Эътироз ба Аҳмадинажод дар Табрез

  • 28 Апрел, 2013

Гурӯҳе аз мӯътаризон бо унвони "Молбохтагони сандуқи қарзулҳасанаи Наср" дар ҷараёни сафари Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ба Табрез ҷилави худрави ӯро сад карданд ва нисбат ба адами расидагӣ ба вазъияти худ эътироз карданд.

Сойти хабарии Стокнюз навиштааст, ки яке аз мӯътаризон рӯйи худрави раиси ҷумҳур рафта ва барои лаҳзае бо оқои Аҳмадинажод "гиловез" шудааст. Дастикам як шоҳиди айнӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин саҳнаро ба чашм дидааст.

Супурдагузорони (вкладчики) сандуқи Наср пештар бо таҳассун дар муқобили сохтмони устондории Озарбойҷони Шарқӣ хоҳони расидагӣ ба шикояти худ шуда буданд.

Дар ҳангоми суханронии оқои Аҳмадинажод дар варзишгоҳи Тахтии Табрез ҳам гурӯҳе аз мӯътаризон бо плокорди эътирозии худ ҳозир буданд, ки оқои Аҳмадинажод ба онҳо ваъдаи расидагӣ дод.

Ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНО) ӯ гуфт: "Иншоолоҳ имрӯз дар ҷаласаи ҳайати давлат бо ҳузури раиси кулли бонки марказӣ ин мавзӯъро баррасӣ мекунем ва умедворем як роҳи ҳалле пайдо кунем то мардуме, ки пул гузоштанд, зарар накунанд ва мушкили онҳо ҳал шавад."

Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда муассисаи Наср, ки воми қарзулҳасана бо кормуздҳои 2 то 4 дарсад ва дар бархе аз маворид бидуни кормузд дар қолаби тасҳилоти қарзулҳасанаи маскан ва худрав ва тасҳилоти баландмуддат эъто мекарда, варшикаста шудааст.

Дифоъ аз амалкарди давлат

Раиси ҷумҳури Эрон, ки амалкарди иқтисодии давлати ӯ ахиран ба шиддат мавриди интиқод қарор гирифтааст, имрӯз ба бахше аз ин интиқодот посух дод.

Ӯ гуфт: "Бархе дар талошанд то оромиши бозорро барҳам бизананд, умедворам шароите фароҳам шавад, ки қабл аз поёни давлат ба мардум бигӯям чӣ гузашт ва чӣ кор анҷом шудааст".

Оқои Аҳмадинажод бо ишора ба ин ки Эрон барои фурӯши нафти кишвар бо маҳдудиятҳо мувоҷеҳ шудааст, гуфт: "Имрӯз нафт камтар мехаранд ва пули онро сахт медиҳанд ва ҷобаҷо кардани пул низ сахт шудааст, албата роҳ бар миллати Эрон баста нашудааст ва мо ба ҳар шакли мумкин барои рафъи ниёзҳои пояи кишвар нафтро мефурӯшем ва бо пули он коло низ хоҳад омад."

Имомҷумъаи Табрез ба истиқбол наомад

Бар асоси гузориши манобеъи хабарии Эрон имоми намози ҷумъаи Табрез дар маросими истиқбол аз Маҳмуди Аҳмадинажод ҳозир нашуд.

Мутобиқи суннат дар ҷараёни сафарҳои дохилии раиси ҷумҳури Эрон ба шаҳрҳои мухталиф имоми ҷумъа ва намояндаи валии фақеҳ ва болотарин мақомҳоии маҳаллӣ ба истиқболи ӯ мераванд ва дар ҷараёни суханрониҳои умумӣ ӯро ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар сафари ахири оқои Аҳмадинажод ба устони Исфаҳон ҳам имоми ҷумъаи ин шаҳр ба истиқболи ӯ наёмад.

Дар ҳафтаҳои ахир интиқоди мақомҳои ҳукуматӣ аз Маҳмуди Аҳмадинажод ба шакли малмусе афзоиш ёфтааст.

Мунтақидон давлати оқои Аҳмадинажодро нокоромад медонанд ва мегӯянд, ки давлат дар ироаи омор ва тавсифи шароити кишвар иттилоъоти хилофи воқеъ медиҳад.

Матолиби муртабит