Аҳмадинажод дастгоҳи ҷарроҳии ҳушманд ба Путин ҳадя дод

Расонаҳои Эрон мегӯянд Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури ин кишар, дар ҷараёни сафар ба Русия "Сомонаи роҳбарии ҳушманд (навигейшн)" ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳадя додааст.
Оқои Аҳмадинажод душанбеи ҳафтаи ҷорӣ барои ширкат дар маҷмаъи содиркунандагони гоз ба Маскав, пойтахти Русия, сафар карда буд.
Бар асоси гузоришҳо, оқои Аҳмадинажод дар ҷараёни дидор бо Владимир Путин ин сомонаро ба унвони "ҳадяи фановарона аз сӯйи Ҷумҳурии Исломии Эрон" ба кишвари Русия эҳдо кард.
"Ҳадяи фановарона"
ИСНО, хабаргузории донишҷӯёни Эрон мегӯяд тарроҳӣ ва сохти ин дастгоҳ тавассути мутахассисони эронӣ анҷом шуда ва фановарии он фақат дар маъдуде аз кишварҳои пешрафта монанди Омрико ва Олмон вуҷуд дорад.
Бинобар ин гузориш ин сомона имкони анҷоми эъмоли ҷарроҳии печида дар ҳавзаҳои мағзу аъсоб, гӯшу ҳалқ ва биниву сутуни фақаротро бо камтарин хато барои ҷарроҳ фароҳам мекунад ва ҳамчунин ба унвони як сомонаи маконёб дар ҳинни ҷарроҳии ёридиҳандаи ҷарроҳ бо диққати якмилиметрӣ аст.
ИСНО, хабаргузории донишҷӯёни Эрон, мегӯяд "ҳадоёи фановарона" дар ростои "Диплусомии илм ва фановарӣ" аз соли 1389 дар сафарҳои хориҷии оқои Аҳмадинажод оғоз шуд.
Раиси ҷумҳури Эрон то кунун дар сафарҳои худ ба Бразил, Венезуэло, Буливӣ, Сурия, Туркия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қатар, Туркманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Покистон, Ниҷерия ва Молӣ ҳадоёи мушобеҳе ба ин кишварҳо эҳдо кардааст.
