Аҳмадинажод ба узвияти Маҷмаъи ташхиси маслиҳат мансуб шуд

Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳукме Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии пешинро ба узвияти Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом мансуб кард.
Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии оятуллоҳ Хоминаӣ дар ин ҳукм омадааст: "Бо таваҷҷуҳ ба талоши боарзиши ҳаштсолаи ҷаноби олӣ дар масъулияти хатири раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон ва таҷоруби фаровоне, ки дар ин маврид андӯхтаед, шуморо ба узвияти маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом мансуб менамоям."
Раҳбари Эрон дар тули раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод ҳимоятҳои камсобиқае аз ӯ кард, аммо дар даври дувуми раёсати ҷумҳурии ӯ робитаи миёни раҳбар ва раиси ҷумҳур дучори таниш шуд.
Ин таниш дар ҷараёни ихтилоф бар сари барканории Ҳайдари Муслиҳӣ аз вазорати иттилоъот ба авҷ расид.
Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом дар соли 1366 ба фармони оятуллоҳ Хумайнӣ дар сохтори ҳуқуқии низоми ҷумҳурии исломии Эрон қарор гирифт ва баъд дар бознигарии қонуни асосӣ дар соли 1367 расман вориди қонуни асосӣ шуд.
Аъзои даври шашуми маҷмаъ дар соли 1390 (2011) интихоб шуданд. Ин аъзо шомили руасои се қувваи муҷрия, муқаннана ва қазоия мешавад, ки ба муддати панҷ сол узвият доранд.
Ҳарчанд дар замоне ки оқои Аҳмадинажод дар симати раиси ҷумҳурии Эрон ҳузур дошт, чандон дар ҷаласоти маҷмаъ ҳузур надошт.
Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба унвони раиси ин маҷмаъ ва Муҳсини Ризоӣ низ ба унвони дабири маҷмаъ дар ин давра ифои нақш мекунанд.
Оқои Хоминаӣ дар ин давра Муҳаммад Имомии Кошонӣ, Муҳаммад Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Мирҳусайни Мусавӣ, Бежан Номдори Зангина ва Муҳаммад Ҳошимиро аз маҷмаъи ташхиси маслиҳат канор гузошт.
