Аҳмадинажод: Ба шумо чи рабте дорад чи касе биёяд ё наёяд

  • 11 Апрел, 2013
Image caption Аҳмадинажод дар сафар ба Симнон Раҳиммашоъиро низ бо худ бурда, ки аз вай ба унвони номзади раёсати ҷумҳурӣ ном бурда мешавад

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, ки ба Симнон сафар карда, гуфтааст, ки "Як идда мегӯянд, ки назари раҳбарӣ ин аст, ки ин шахс биёяд ва ин шахс наёяд, ба шумо чи марбут аст? Ин мардум ҳастанд, ки бояд тасмим бигиранд ҳама салоиқ бояд биёянд."

Оқои Аҳмадинажод ба нақл аз Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон гуфтааст, ки "ҳама касоне ки салоҳият доранд, бояд биёянд ва миллат интихоб кунанд" ва изофа карда, ки "бархе бояд муроқиб бошанд, ки суханоне нагӯянд, ки мардумро беангеза ва ё маъюс кунанд."

Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Эрон ба "лиҳози сиёсӣ ҳузури мардум давои мушкилоти имрӯзи кишвар аст ва як мушорикати густарда ва наздик ба 50 милюн метавонад ҳамаи муъомилоти дохилӣ ва байналмилалиро бар ҳам бизанад."

Бо таваҷҷуҳ ба эътирозоти пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1388, ҳаводорони Оятуллоҳ Хоминаӣ нигарониҳое дар бораи интихоботи пеши рӯ доранд.

Онон аз сӯе норизоятии худро аз фаъъолияти эҳтимолии ислоҳталабон дар интихобот матраҳ кардаанд ва аз сӯйи дигар дар бораи эҷоди таниш аз тарафи наздикони Маҳмуди Аҳимадинажод ибрози нигаронӣ кардаанд. Бавижа онҳо дар бораи номзадии эҳтимолии Исфандиёри Раҳиммашоъӣ, раиси дафтари пешини оқои Аҳмадинажод, ҳушдор медиҳанд.

Оқои Аҳмадинажод дар моҳҳои гузашта борҳо нисбат ба эҳтимоли эъмоли салиқаи бахшҳое аз ниҳодҳои ҳукуматӣ дар интихобот ҳушдор додааст.

Мавозеъи ӯ ба нигарониҳое дар миёни ҳаводорони оқои Хоминаӣ анҷомид то ҷое, ки яке аз фармондеҳони Сипоҳи Посдорон дар бораи эҳтимоли адами баргузории интихобот тавассути давлат ҳушдор дода буд.

Сартип Муҳаммадалии Осудӣ, муъовини фарҳангӣ ва таблиғоти Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, ахиран гуфтааст, ки "фитнае амиқтар ва густардатар аз фитнаи 1388 дар пеш дорем ва фитнаҳо дар интихоботи 92 қабл аз интихобот аст. Ба шакле, ки бархе мегӯянд инчунин нашавад, интихоботро баргузор намекунанд ва онро таҳрим мекунанд."

Оқои Аҳмадинажод дар суханони имрӯзи худ дар Симнон дубора таъкид карда, ки "мабодо иддае ин тараф пайдо шаванд ва худро молики кишвар ва оқоболосари мардум бидонанд ва бихоҳанд ба ҷойи онҳо тасмим бигиранд."

Ёздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон наздик ба ду моҳи дигар, яне 26-и хурдодмоҳ баргузор мешавад, вале ҳанӯз номзадҳои аслии интихобот мушаххас нашудааст.

"Ҷанги тамом айёри таҳрим"

Оқои Аҳмадинажод таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эронро "як ҷанги тамом айёр ва эъломнашуда" тавсиф карда ва гуфтааст "мо бояд мудели иқтисодимонро тағйир диҳем, чаро ки мудели иқтисодии мо ба гунае аст, ки душман метавонад рӯйи он асар бигзорад."

Дар як соли гузашта шиддат гирифтани таҳримҳои хориҷӣ алайҳи барномаҳои ҳастаии Эрон, боъиси коҳиши қобили таваҷҷуҳ дар фурӯши нафт ва мушкилоте умда дар роҳи дарёфти авоъиди арзии ҳосила аз содирот шудааст.

Ин вазъият ба камбуди шадиди арзӣ дар дохил, суқути арзиши пули миллӣ дар баробари арзи хориҷӣ ва таварруми камсобиқа дар Эрон мунҷар шудааст. Иҷрои қонуни ҳадафманд кардани ёронаҳо ҳам ба далели афзоиши баҳои ақломи асосӣ ва тавзеъи пули нақд ба унвони яке дигар аз авомили аслии ташдиди таваррум будааст.

Оқои Аҳмадинажод аз касоне интиқод карда, ки ба гуфтаи вай аз рӯзи аввал дар муқобили барномаи ҳазфи ёронаҳо фишор оварданд ва мушкилоти таҳримҳоро ба иҷрои тарҳи ҳадафмандии ёронаҳо нисбат доданд.

Ба гуфтаи вай мухолифони идомаи иҷрои тарҳи ёронаҳо мегӯянд, ки ин "тарҳ шикаст хӯрда ва ба зарари миллати Эрон будааст" ва вақте мехоҳем онро иҷро кунем, "аз тарафе мегӯянд, ки бад буда ва аз ин тараф мегӯянд, ки таблиғотӣ будааст."

Матолиби муртабит