Муътаризони укройнӣ нахуствазири ҷадид муъаррифӣ карданд

Кумитаи роҳбарии муътаризони майдони Истиқлоли Киев эълом кардааст, ки дар мавриди давлати интиқолӣ ва нахуствазири муваққати кишвар ба натиҷа расидааст.
Рӯзи чаҳоршанбеи 26 феврал кампи марказии муътаризон, ки ба "майдон" шуҳрат ёфта, эълом кард, ки Арсений Ятсенюк, аз чеҳраҳои барҷастаи мухолифонро ба унвони нахуствазири муваққати Укройн ба порлумони ин кишвар муъаррифӣ мекунад.
Қарор аст порлумони Укройн рӯзи панҷшанбе (27 феврал) др мавриди раъйи эътимод ба нахуствазири муваққат тасмимгирӣ кунад. Тибқи Қонуни асосии Укройн, илова бар раиси ҷумҳурӣ, ин кишвар дорои нахуствазир низ ҳаст, ки раёсати ҳайъати давлатро дар даст дорад ва бояд раъйи эътимоди порлумонро ба даст овард.
Рӯзи шанбеи ин ҳафта порлумони Укройн Виктор Януковичро ба иттиҳоми масъулияти куштори тазоҳуркунандагон аз симати раёсати ҷумҳурӣ халъ ва Александр Турчиновро ба кафолати раёсати ҷумҳурӣ то замони баргузории интихобот мансуб кард.
Дар ҳамин ҳол, Виктор Янукович, раиси ҷумҳури махлуъи Укройн, ба додгоҳи ҷароими байналмилалӣ ирҷоъ дода шудааст, чаро ки муътаризон ӯро масъули қатли ҳудуди 100 муътаризе медонанд, ки ҳафтаи гузашта дар ҷараёни даргириҳои хунини майдони Истиқлоли Киев ба дасти пулис ва маъмурони амниятӣ кушта шуданд.
Ҳамзамон, Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, эълом карда кишвараш омода аст ба Укройн кумаки молӣ кунад, то ин кишвар битавонад ба таъаҳҳудоти иқтисодии худ пойбанд бимонад.
Вазири хориҷаи Омрико, рӯз гузашта (сешанбе) ҳам пас аз дидор бо Вилём Ҳейг, ҳамтои бритониёии худ эълом кард, ки кишвараш ба талош барои ҳаллу фасли буҳрони сиёсии Укройн мутаъаҳҳид аст ва афзуд Бритониё ва Омрико омодаи кумак ба коҳиши мушкилоти иқтисодии Укройн ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи чаҳоршанбе гузориш шуд пулис дар ҷумҳурии худмухтори Криме (Қрим), воқеъ дар ҷануби шарқии Укройн талош мекунад аз даргирии ду гурӯҳи мухолиф ва мувофиқи Русия, ки дар муқобили сохтмони порлумон таҷаммуъ кардаанд, ҷилавгирӣ кунад.
Ҳудуди даҳ ҳазор мусулмонони тотор дар Симферупул, пойтахти Криме, таҷаммуъ кардаанд ва бо такон додани парчамҳои Укройн шиъор медиҳанд "Укройн Русия нест."
Гурӯҳи кучактаре аз ҳаводорони Русия ҳам, ки аз давлати ин кишвар мехоҳанд аз онҳо дифоъ кунад, ҳамзамон ба хиёбон омаданд ва байни ду гурӯҳ даргирии мухтасаре рух додааст.
Акнун бо ба пирӯзӣ расидани муътаризон ва сарнагунии Виктор Янукович, нигарониҳо аз вуқӯъи ҷангҳои дохилӣ ва "ду пора" шудани ҷомеъаи Укройн мардуми ин кишварро музтариб кардааст.
