Тасовире аз хонаи муҷаллали Виктор Янукович, ки ҳазорон укройнӣ ба дидани он рафтаанд
Як хонаи муҷаллали Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Укройн ба рӯйи умум боз шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки порлумони ин кишвар бо анҷоми раъйгирӣ ӯро аз қудрат барканор кардааст.

Ҳазорон укройнӣ роҳ ба суи манзили муҷаллали хориҷ аз шаҳри президент Янукович гирифтаанд, ки пас аз фарори ӯ аз шаҳри Киев комилан ҳифз шудааст.


Дар дохили ин муҷтамаъ, мавсум ба Межиҳирия, ки ҳудуди 15 килуметр аз Киев фосила дорад, сохтмонҳои лукс дар миёни чаман дида мешаванд.

Ҳоло ки дарвозаҳои ин муҷтамаъӣ сиррӣ боз шудаанд, мардум киштии бодбонии бозаргонии сабки қадимро дар оброҳи маснуъии он назора мекунанд.

Мардум ҳамчунон барои гирифтани акс аз боғи вуҳуши хусусӣ бо шутурмурғҳо ва оҳуҳо саф мекашанд.

Ин муҷтамаъи бузург ҳамчунин майдони гулф дорад. Ин боздидкунанда як даст аз намояҳои бошгоҳҳои гулфро пайдо кардааст, ки рӯйи онҳо ҳуруфи аввали исми раиси ҷумҳур ҳак шудааст.

Барои бисёре аз муътаризони мухолифи давлат таҷаммул намоди фасод дар болотарин сутуҳи давлати Укройн аст.

Ҳамчунин роҳҳои дохили амлок бо осори сохтагии атиқаи Юнони бостон ва соири сохтаҳои тақлидӣ тазйин шудаанд.

Ҳиҷ нишонае аз талошҳои амниятӣ барои мутаваққиф кардани ҷашни мардум дар муҳавватаи муҷтамаъ дида намешуд.

Дар порки ин манзил боздидкунандагонро муҷассамаҳои мармарӣ, майдони бозии теннис ва раддасутунҳо интизоранд.



Ба назар мерасад раиси ҷумҳур Янукович тавони нигаҳ доштани худ дар қудратро аз даст додааст. Нишонаҳои ҳоким бар хонаи ӯ ба сурати ошкор ӯро масхара мекарданд.
