Ду сол зиндон барои марди иморотӣ ба ҷурми "твит кардан дар бораи додгоҳ"

  • 19 Ноябр, 2013
Image caption Бо ҷароими интернетӣ дар Иморот сахтгирона бархурд мешавад

Дастгоҳи қазоии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ як фаъъоли сиёсии ин кишварро ба ҷурми чизҳое, ки дар Твитер ва дар бораи як додгоҳ навишта буд, барои ду сол равонаи зиндон кард.

Ин фард Валӣ Алшаҳӣ ном дорад. Ӯ аз аморати Аҷмон аст, ки ҳамчунин ба пардохти 137 ҳазор дулор ҷарима маҳкум шудааст.

Ӯ муттаҳам ба "осеб расондан ба амнияти миллии кишвар" аст ва ӯро шаш моҳ пеш (дар моҳи май) дастгир карданд.

Он замон оқои Шаҳӣ дар бораи додгоҳи 94 исломгаро дар Твитер навишта буд, ки муттаҳам буданд қасд доранд ҳукумати Иморотро сарнагун кунанд.

Дар моҳи июл 69 нафар аз ин афрод аз сӯи додгоҳ муҷрим шинохта шуданд ва то ҳадди аксари 10 сол зиндон маҳкум шуданд.

Пештар дар ҳамин моҳ Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳушдор дод, ки зиндонӣ кардани ин афрод тавоноии дастгоҳи қазоии Имороти Муттаҳидаи Арабиро дар ҳимоят аз озодии баён зери суол мебарад.

Ин созмони ҳуқуқи башарӣ мегӯяд танҳо далеле, ки дастгоҳи қазоӣ барои маҳкумияти ин 69 нафар дошта, эътирофҳои як нафар буда, ки баъдан дар додгоҳ ҳамаро такзиб кардааст.

Созмони ҳуқуқи башари Иморот мегӯяд, ки оқои Шаҳӣ дар моҳи май дастгир шуда ва ӯро дар 10 рӯзи аввал дар зиндоне сиррӣ нигаҳ медоштанд. Баъд ӯро ба зиндоне дар Абӯзабӣ мунтақил мекунанд.

Ин созмон мегӯяд, ки оқои Шаҳӣ дар Твитери худ дар бораи додгоҳи ин 94 нафар навишта буд ва гуфта буд, ки онҳо танҳо ба хотири он ки ҳомии "тағйироти демукротик" ҳастанд, додгоҳӣ шуданд.

Дар моҳи ноябри соли гузашта буд, ки Халифа бинни Зоид Оли Наҳён, раиси ҳукумати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, дастур дод, то дар бораи ҷароими сойберӣ сахтгириҳои бештаре шавад.

Бар асоси фармони ӯ додгоҳӣ кардани фаъъолони интернетӣ ва зиндонӣ карданашон қонунӣ мешавад; касоне ки дар интернет ба нақди мақомҳои олирутба мепардозанд, касоне ки дар бораи тағйироти сиёсӣ ҳарф мезананд ва онҳо, ки мехоҳанд тазоҳуроти бидуни муҷаввизро сомон диҳанд.

Матолиби муртабит