Раиси ҷумҳурии махлуъи Укройн аз Русия хост "амнияти" ӯро ҳифз кунад
Image copyrightAFPРаиси ҷумҳурии махлуъи Укройн аз Русия хостааст ҳифозат аз ӯро бар уҳда бигирад.
Рӯзи панҷшанбе, 8 исфанд (27 феврал) расонаҳоии русӣ матни иттилоъияи мунтасаб ба Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии барканоршудаи Укройнро мунташир карданд, ки дар он таъкид кардааст, ки ҳамчунон худро раиси ҷумҳурии қонунии Укройн медонад.
Бар асоси ин гузориш оқои Янукович, ки рӯзи шанбе дар порлумони Укройн ба масъулияти куштори тазоҳуркунандагон муттаҳам ва аз мақоми худ халъ шуд, дар ин иттилоъия гуфтааст: "Аз Русия хостаам амнияти шахсии маро дар баробари ифрогароӣ ҳифз кунад."
Аз замони барканорӣ аз симати раёсати ҷумҳурӣ оқои Янукович дар анзори умумӣ дида нашуда буд ва гуфта мешуд, ки эҳтимолан ҳамроҳи ду писараш ва теъдоде муҳофизи мусаллаҳ дар шибҳҷазираи Криме дар Ҷануби Укройн ба сар мебарад.
Бр ин ҳама рӯзи панҷшанбе як шабакаи телевизиюнии Русия гуфт, ки раиси ҷумҳурии собиқи Укройн "дар дохили марзҳои Русия" иқомат дорад, аммо ба маҳалли дақиқи иқомати ӯ ишора накард. Бархе манобеъи хабарии Русия пештар гуфта буданд , ки оқои Янукович дар яке аз ҳутелҳои Маскав иқомат дорад, аммо ин хабар мавриди таъйид қарор нагирифтааст.
Дар иттилоъияи мунтасаб ба раиси ҷумҳурии махлуъи Укройн омадааст: "Ман Виктор Федорович Янукович, миллати Укройнро мухотаб қарор медиҳам ва эълом мекунам, ки ҳамчунон худро раиси қонунии кишвар медонам, зеро бо раъй ва ба иродаи миллат ба ин мақом интихоб шудаам."
Вай ба гузориши тазоҳуроти тарафдорони наздикии Укройн ва Русия дар рӯзҳои ахир ҳам ишора карда ва гуфтааст: "Ошкор шудааст аст, ки аҳолии ҷануби шарқи Укройн ва мардуми шибҳҷазираи Криме халои қудрати кунунӣ ва беқонунии комил дар саросари кишварро қобили қабул намедонанд ва ҳозир ба пазируфтани шароите нестанд, ки ҳайати аъзои давлатро авбош таъин мекунанд." Шомгоҳи гузашта аъзои ҳайати давлати ҷадиди Укройн дар баробари таҷаммуъкунандагон дар майдони Истиқлоли Киев, пойтахт ҳузур ёфтанд ва ба онон муъаррифӣ шуданд.
Оқои Янукович афзудааст ки "дар хиёбонҳои бисёре аз шаҳрҳои кишварам ҷашни ифротгароӣ баргузор шудааст."
Ҳушдор дар мавриди дахолати низомии Русия
Хабаргузории русии Интерфакс ба нақл аз як манбаъи давлатӣ, ки аз ӯ ном набурда гуфтааст ки "дар иртибот бо дархости президент Янукович дар мавриди тазмини амнияти шахсии ӯ эълом мешавад, ки ин дархост дар дохили марзҳои Русия иҷобат шудааст." Дар айни ҳол сухангӯи дафтари раёсати ҷумҳурии Русия дар посух ба саволе дар бораи вуруд ва ҳузури Виктор Янукович дар Русия ва маҳали иқомати ӯ гуфтааст дар ин маврид иттилоъе надорад.
Дар моҳи ноябри соли гузашта оқои Янукович эълом кард, ки тасмим гирифтааст ба ҷойи дунбол кардани сиёсати густариши ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Урупо равобити иқтисодии Укройнро бо Русия тақвият кунад. Дар он замон Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ваъда дод, ки маблағи понздаҳ милёрд дулорро ба унвони кумаки иқтисодӣ дар ихтиёри Укройн қарор хоҳад дод.
Тасмими раиси ҷумҳурии собиқ бо эътирози мухолифони равобити наздик бо Русия мувоҷеҳ шуд ва чандин ҳафта тазоҳуроти эътирозиро дар Киев ва нуқоти дигари Укройн ба дунбол овард, ки талафоте ҳам бар ҷой гузоштааст. Тазоҳуркунандагон оқои Янукович ва бархе аъзои давлати ӯро ба нодида гирифтани манофеъи миллии Укройн ва ҳамчунин фасоди молӣ муттаҳам мекарданд.
Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта гузориш шуд, ки тактирандозоне, ки ба гуфтаи мухолифон аз маъмурони нерӯи вижаи пулис буданд, ба суи тазоҳуркунандагон дар Киев тирандозӣ карда ва шуморе аз ононро куштаанд. Мухолифони оқои Янукович ӯро ба судури дастури қатли тазоҳуркунандагон муттаҳам карданд.
Пас аз барканории оқои Янукович дар рӯзҳои ахир гузоришҳо аз тазоҳуроти парокандаи тарафдорони Русия дар бархе нуқоти Укройн интишор ёфта ва ба хусус дар шибҳҷазираи Криме, ки аксари сокинони онро рустаборон ташкил медиҳанд, даргириҳо байни тарафдорон ва мухолифони сиёсати наздикӣ бо Русия рӯй додааст. Бомдоди панҷшанбе ҳам гузориш шуд, ки чанд сохтмон дар ҷумҳурии худмухтори Криме тавассути афроди мусаллаҳи тарафдори Русия ишғол шудааст.
Рӯзи гузашта раиси ҷумҳурии Русия дастури омодабоши воҳидҳои артиш ва баргузории монуври густардаи низомӣ дар манотиқи ғарбии ин кишварро содир кард. Мақомоти вазорати дифоъи Русия гуфтанд, ки ҳадаф аз ин иқдомот омодагӣ барои ҳимоят аз новгони Русия дар Дарёи Сиёҳ аст, ки пойгоҳи он дар бандари Севоступул, маркази Криме воқеъ шудааст.
Рӯзи панҷшанбе гузориш шуд, ки кафили раёсати ҷумҳурии Укройн ҳушдор додааст, ки ҳар гуна иқдоми нафароти нерӯи дарёии Русия дар хориҷ аз маҳдудаи пойгоҳи дарёии онон дар Кримеро "иқдоми таҷовузкорона" маҳсуб мекунад.
Бархе манобеъи хабарии Русия низ гуфтаанд, ки вазорати хориҷаи Укройн бо эҳзори кордори сафорати Русия дар Киев ҳушдор дод, ки артиши Укройн мусаммам ба дифоъ дар баробари ҳаргуна иқдоми таҷовузкорона алайҳи хоки ин кишвар аст.
