Аҳмадинажод ба додгоҳ эҳзор шуд

  • 17 Июн, 2013
додгоҳи Эрон
Image caption Ба навиштаи пойгоҳи итилоърасонии давлат "пеш аз ин низ эҳзорияҳое барои раиси ҷумҳур ирсол шудааст"

Шуъбаи 74 додгоҳи кайфарии устони Теҳрон Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси давлати даҳуми Эронро ба додгоҳ эҳзор кард.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии давлат Алии Лориҷонӣ, раиси қувваи муқаннана ва Муҳаммадалии Пурмухтор, раиси кумиссиюни асли 90 маҷлис аз ҷумлаи шокиёне ҳастанд, ки оқои Аҳмадинажод бар мабнои шикояти онҳо ба додгоҳ эҳзор шудааст.

Пойгоҳи итилоърасонии давлат навишта, ки мавзуъи иттиҳомоти матраҳ алайҳи раиси ҷумҳур дар эҳзория (повестка) мушаххас нашуда ва ёдоварӣ карда, ки "тибқи қонуни асосӣ афроди оддӣ ҳам бояд аз иттиҳоми худ огоҳ бошанд".

Ин сойт афзудааст: "Ирсоли эҳзорияи додгоҳи кайфарии устони Теҳрон дар ҳоле анҷом шуда, ки ҳеҷ таҳқиқи муқаддамотӣ сурат нагирифта ва аз асоси моҳияти шикоят ва далоили он маълум нест."

Торихи расидагӣ ба шикоят аз раиси ҷумҳур 5 озари соли 1392 (26 ноябри соли 2013) таъин шуда, ки ҳудуди 6 моҳ баъд аз иблоғи он ва 4 моҳ пас аз поёни давраи раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод аст.

Ба навиштаи пойгоҳи итилоърасонии давлат "пеш аз ин низ эҳзорияҳое барои раиси ҷумҳур ирсол шудааст".

Матолиби муртабит