Мақоми маҷлиси Эрон: Маҳмуди Аҳмадинажод боздошт мешавад

Як мақоми Маҷлиси шӯрои исломии Эрон эҳтимоли боздошти раиси ҷумҳурии собиқро матраҳ кардааст.
Рӯзи чаҳоршанбеи 27 ноябр "Хонаи миллат", пойгоҳи иттилоърасонии маҷлис, ба нақл аз Муҷтабо Малик Афзалӣ, мудири умури коршиносии маҷлис, гузориш кард, ки худдории Маҳмуди Аҳмадинажод аз ҳузур дар ҷаласаи додгоҳи расидагӣ ба иттиҳомот метавонад ба судури ҳукми боздошти раиси ҷумҳурии собиқ мунҷар шавад.
Қарор буд оқои Аҳмадинажод рӯзи гузашта барои адои тавзеҳот дар бораи шикояти маҷлис аз ӯ дар ҷаласаи муқаддамотии шуъбаи 76-и додгоҳи кайфарии устони Теҳрон ҳузур ёбанд, аммо гузориш шуд, ки додгоҳ бидуни ҳузури вай ташкил шудааст.
Мудири кулли умури коршиносии маҷлис бо ишора ба моҷарои рӯзи гузашта гуфтааст, ки ғайбати муттаҳами парвандаи кайфарӣ дар ҷаласаи додгоҳ дар сурати вуқӯъи ҳаводиси ғайримутарақиба монанди адами дастрасӣ ба додгоҳ, беморӣ, фавти ҳамсар, адами имкони рафту омад ба далели ҳаводиси қаҳрӣ ё тавқиф, муваҷҷаҳ талаққӣ мешавад ва дар ғайри ин сурат ғайбат ғайримуваҷҷаҳ аст ва тахаллуф маҳсуб мешавад.
Вай афзудааст, ки дар сурати ғайбати ғайримуваҷҷаҳ ё пешниҳод накардани гувоҳии иллати ҳузури муттаҳам дар додгоҳ "баробари модаи 117-и ойини додгоҳҳои умумӣ ва инқилоб дар умури кайфарӣ, муттаҳам ба дастури қазоӣ ҷалб мешавад."
Модаи 117-и қонуни додрасии додгоҳҳои умумӣ ва инқилоб дар умури кайфарӣ дар мубаҳҳаси марбут ба эҳзор ва бозҷӯии муттаҳам муқаррар мекунад, ки "ашхосе, ки ҳузур пайдо накарда ва гувоҳии адами ҳузур ҳам нафиристода бошанд ба дастури қазоӣ ҷалб мешаванд."
Мудири кулли умури коршиносии маҷлис ёдовар шудааст, ки эҳзорномаи Маҳмуди Аҳмадинажод ба коргузинии ниҳоди раёсати ҷумҳурӣ иблоғ шуд ва вай бояд барои ғайбати худ дар додгоҳ далели муваҷҷаҳ ироа кунад.
Бар асоси гузоришҳо, эҳзорияи оқои Аҳмадинажод 17 рӯз қабл аз баргузории ёздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ танзим шуда ва зоҳиран аз замони оғози расидагӣ ба он барои рӯзи гузашта таъйин шуда буд.
Иттиҳомоти раиси ҷумҳурии собиқ
Дар мавриди иллати эҳзори оқои Аҳмадинажод ба ҷаласаи муқаддамотии додгоҳ оқои Малик Афзалӣ гуфтааст, ки додгоҳ бояд изҳороти муттаҳам дар мавриди иттиҳомоти воридаро дарёфт кунад ва агар онҳоро ворид ташхис дод, қарори манъи таъқиб содир мешавад ва дар ғайри ин сурат қарори муҷримият содир ва мароҳили баъдии расидагӣ ба парванда оғоз хоҳад шуд.
Ба гузориши "Хонаи миллат" ҷаласаи рӯзи гузаштаи додгоҳ бидуни ҳузури оқои Аҳмадинажод ташкил шуд ва ба дастури қозии парванда ҷаласаи расидагӣ ба вақти дигар мавкул шудааст.
Рӯзи гузашта манобеъи хабарӣ ба нақл аз сарпарасти додгоҳи кайфарии устони Теҳрон гузориш карданд, ки ҷаласаи муқаддамотӣ "бо машварати се қозии ботаҷруба" баргузор шудааст. Мушаххас нест, ки ин ҷаласа ба чи натиҷае расидааст.
Бархе манобеъ гуфтаанд, ки мавкул шудани "ҷаласаи расидагӣ ба вақти дигар" ба маънии он аст, ки додгоҳ иттиҳомоти воридаро қобили пайгирӣ ташхис дода ва раванди расидагӣ ба парвандаро оғоз кардааст, дар ҳоле ки ба гуфтаи бархе дигар аз манобеъ таъйини таклифи парванда аз назари пайгирӣ ё адами пайгирии он ҳанӯз маълум нест.
Пештар оқои Малик Афзалӣ гуфта буд, ки парванда алайҳи оқои Аҳмадинажод ба "се тахаллуфи давлат дар заминаи адами ташкили бамавқеъи вазорати варзиш ва ҷавонон ва муъаррифии вазири марбута дар иҷрои фароянди идғоми вазоратхонаҳо, адами ироаи асосномаи ширкати миллии нафт ва адами тахсиси буҷети арзӣ ба метру Теҳрон" иртибот дорад.
Ба нақл аз Муҳаммадалӣ Пурмухтор, раиси кумиссиюни асли навад, ҳам гузориш шуда буд, ки ин парванда бар асоси иттиҳомоти кумиссиюни асли навад ва дар иртибот бо иблоғ накардани мусаввабаҳои маҷлис тавассути давлат ташкил шуда, аммо парвандаи марбут ба интиқоли 16 милиёрд тумон ба ҳисоби донишгоҳи Эрониён "дар ҳоли баррасӣ аст ва ҳанӯз парвандае дар ин маврид ба додситонии кишвар ирсол нашудааст.
Маҳмуди Аҳмадинажод дар замони раёсати ҷумҳурӣ бахусус дар давраи дувум ихтилофоте бо маҷлис дошт, ки умдатан ба худдории давлат аз қабули назароти маҷлис ва дар мавориде таъхир ё адами иблоғи мусавваботи маҷлис иртибот дошт.
Дар ин маворид мукотиботе байни раисони маҷлис ва давлат сурат гирифт ва дар чанд маврид раиси кунунии маҷлис ба далели адами иблоғи мусавваботи қувваи муқананна аз сӯйи давлат раъсан дастури интишори расмии ин мусавваботро содир кард.
Пас аз бурузи ихтилофоти байни Маҳмуди Аҳмадинажод ва Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, бар сари бархе интисоботи давлатӣ мунтақидони давлат, аз ҷумла бисёре аз намояндагони маҷлис, ки бархе аз онон пештар ҳомии раиси ҷумҳурӣ ҳам буданд, ба ибрози мухолифат ва интиқоди аланӣ аз вай пардохтанд ва оқои Аҳмадинажод низ мавзеъи сахттаре дар баробари маҷлис иттихоз кард.
