Омрико ва Бритониё: Укройн арсаи набарди Шарқу Ғарб нест

  • 26 Феврал, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Вазирони хориҷаи Омрико (чап) ва Бритониё рақобати Шарқу Ғарб дар Укройнро рад карданд

Вазири хориҷаи Омрико зимни эъломи омодагӣ барои кумаки молӣ ба Укройн хостори ҳамкорӣ бо Русия ҷиҳати ҳалли буҳрони сиёсии ин кишвар шудааст.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, пас аз диор бо Вилиём Ҳейг, ҳамтои бритониёии худ, таъаҳҳуди ду кишвар ба талош барои ҳаллу фасли буҳрони сиёсии Укройнро ёдовар шуд ва афзуд, ки Бритониё ва Омрико омодаи кумак ба коҳиши мушкилоти иқтисодии Укройн ҳастанд.

Бо афзоиши нигаронӣ дар мавриди ояндаи сиёсии Укройн, Вилиём Ҳейг рӯзи гузашта барои дидоре изтирорӣ бо мақомоти омрикоӣ озими Вошингтун шуда буд.

Оқои Керрӣ пас аз дидор бо вазири хориҷаи Бритониё гуфт, ки буҳрони Укройн "бозии набард ва бохти Ғарб дар баробари Шарқ нест", балки лозим аст тамомии давлатҳо ҷиҳати рафъи мушкилоти кунунии ин кишвар бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.

Вазири хориҷаи Омрико афзуд, ки мавзӯъи Укройн "марбут ба Русия ва Иёлоти Муттаҳида нест, балки ба мардуми Укройн ва ҳаққи онон барои таъйини ояндаашон марбут мешавад ва Иёлоти Муттаҳида моил аст бо Русия ва соири кишварҳо ва ҳар каси дигаре, ки омодагии онро дошта бошад, ҳамкорӣ кунад, то итминон ҳосил шавад, ки раванди таҳаввулот дар он кишвар пас аз ин мусолиматомез хоҳад буд."

Image copyrightAFP
Image caption Турчинов дар садади ташкили давлате эътилофӣ муташаккил аз гурӯҳҳои мухталиф аст

Вай гуфт, ки Омрико ва Бритониё мутаъаҳҳид ҳастанд, ки тамомии тавони худро дар ҳимоят аз муборизаи мардуми Укройн ба кор гиранд ва афзуд, ки укройниҳо "бо тамоми қудрат эълом кардаанд, ки моил ва қодир ба бархӯрдорӣ аз ояндае демукротик дар кишварашон ҳастанд."

Вазири умури хориҷаи Бритониё низ пас аз lидор бо оқои Керрӣ гуфт, ки ду тараф мавзӯъи кумакҳои молии фаврӣ ба Укройнро мавриди баррасӣ қарор доданд, зеро иқтисоди он кишвар дар пайи чанд моҳи эътироз ва хушунат гирифтори мушкилоти ҷиддӣ шудааст. Вай афзуд, ки дар назар дорад рӯзи чаҳоршанбе барои баррасии кумаки изтирорӣ ба Укройн, бо мақомоти Сандуқи Байналмилалии Пул дар Вошингтун дидору гуфтугӯ кунад.

Оқои Ҳейг дар айни ҳол таъкид кард, ки давлати ҷадиди Укройн танҳо дар сурате метавонад интизори дарёфти кумаки молиро дошта бошад, ки шароити мавриди назари Сандуқи Байналмилалии Пулро бароварда кунад ва нишон диҳад, ки "мусаммам ба муборизаи ҷиддӣ бо фарҳанги фасод аст, ки тайи солҳо дар ин кишвар русӯх кардааст."

Манобеъи Сандуқи Байналмилалии пул гуфтаанд, ки базудӣ ҳайъате аз сӯйи ин ниҳоди молӣ барои баррасии авзоъи Укройн озими он кишвар хоҳад шуд. Намояндагони ин ниҳод охирин бор дар моҳи октябри соли гузашта ва қабл аз оғози тазоҳуроти эътирозӣ дар Укройн аз он кишвар дидан карда буданд.

Матолиби муртабит