Коршиносони бритониёӣ "ба шиносоии тактирандозони тазоҳуроти Укройн кумак мекунанд"

  • 25 Феврал, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Тазоҳуркунандагон мазнун ба тирандозӣ ба сӯйи тазоҳуркунандагонро ба маҳалли куштори панҷшанбе бурдаанд

Гурӯҳе аз коршиносони бритониёӣ дар талош барои шиносоии тактирандозон дар ҷараёни тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Укройн ба он кишвар сафар кардаанд.

Коршиносони бритониёии қашфи ҷароим дар мусоҳиба бо барномаи Нюзнойти шабакаи телевизиюнии Би-би-сӣ гуфтаанд, ки ба манзури мушорикат дар таҳқиқоти ҷиноӣ барои таъйини масъулони "куштори" муътаризон дар ҷараёни тазоҳуроти рӯзи панҷшанбеи гузашта дар Киев, дар ин шаҳр ба сар мебаранд.

Маъмурияти онон гирдоварӣ ва баррасии шавоҳид ва осори боқимонда аз маҳалли вуқӯъи ин ҳодиса аст ва эҳтимол дорад натиҷаи талоши онон дар пайгирии қазоии тактирандозоне, ки муртакиби қатли тазоҳуркунандагон шудаанд, ба кор гирифта шавад.

Ба гузориши Би-би-сӣ, коршиносони бритониёӣ дар ҳоли ҳозир машғули баррасии хиёбонҳои мунтаҳӣ ба майдони Истиқлоли Киев ҳастанд, ки осори исобати гулӯла ба нуқоти мухталифи он ҳамчунон машҳуд аст.

Ин коршиносон то кунун чаҳор нуқтаро шиносоӣ кардаанд, ки эҳтимол меравад тактирандозон аз онҳо тазоҳуркунандагонро ҳадаф қарор дода бошанд.

Вазорати хориҷаи Бритониё аз таъйид ё такзиби хабари эъзоми коршиносон кашфи ҷурм ба Укройн худдорӣ варзида ва коршиносони эъзомӣ ҳам ҳозир нашудаанд эълом кунанд, ки аз сӯйи чи ниҳоде барои анҷоми маъмурият ба Киев рафтаанд.

Image copyrightReuters
Image caption Дастури боздошт ва пайгарди қонунии Янукович содир шудааст

Ҳамзамон намояндаи порлумони Укройн ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфтааст, ки шавоҳиде дар даст аст, ки нишон медиҳад дастури тирандозии мустақим ба сӯйи тазоҳуркунандагон аз сӯйи "олитарин сутӯҳи давлат" содир шуда буд.

Дар рӯзҳои ахир тасовире аз тазоҳуркунандагони давлатӣ интишор ёфта, ки афродеро ба унвони тактирандозони пулис дастгир карда ва барои танбеҳ ба маҳалли кушта шудани қурбониёни тазоҳуроти рӯзи панҷшанбе бурдаанд. Дар айни ҳол, тасовире ҳам дар даст аст, ки бархе аз тазоҳуркунандагонро дар ҳоли ҳамли аслиҳа нишон медиҳад.

Иттиҳом алайҳи раиси ҷумҳурии махлуъ

Рӯзи шанбеи ин ҳафта намояндагони порлумони Укройн бо интиқод аз вокуниши хушунатомези маъмурони давлатӣ нисбат ба тазоҳуроти эътирозӣ дар Киев, ба халъи Виктор Янукович, раиси ҷумҳурӣ, аз ин симат раъй доданд ва раиси маҷлисро то замони баргузории интихоботи ҷадид ба кафолати раёсати ҷумҳурӣ мансуб карданд.

Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта, дар ҳоле ки тазоҳуркунандагони мухолифи Виктор Янукович бо убур аз саффи маъмурони пулиси зиддишӯриш дар садади ишғоли бархе сохтмонҳои давлатӣ буданд, афроде ба сӯйи тазоҳуркунандагон оташ гушуданд, ки дар натиҷаи он дастикам дувоздаҳ нафар ҷони худро аз даст доданд.

