Ҳокими Дубай: Лағви таҳримҳо алайҳи Эрон ба суди ҳама аст

Муҳаммад бин Рошид оли Мактум, нахуствазири Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва ҳокими Дубай дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ гуфтааст, ки лағви таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон ба суди ҳама хоҳад буд ва беҳтар аст ҳар чӣ зудтар ин таҳримҳо бардошта шавад.
Ӯ гуфт, ки ҳама аз ин ки ба Эрон фазои бештаре дода шавад, баҳраманд хоҳанд шуд.
Ҳокими Дубай дар посух ба саволи Ҷон Сопел, хабарнигори Би-би-сӣ, ки аз ӯ пурсид оё фикр ме кунед замони мунсоибе барои лағви таҳримҳо алайҳи Эрон бошад, гуфт: "Эрон ҳамсояи мост ва намехоҳем мушкиле бо он дошта бошем. Агар Омрико ва Эрон бо ҳам тавофуқ кунанд, лағви таҳримҳо ба суди ҳама хоҳад буд."
Рӯзи гузашта Аббоси Ароқчӣ, муъовини вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, ки аз ҳафтаи оянда бар асоси тавофуқномаи Женев Эрон ғаниисозии урониюми худро маҳдуд ме кунад ва дар муқобил кишварҳои гурӯҳи 5+1 бархе аз таҳримҳо алайҳи Эронро лағв ме кунанд ва дар шаш моҳи оянда таҳрими тозае ҳам вазъ нахоҳанд кард.
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ равобити иқтисодии наздике бо Эрон дорад. Бо ин ҳол равобити сиёсии ду кишвар ба вижа бар сари масаълаи моликияти ҷазоири сегона дар халиҷи Форс дар солҳои гузашта танишолуд будааст.
Бо ин ҳол коршиносон мегӯянд, ки Эрон дар солҳои гузашта аз Иморот ба унвони яке аз кишварҳои минтақа барои давр задани таҳримҳои байналмилалӣ истифода мекардааст.
Теъдоди зиёде аз сармоягузорони эронӣ дар Иморот ба вижа дар Дубай сармоягузорӣ кардаанд, ҳарчанд эъмоли таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон ин сармоягузоронро дар солҳои гузашта бо мушкилоте рӯбарӯ кардааст.
Масдуд кардани ҳисобҳои бонкӣ, ҷилавгирӣ аз нақл ва интиқоли пул ва коло ва ҳамчунин адами тамдиди иҷозаи иқомат аз ҷумлаи ин мушкилот будааст.
Эрониҳо яке аз пурҷамъияттарин ҷомеъаҳои муҳоҷир дар Иморотро ташкил медиҳанд, аммо дар солҳои гузашта борҳо бо таҳдиди ихроҷ рӯбарӯ будаанд.
Чанде пеш гузориш шуд, ки соли гузашта ҳудуди 500 эронӣ, ки баъзе аз онҳо аз 25 сол пеш сокини Имороти Муттаҳидаи Арабӣ буданд "бидуни ҳиҷ далел" тавассути вазорати амнияти Иморот аз ин кишвар ихроҷ шуданд.
