Рӯҳонӣ: Ғанисозӣ дар хоки Эрон хатти қирмиз аст

  • 10 Ноябр, 2013
Ҳасани Рӯҳонӣ
Image caption Оқои Рӯҳонӣ гуфт: Фақат миллати Эрон нест, ки аз таҳримҳо зарар мекунад, таҳримкунандагон низ зарар мекунанд

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон гуфт, ки давлати ӯ дар музокироти ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ бар ҳифзи "ҳуқуқи ҳастаӣ дар чорчӯби муқаррароти байналмилалӣ ва ғанисозӣ дар хоки Эрон" пофишорӣ мекунад ва дар баробари фишор таслим нахоҳад шуд.

Оқои Рӯҳонӣ имрӯз якшанбеи 19 обон (10 ноябр) дар ҷаласаи баррасии салоҳияти вазири пешниҳодии варзиш ва ҷавонон дар саҳни алании маҷлиси Эрон гуфт : "Қудратҳои бузург чорчӯби тарҳи Эронро пазируфтаанд. Албатта ин тарҳ се бахш дорад, ки муқаддамаи он аҳдофро баён мекунад, қисмати поёнӣ шароити Эронро дар ин давраи гузор табйин мекунад ва давраи васат ҳам чанд марҳала хоҳад дошт, ки феълан баҳс бар сари марҳалаи аввал ва иҷрои он аст".

Ӯ таъкид кард, ки ба тарафҳои музокира гуфта шудааст, ки Эрон ба "таҳдид, таҳрим, таҳқир ва табъиз" ҷавоб нахоҳад дод ва дар муқобили ҳеч қудрате" сари таъзим фуруд намеоварад".

Раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ки он кишвар бо "ақлоният ва мантиқ" музокира мекунад ва дар ҷараёни музокирот ба ҳимояти маҷлис ва раҳбари Эрон ниёзманд аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон дишаб ва пас аз се рӯзи музокираи фишурда бо теъдоде аз ҳамтоёни худ аз гурӯҳи 5+1 дар Женев гуфт, ки даври баъдии музокирот ҳудуди даҳ рӯзи дигар баргузор мешавад ва ба натиҷаи он умедвор аст.

Вазирони умури хориҷаи Омрико ва Бритониё ҳам бо ишора ба "пешрафти хуби" музокирот бо Эрон бар боқӣ будани ихтилофоти миёни ду тараф таъкид карданд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико гуфт, ки расидан ба роҳи ҳалро дастёфтанӣ медонад.

Ин дар ҳоле аст ки мақомоти исроилӣ башиддат ба чашмандози тавофуқи миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ вокуниш нишон додаанд.

Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил гуфт, ки агар шунидаҳояш дуруст бошад, Эрон дар остонаи даст ёфтан ба "тавафуқи қарн" аст. Ӯ гуфт, ки ҷомеъаи байналмилалӣ муъомилаи баде кардааст ва Исроил ба ин тавофуқи эҳтимолӣ пойбанд нахоҳад монд.

Оқои Рӯҳонӣ бидуни ишораи мустақим ба изҳороти оқои Нетонёҳу гуфт, ки "ишғолгарон ба табу тоб афтодаанд ва ҷангталабон аз сайри таъомул дар ҷаҳон ҳаросидаанд".

Вазири иқтисоди Исроил имрӯз гуфтааст, ки кишвараш барои ҷилавгирӣ аз даст ёфтани Эрон ва Ғарб дар музокироти оянда бо намояндагони кунгреи Омрико луббӣ хоҳад кард.

Матолиби муртабит