Гузориши шикоят аз Аҳмадинажод омодаи қироъат дар саҳни маҷлис аст

  • 27 Май, 2013
Image caption Намояндагони маҷлис ба теъдоди зиёди ҳамроҳон ва аъзои хонавода дар сафари оқои Аҳмадинажод ба Ню-Йурк эътироз доштанд

Ба гуфтаи раиси кумиссиюни асли навади маҷлис гузориши шикояти нодири Қозипур ба ин кумиссиюн дар эътироз ба сафари соли гузаштаи Маҳмуди Аҳмадинажод ба Ню-Йурк бо 125 ҳамроҳ, омодаи қироъат дар саҳни маҷлис аст ва дар сурате, ки тахаллуфе ташхис дода шавад, ба қувваи қазоия ирҷоъ хоҳад шуд.

Ин сафар шаҳривари моҳи гузашта ва барои ширкат дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милал анҷом гирифт.

Ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Пурмухтор оқои Қозипур ба сафари раиси ҷумҳур бо 125 ҳамроҳ муътариз буд аз рӯ ба ин кумиссиюн шикоят кард: "Ба ҷуз ҳазинаи ҳавопаймо, ҳазинаи ҳар утоқ, ки дар ҳутели маҳалли иқомати раиси ҷумҳур дар ихтиёри ҳамроҳонаш қарор гирифт, шабе аз 400 то 700 дулор буд."

"Бисёре аз ҳамроҳон хонавода ва ақвоми масъулони давлатӣ буданд."

Оқои Пурмухтор гуфт посухи давлат ба кумиссиюн дар бораи далели ҳамроҳии 125 нафар аз афроде, ки зарурате ба ҳамроҳии онҳо набуда, қонеъкунанда набуд ва посухҳо куллӣ буд.

Раиси кумиссиюн дар номае, ки ба оқои Қозипур навишта, оварда муъовинати умури маҷлиси раёсати ҷумҳурӣ дар ирсоли иттилоъоти мавриди ниёз ҳамкории лозимро анҷом надода, бо ин ҳол баррасиҳо нишон медиҳад дар миёни ҳайъати эъзомӣ "14 нафар аз бастагон ва аъзои хонаводаи раиси ҷумҳур, муъовинин ва дигарон мудирони аршад" будаанд.

"Сафари афроди ғайримасъул дар ҳайъати эъзомӣ зарурат надошта ва ҳузури ҳамсарон ва аъзои хонаводаи онон фоқиди тавҷеҳ мебошад."

Дар поёни ин нома омада дар замоне ки "маҳдудияти арзӣ дорем ва мардум ба лиҳози маъишатӣ дар мазиқа (душворӣ) ба сар мебаранд ва баҳси таҳриму таваррум" матраҳ аст, таҳмили ҳазинаҳои калони арзӣ ва ғайризарурӣ "коре ғайриодилона ва таҳмили фишори миллии сангин бар мардум аст ва бо шиъори адолат ва меҳрварзии давлат мунофот дорад (мухолиф аст).

Бархилофи сафарҳои гузашта дар ин сафар ҳеҷ як аз намояндагони маҷлис раиси ҷумҳуриро ҳамроҳӣ накарданд.

Матолиби муртабит