Дар пайи ин воқиъа муътаризон гуфтанд, ки дастикам ду тактирандози пулисро бо туфанги дурбиндор дар тирандозии мустақим ба сӯйи мардуми ғайримусаллаҳ мушоҳида карданд. Гузоришҳое аз ҳузури тактирандозон дар чанд нуқтаи дигар низ интишор ёфт, ки мухолифон ононро ҳам маъмурони давлатӣ донистаанд.

Image copyrightReuters
Image caption Теъдоде аз мухолифони давлати собиқ ба саркӯби мардум ва фасоди молӣ муттаҳам ҳастанд

Пизишконе, ки дар саҳна ҳузур ёфтанд ба гузоришгарон гуфтанд, ки тирандозӣ тавассути афроди комилан ҳирфаӣ сурат гирифта буд, ки ноҳияи сар, гардан ва синаи тазоҳуркунандагонро ба диққат қарор дода буданд.

Қатли тазоҳуркунандагон боъиси бурузи вокуниши тунди мухолифони оқои Янукович ва тасмими порлумон ба барканории ӯ шуд. Рӯзи гузашта ба нақл аз манобеъи давлатии Укройн гузориш шуд, ки додситонии ин кишвар додхостеро алайҳи раиси ҷумҳурии барканоршуда содир карда ва хостори боздошт ва муҳокимаи ӯ шудааст. Аз маҳалли кунунии оқои Янукович иттилоъе дар даст нест.

Илова бар раиси ҷумҳурии барканоршуда, дастури тавқифи дороӣ ва пайгарди чанд тани дигар аз мақомоти собиқи Укройн ба ҷурми саркӯби мардум ва фасоди молӣ содир шудааст. Мухолифони оқои Янукович ӯро ба фасоди молӣ муттаҳам карда ва иртибот бо муттаҳидони сарватманди раиси ҷумҳурии Русияро низ яке аз ангезаҳои ӯ дар ҳимоят аз иртиботи наздиктар бо Русия дониста буданд.

Тазоҳуроти зиддидавлатии Укройн дар моҳи ноябр ва дар вокуниш ба тасмими Виктор Янукович дар инсироф аз ҳамкории иқтисодии наздиктар бо Иттиҳодияи Урупо ва тасмим ба таҳкими иртибототи тиҷорӣ бо Русия оғоз шуд. Дар ҳафтаҳои баъдӣ ин тазоҳурот ба эътирозоти сиёсӣ алайҳи гароиши раиси ҷумҳурӣ ба давлати Русия мунҷар шуд.

Ба гуфтаи бархе нозирон, ин тазоҳурот нишонаи ихтилофи мавҷуд дар ҷомиъаи Укройн бар сари идомаи равобити суннатӣ бо Русия ё гароиш ба Урупои ғарбӣ аст.

Рӯзи сешанбеи 25 феврал бархе манобеъи хабарӣ аз баргузории тазоҳуроти парокандаи тарафдорони иттиҳод бо Русия дар бархе нуқоти Укройн ва даргирӣ байни онон ва мухолифони Виктор Янукович хабар додаанд, аммо дар мавриди доманаи ин тазоҳурот ва даргириии байни ду тараф ҳанӯз гузориши мустақиле дар даст нест.

Буҳрони сиёсии Укройн боъиси мавзеъгирии мутафовити Русия ва қудратҳои ғарбӣ ва бурузи ихтилофот байни онҳо низ шуда ва ба ин масъала абъоди байналмилалӣ бахшидааст. Русия бо такрори мавзеъгирии оқои Янукович барканории ӯро кудето хондааст ва кишварҳои ғарбӣ Русияро аз дахолат дар умури дохилии Укройн барҳазар доштаанд.