Дархости Убомо аз кунгре: Таъхир дар таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, аз кунгреи ин кишвар хост, то феълан таҳримҳои тозае алайҳи Эрон вазъ накунанд.
Ин дархости оқои Убомо дар рӯзе матраҳ мешавад, ки Ожонси Байналмилалиии Энержии Атумӣ дар гузориши фаслии худ навишта аз замони рӯйи кор омадани давлати Ҳасани Рӯҳонӣ Эрон барномаи ҳастаиашро тавсиъа надодааст.
Нозирон ин иқдоми Эронро талоше барои эътимодсозӣ барои Ғарб тавсиф мекунанд.
Оқои Убомо ҳамчунин хитоб ба кунгре гуфт, ки агар мехоҳанд муноқишаи атумии Эрон сулҳомез ҳал шавад, беҳтар аст, ки таҳримҳои ҷадиде алайҳи Эрон вазъ накунанд.
Раиси ҷумҳурии Омрико ҳадаф аз вазъи таҳримҳоро "кашондани Эрон ба пойи мизи музокира унвон кард", то ба гуфтаи ӯ ин муноқиша "ба таври мусолиматомез ҳал шавад."
Ӯ гуфт ин роҳе аст, ки ӯ тарҷеҳ медиҳад: "Чаро ки даргирии низомӣ ҳазина дорад ва беҳтарин роҳ барои итминон аз ин ки кишваре силоҳи ҳастаӣ тавлид накунад, ин аст, ки худи кишвар тасмим ба чунин коре бигирад ва мо дар мавқеъияте ҳастем, ки метавонем ин масъаларо мавриди таъйид қарор бидиҳем."
Давлати Омрико саъй дорад, ки қонунгузоронро агар шуда, барои муддате кӯтоҳ аз талош барои вазъи таҳримҳои бештар мунсариф кунад.
Озод кардани дороиҳо
Аз ҷумлаи иқдомоти давлат ин буд, ки рӯзи чаҳоршанбе вазири хориҷаро ба кунгре бифиристад.
Ҷон Керрӣ ба кунгре ҳушдор дод, ки ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон музокирот бо Теҳрон дар бораи барномаи ҳастаиро дар хатари ноком мондан мегузорад.
Оқои Керрӣ ҳамчунин гуфт, ки таҳримҳои тоза метавонад боъиси ҷудо шудани ҳамроҳии иддае аз тарафайни музокира шавад.
Рӯзи панҷшанбе ҳам оқои Керрӣ дар гуфтугӯе бо як шабакаи телевизиюнии Омрико саъй кард нигарониҳои намояндагони кунгреро рафъ кунад.
Оқои Керрӣ ба телевизиюни Эм-эн-би-сӣ гуфт: "Беш аз 95 дарсади таҳримҳо алайҳи Эрон ба қуввати худ боқӣ хоҳад монд."
Он чи ки аз таҳримҳо бардошта мешавад, ба гуфтаи оқои Керрӣ, "фақат озод кардани бахши ночизе аз 45 милёрд дулор дороии масдудшудаи Эрон дар ҳисобҳои бонкии кишварҳои мухталиф аст."
Ин нахустин бор аст, ки давлати Омрико озод кардани дороиҳои масдудшудаи Эронро матраҳ кардааст.
"Гузинаи низомии пурдардисар"
Раиси ҷумҳурии Омрико дар суҳбат бо хабарнигорон дар рӯзи панҷшанбе, ҳамчунин гуфт, ки метавон аз фурсати бадастомада истифода кард ва дид Эрон чи қадар дар раванди сулҳ ҷиддӣ аст.
Оқои Убомо ҳамчунин саъй кард илова бар эъломи назараш дар бораи хушбинӣ ба музокирот, аз бадиҳои ҷанг ҳам бигӯяд.
Раиси ҷумҳурии Омрико гуфт муҳим нест артиши ин кишвар чи қадар "хуб" бошад. Ҷанг дар назари ӯ ҳамеша гузинаи "пурдардисар", "мушкил" ва пур аз иттифоқҳои "пешбининашуда" аст.
Оқои Убомо гуфт: "Мо ҳеҷ гоҳ бо ҷанг кардан мутмаин намешавем, ки онҳо дар оянда бо ҷиддияти бештар ба дунболи дастёбӣ ба бумби атумӣ намераванд."
Ӯ гуфт: "Ба роҳи ҳаллҳои диплумотик эътиқод дорем набояд дубора таҳримҳои ҷадид вазъ кунем. Таҳримҳои мавҷуд онҳо (Эрон)-ро пойи мизи музокира овардааст."
Эрон аммо мегӯяд, ки фишори таҳримҳо боъис нашуда, ки ин кишвар рӯйкарди ҷадиде дар музокирот дошта бошад.
Мақомҳои Эрон мегӯянд, ки тағйири равия ба далели иваз шудани давлат будааст.
