Маҳкумияти шаст исломгаро дар Аморот ба иттиҳоми тавтеъа барои сарнагунии давлат
Телевизиюни давлатии Аморот мегӯяд, ки ҳадди ақал 60 исломгаро ба иттиҳоми тавтеъа барои барандозии давлати Аморот маҳкум ва 25 нафари дигар аз ин иттиҳом табраъа шудаанд.
Ин афрод муттаҳам ба "муқобила бо усули асосии низоми ҳукуматии Аморот" буданд.
Фаъъолони ҳуқуқи башар эътирозҳои ҷиддӣ ба ин додгоҳ доранд, ки 94 нафарро ба иттиҳоми барандозӣ муҳрокима кардааст.
Онҳо муътақиданд, ки ин додгоҳ " дар таноқузи фоҳиш бо меъёрҳои як муҳокимаи одилона" буда ва қозӣ ба гузоришҳои "мувассақе", ки дар мавриди шиканҷаи ин муттаҳамон ироа шуда, расидагӣ накардааст.
Хабарнигорони хориҷӣ иҷозаи ҳузур дар ҷаласоти додгоҳро надоштаанд ва фаъъолони ҳуқуқи башар ба аланӣ набудани муҳокима муътариз будаанд ва чанд мақомоти давлатӣ додгоҳро "шаффоф" тавсиф кардаанд.
Фаъъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки муттаҳамон зери фишору шиканҷа қарор гирифтаанд, аммо мақомоти аморотӣ ин мавзӯъро такзиб мекунанд.
Бар асоси гузориши телевизиюни Аморот, додгоҳ 52 нафар аз 94 муттаҳами парвандаро ба ҳафт то даҳ сол зиндон маҳкум кардааст.
Ҳашт нафар аз муттаҳамон ҳам, ки аз Аморот хориҷ шудаанд, ба таври ғиёбӣ ба 15 сол зиндон маҳкум шудаанд.
