Маҳкумияти 60 исломгаро дар Аморот ба иттиҳоми тавтеъа барои сарнагунии давлат

  • 2 Июл, 2013
додгоҳи Аморот
Image caption Муттаҳамон дар додгоҳи олии федерол дар Абӯзабӣ муҳокима шудаанд

Телевизиюни давлатии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мегӯяд, ки ҳадди ақал 60 исломгаро ба иттиҳоми тавтеъа барои барандозии давлати Аморот маҳкум ва 25 нафари дигар аз ин иттиҳом табраъа шудаанд.

Ин афрод муттаҳам ба "муқобала бо усули асосии низоми ҳукуматии Аморот" буданд.

Фаъъолони ҳуқуқи башар эътирозҳои ҷиддӣ ба ин додгоҳ доранд, ки 94 нафарро ба иттиҳоми барандозӣ муҳокима кардааст.

Онҳо муътақиданд, ки ин додгоҳ "дар таноқузи фоҳиш бо меъёрҳои як муҳокимаи одилона" буда ва қозӣ ба гузоришҳои "мувассақе", ки дар мавриди шиканҷаи ин муттаҳамон ироа шуда, расидагӣ накардааст.

Хабарнигорони хориҷӣ иҷозаи ҳузур дар ҷаласоти додгоҳро надоштаанд ва фаъолони ҳуқуқи башар ба аланӣ набудани муҳокима муътариз будаанд, ҳарчанд мақомоти давлатӣ додгоҳро "шаффоф" тавсиф кардаанд.

Фаъъолони ҳуқуқи башар мугӯянд, ки муттаҳамон зери фишор ва шиканҷа қарор гирифтаанд, аммо мақомоти аморотӣ ин мавзуъро такзиб мекунанд.

Бар асоси гузориши телевизиюни Аморот додгоҳ 52 нафар аз 96 муттаҳами парвандаро ба ҳафт то даҳ соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳашт нафар аз муттаҳамон ҳам ки аз Аморот хориҷ шудаанд, ба таври ғиёбӣ ба 15 сол зиндон маҳкум шудаанд.

Ба гузориши Руйтерз роҳҳои мунтаҳӣ ба додгоҳ дар Абӯзабӣ масдуд шудааст ва аз дастрасии хабарнигорон ба маҳали додгоҳ ҷилавгирӣ мешавад.

Маҳкумон аъзои гурӯҳи исломгарои "Ислоҳ" будаанд, ки гуфта мешавад бо Ихвонуллмуслимин иртибот доранд. Давлати Аморот ҳам ин гурӯҳ ва ҳам Ихвонулмуслиминро ғайриқонунӣ медонад.

Солим Саид, додситони кулли Аморот дар моҳи январ гуфта буд, ки ин афрод саъй доштанд дар ниҳодҳои давлатӣ мисли мадорис, донишгоҳҳо ва вазоратхонаҳо нуфуз кунанд.

Ба гуфтаи оқои Саид муттаҳамон бо кумаки молии Ихвонулмуслимин, бо номи худ дар тиҷорат ва мустағалот сармоягузорӣ карда буданд, то моҳияти фаъъолиятҳоро аз чашми давлат махфӣ нигаҳ доранд.

Аморот ба баракати пули нафт, тиҷорати озод ва низоми таъмини иҷтимоӣ, ки шаҳрвандон дар тамоми умр аз он бархурдонанд, яке аз босаботтарин кишварҳои минтақа аз назари сиёсӣ талаққӣ мешавад.

Дар ду соле, ки бештари Ховари Миёна шоҳиди бесаботӣ ва хушунат буда, Аморот ҷазираи сабот будааст.

Аммо исломгароёни ин кишвар бо илҳом аз ҳамандешаҳои худ дар Миср ва Тунис фаъолиятҳои худро бештар кардаанд ва ин боъиси нигаронии давлат шудааст.

Аморот моҳи пеш эълом кард, ки дар парвандаи дигар 30 аморотӣ ва мисриро ба иттиҳоми талош барои роҳандозии шуъбаи Ихвонулмуслимун муҳокима хоҳад кард.

Матолиби муртабит