Дастури боздошти раиси ҷумҳури собиқи Укройн
Image copyrightaВазири кишвари Укройн дастури боздошти Виктор Янукович, раиси ҷумҳури барканоршударо ба далели куштори муътаризон дар ин кишвар содир кардааст.
Арсен Аваков, вазири кишвар, дар саҳфаи Фейсбуки худ навишта, ки парвандае алайҳи оқои Янукович ва теъдоде дигар аз мақомоти ин кишвар ба далели куштори шаҳрвандон боз шудааст.
Ба гуфтаи вазири кишвар, оқои Янукович охирин бор дар нимҷазираи Қрим дида шудааст.
Намояндагони порлумон рӯзи шанбеи 22 феврал ба барканории оқои Янукович аз қудрат раъй доданд.
Даври тозаи даргириҳо дар Укройн, ки аз ҳафтаи гузашта оғоз шуд, даҳҳо кушта баҷо гузошт.
Пештар гуфта шуд, ки Русия ба дунболи он чи "вахимтар" шудани авзоъи Укройн хонда, сафирашро барои машварат аз ин кишвар фаро хонд. