Аҳмадинажод: Муддатест дар қазияи ҳастаӣ дахолат надорам

  • 4 Июл, 2013
Image caption Аҳмадинажод дар нахустин гузориши амалкарди раёсати ҷумҳурии худ аз дастовардҳои мусбати ин давра сухан гуфт

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, бахше аз амалкарди ҳаштсолаи давлати худро шарҳ дод, аммо худро дар қиболи фишорҳои ношӣ аз масъалаи ҳастаӣ масъул надоштааст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии давлат, оқои Аҳмадинажод бо ҳузур дар як барномаи телевизиюнӣ дар шомгоҳи гузашта аввалин гузориш аз амалкарди давлати худ тайи ҳашт соли гузаштаро ироа кард ва гуфт, ки чаҳор гузориши дигар дар сутуҳи мухталиф таҳия шуда, ки дар ҷаласоти мухталиф ба ташреҳи онҳо хоҳад пардохт.

Маҳмуди Аҳмадинажод, ки дувумин давраи раёсати ҷумҳурии ӯ авосити мурдодмоҳ ба поён мерасад, гуфт, ки нахустин гузориши ӯ ба мизони таҳаққуқи таъаҳҳуди давлат дар соли 1388, яъне оғози дувумин давраи раёсати ҷумҳурӣ ихтисос дорад, ҳарчанд дар идомаи барнома масоили мухталифи марбут ба ду давраи раёсати ҷумҳурии худро ҳам матраҳ кард.

Оқои Аҳмадинажод ин гузоришро бо посух ба суоле дар мавриди тасмим ба вуруд ба саҳнаи мубодирати интихоботӣ дар соли 1384 оғоз кард.

Вай дар ҷавоб ба ин суол, ки ба чи далел фикр мекард дар ин мубориза муваффақ мешавад, гуфт, ки қабл аз кор ба унвони шаҳрдори Теҳрон ҳам дар сутуҳи мухталифи мудириятӣ фаъъолият дошт ва натиҷа гирифта буд, ки "миллати Эрон метавонад дар болотарин сатҳ зиндагӣ кунад ва метавонад шоистатарин, мураффаҳтарин ва пешрафтатарин бошад" ва афзуд, ки барномаи ӯ ин буд, ки "кишваре барпо кунем, ки дар он аз фақр, табъиз ва маҳрумият хабаре набошад, ҳама шод бошанд ва дар масири камол ҳаракат кунанд ва лаззати инсон буданро бибаранд."

Оқои Аҳмадинажод бо изҳори ин ки барои расидан ба раёсати ҷумҳурӣ "эҳсоси таклиф" карда буд, гуфт дар он замон, "робитаи аҳзоб ва ҷиноҳҳо бо ман хуб набуд ва ман ҳам робитаам бо онҳо хуб набуд" ва афзуд, ки тақрибан ҳамаи аҳзоб ва ҷиноҳҳо бо вурудаш ба интихобот мухолиф буданд ва ҳеҷ гурӯҳ ва ҳизбе аз ӯ ҳимоят накард.

Вай гуфт, ки дар замони муборизоти интихоботӣ, назарсанҷиҳо ҳокӣ аз он буд, ки шонси ӯ барои пирӯзӣ бисёр андак аст, аммо афзуд: "ман сад дар сад мутмаин будам ва инро аз чанд моҳе қабл аз интихобот медонистам, албатта эълом накардам, чун машғули кор будам ва рӯзҳои охир вақте ки сабти ном кардам, эълом кардам."

Дар мавриди ваъдаҳои интихоботӣ оқои Аҳмадинажод гуфт, ки барномаеро ироа дода буд, ки "бар адолат, хидматрасонӣ, тавсеъаи меҳрварзӣ, пешрафт ва таъолии ҳамаҷониба ва бозгашти давлат ба мардум ва боз кардани ҳалқаҳои бастае, ки шакл гирифта буд," мубтанӣ буд.

Вай дар айни ҳол таъкид кард, ки ҳаргиз қавл надод, ки "ба мардум пул медиҳам ё изофа мекунам, танҳо ваъдае, ки ба мардум додам, ин буд, ки тамоми тавону вуҷуди худро барои таҳаққуқи ин барномаҳо ба кор бигирам ва миллат ҳам бузургворӣ карданд, лутф карданд ва фарзанди кучаки худро ба ходимӣ интихоб карданд."

Яке аз шиъорҳои интихоботии оқои Аҳмадинажод дар соли 1384 ин буд, ки "нафтро сари суфраи мардум меоварем", ки баъдҳо боъиси хурдагирии бархе аз мунтақидон шуд. Ҳамчунин дар моҳҳои қабл аз интихоботи давраи дувуми раёсати ҷумҳурӣ, мухолифони оқои Аҳмадинажод исрори ӯ барои тасвиб ва иҷроӣ кардани лоиҳаи "ҳадафмандии ёронаҳо" бо ҳадафи тавзеъи пули нақдро ба талош барои асаргузорӣ бар орои мардум тағйир карданд.

"Дар қазияи ҳастаӣ дахолат надорам"

Image caption Аҳмадинажод дар мавриди барномаи ҳастаӣ ва табаъоти он аз худ рафъи масъулият кардааст

Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки "давлати нуҳум ва даҳум дар яке аз сахттарин шароити таърихӣ мустақар шуданд, вақте омадем, Афғонистон ва Ироқ ишғол буд ва Омрико ҳам ҳар рӯз таҳдид мекард, яъне давлати нуҳум дар сояи таҳдидҳои мукаррари Омрико ба пойин расид". Вай рукуди ҷаҳониро низ дар шароити Эрон бетаъсир надонист.

Бо вуҷуди ин ки оқои Аҳмадинажод дар тӯли давраи аввал ва ҳудуди ду соли давраи дувуми раёсати худ аз ҳимоят ва ҳамсӯйии комили раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ва дар натиҷа ниҳодҳои ҳукуматӣ бархӯрдор буд, вай дар гузориши шомгоҳи гузашта гуфт, ки "дар як шароити сахти дохилӣ ҳам будем ва дар дохил ҳам фишорҳо ба давлати нуҳум ва даҳум воқеъан хеле сангин буд."

Дар мавриди фишорҳои хориҷӣ оқои Аҳмадинажод аз "таҳримҳои ноҷавонмардонаи яксӯя" низ сухан гуфт ва талвеҳан сиёсати ҳастаиро омили ин вазъият донист.

Вай гуфт: "Билохира баҳсҳои ҳастаиро ворид намешавам, ин ки чи тавр мешуд ҳал шавад ва фурсатҳоеро доштем ё надоштем, инҳо ба канор, ман ҳам муддатест, ки дахолате дар ин қазия надорам, аммо билохира таҳримҳо як фазо дуруст кард ва шароити сахтеро эҷод кард."

Бархе нозирон гуфтаанд, ки раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ шахсан сиёсати ҳастаиро дар ихтиёр дорад ва дар ин замина ба талоши нофарҷоми оқои Аҳмадинажод дар ҳудуди се соли пеш барои ҷилавгирӣ аз ташдиди таҳримҳои байналмилалӣ ишора мекунанд.

Дар урудубиҳишти соли 1389, зоҳиран ба ибтикори Маҳмуди Аҳмадинажод ва вазири хориҷаи вақти Эрон нишасте бо ҳузури раиси ҷумҳурии вақти Бразил ва нахуствазири Туркия барои ҳаллу фасли буҳрони ҳастаӣ баргузор ва ба судури баёнияи Теҳрон, ҳовии роҳкоре барои тавофуқи байни Эрон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ мунҷар шуд, аммо ин талош аз ҳимояти лозими дохилӣ ва вокуниши матлуби хориҷӣ бархӯрдор нашуд ва натиҷае надошт.

Дар пайи ташдиди таҳрими якҷонибаи Ғарб, бахусус аз ҳудуди ду сол пеш ва вахомати шароити иқтисодӣ, баҳсҳое дар мавриди илали ин буҳрон сурат гирифта ва дар ҳоле ки мухолифони оқои Аҳмадинажод дар ниҳодҳои мухталифи ҳукуматӣ, сиёсатҳои иқтисодии давлати ӯро боъиси бурузи ин вазъият донистаанд, мақомоти давлатӣ талвеҳан таҳримҳои ношӣ аз лоянҳал мондани парвандаи ҳастаиро муқассир қаламдод кардаанд.

Аз ҷумла сиёсатҳои иқтисодии давлат, ки мавриди интиқоди мухолифони оқои Аҳмадинажод қарор гирифта, иҷрои қонуни ҳадафмандии ёронаҳо будааст.

Матолиби муртабит