Аҳмадинажод Рӯҳониро ба мунозира даъват кард

  • 3 Декабр, 2013
Маҳмуди Аҳмадинажод
Image caption Оқои Аҳмадинажод қарор буд ҳафтаи пеш дар додгоҳ ҳозир шавад

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури феълиро ба мунозира даъват кардааст.

Оқои Аҳмадинажод имрӯз сешанбе, 12 озар (савуми декабр) дар номае ба Ҳасани Рӯҳонӣ ин мавзуъро матраҳ кардааст.

Акбари Туркон, мушовири олии Ҳасани Рӯҳонӣ дар посух ба ин даъват гуфтааст: "Аз мунозира истиқбол мекунем, аммо шарти мунозира он аст ки раиси давлати даҳум шарти ростгӯиро риъоят кунад."

Оқои Туркон дар айни ҳол афзуда: "Ҳасани Рӯҳонӣ ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар як сатҳ қарор надоранд, ки бихоҳанд бо ҳам мунозира кунанд."

Раиси ҷумҳури пешини Эрон далели даъвати оқои Рӯҳонӣ ба мунозираро гуфтаҳои ҳафтаи пеши раиси ҷумҳур дар гузориши сад рӯзи аввали раёсати ҷумҳуриаш эълом карда, ки аз телевизиюни Эрон пахш шуд.

Оқои Аҳмадинажод ин гузоришро "бар пояи интисоби ановини ғайримунсифона ва бепоя ба давлатҳои нуҳум ва даҳум" тавсиф карда ва гуфта "ба иқтизои масолеҳи кишвар бано бар сукут дошта ва дорам, локин ба эҳтироми тақозои бешумори гурӯҳҳои мухталифи мардум ва аз ҷумла соҳибназарони сиёсӣ ва иқтисодӣ" оқои Рӯҳониро ба мунозира даъват кардааст.

Маҳмуди Аҳмадинажод дар номааш ба оқои Рӯҳонӣ ӯро "ҷаноби ҳуҷҷатулислом валмуслимин оқои Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси муҳтарами ҷумҳурии исломии Эрон" мавриди хитоб қарор дода ва дар поён номаи худро бо унвони "ходими миллати Эрон" ба поён бурдааст.

Мунозираи "сареҳ" ва "дӯстона"

Дар номаи Маҳмуди Аҳмадинажод хитоб ба раиси ҷумҳур омада "лозим дидам, ки аз ҷаноби олӣ даъват намоям то дар фазое комилан дӯстона ва самимона дар мунозирае сареҳ, усулӣ ва рӯшангар дар манзари афкори умумӣ ибҳомотро рафъ ва ҳақоиқи нобро он тур, ки ҳаст мавриди тасдиқ ва таъкид қарор диҳем."

Даъвати Маҳмуди Аҳмадинажод аз Ҳасани Рӯҳонӣ як ҳафта пас аз замоне сурат мегирад, ки оқои Аҳмадинажод ба ҷаласаи додгоҳӣ, ки аз моҳҳо пеш ба он эҳзор шуда буд, нарафт.

Як мақоми маҷлиси Эрон гуфтааст, ки дар сурати ғайбати ғайримуваҷҷаҳи оқои Аҳмадинажод аз ҷаласаи додгоҳ, боздошт мешавад.

Оқои Аҳмадинажод дар ин нома бидуни ном бурдан аз Исфандиёр Раҳими Машоӣ, наздиктарин ҳампаймони худ, ки салоҳияти ӯ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рад шуд, навиштааст: "Дар шароите, ки давлати даҳум дар фуқдони намояндае аз худ дар рақобат интихоботӣ" буд "ба вазифаи шаръӣ ва қонунии худ дар сиёнат аз орои мардум амал кард ва бо баргузории интихоботе қонунӣ ва солим зарфияти болои худро ба зуҳур расонд."

Оқои Аҳмадинажод ҳашт сол раиси ҷумҳури Эрон буд.

Image caption Сиёсатҳои давлати Маҳмуди Аҳмадинажод бо ҳимояти камсобиқаи раҳбари Эрон ҳамроҳ буд

Дар даври аввали раёсати ҷумҳурии ӯ Меҳдии Каррӯбӣ ва Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ рақибони ӯ дар саломати интихобот тардид карданд ва оқои Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар номае навишт, ки шикояти худро бо худо дар миён мегузорад.

Даври дувуми раёсати ҷумҳурии ӯ ҳам дар соли 1388 (2009) дар шароите оғоз шуд, ки эътирозоти бесобиқа ба натоиҷи эъломшудаи интихобот то моҳҳо баъд идома дошт.

Мирҳусайни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ, ду номзади рақиби оқои Аҳмадинажод дар интихоботи соли 1388 (2009), ки раҳбарии муътаризонро бар уҳда доштанд, наздик ба се сол аст ки дар ҳабси хонагӣ қарор доранд.

Матолиби муртабит