Иморот 7 нафарро ба занни узвият дар гурӯҳи муртабит бо Алқоъида боздошт кард

Мақомоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мегӯянд ҳафт нафарро ба занни узвият дар як гурӯҳи муртабит бо Алқоъида боздошт кардаанд.
Хабаргузории давлатии Иморот мегуяд ин афрод барои ҳамла ба аҳдофе дар ин кишвар ва минтақа барномарезӣ мекарданд.
Мақомоти Иморот афзудаанд, ки ин ҳафт нафар аз чандин кишвари арабӣ барои узвият дар ин гурӯҳи муртабит бо алқоъида истихдом шуда буданд.
Боздошти ин афрод дар ҳоле сурат гирифта, ки муҳокимаи 94 исломгарои мазнун ба талош барои кудето дар Иморот ҳамин акнун дар ин кишвар дар ҷараён аст.
Мақомоти Иморот декабри соли пеш ҳам афродеро, ки ба гуфтаи онҳо талош доштанд ба аҳдофе дар Иморот ва Арабистон ҳамла кунанд, боздошт карданд.
Исломгароёни боздоштшуда шомили фаъолон ва вакилони ҳуқуқи башар, қуззот, муаллимон ва раҳбарони донишҷӯӣ ҳастанд.
Додситонии Иморот пештар гуфта буд, ки ин афрод пайванд бо хориҷ, аз ҷумла бо гурӯҳи Ихвонулмуслимин доранд.
Як фаъоли ҳуқуқи башари Иморот, ки нахост номаш фош шавад ба Би-би-сӣ гуфт, ки "баъид ба назар мерасад, ки Алқоъида дар Иморот дар ҳоли фаъолият бошад."
Ӯ гуфт чунин боздоштҳо муқаддимае барои маҳдудият ҳастанд.
Иморот яке аз содиркунандагони бузурги нафт дар ҷаҳон ва яке аз муттаҳидони калидии ғарб дар халиҷи Форс аст .
