дар бораи ҷузъиёти тавофуқи миёни Эрон ва 5+1 бо мақомҳои исроилӣ гуфтугӯ кунад. Оқои Керрӣ пештар дар вокуниш ба интиқодоти исроилиҳо аз раванди музокирот гуфт: "Мо дар музокирот бо Эрон кӯр ё аҳмақ нестем."

Яке аз раҳбарони аршади ҷунбиши Ҳамос, ки кунтрули Ғаззаро дар ихтиёр дорад, сафари Фронсуо Улонд ба Исроилро маҳкум карда ва гуфтааст ӯ бо ҳимоят аз Исроил ҳуқуқи фаластиниёнро нодида хоҳад гирифт.

Гуфтугӯ дар бораи музокироти Исроил ва Фаластин, ҳузур дар оромгоҳи ёсири Арафот ва оромгоҳи Тиудур Ҳертзел бахшҳои дигаре аз сафари оқои Улонд ва ҳайати ҳамроҳи ӯ хоҳанд буд.

Матолиби муртабит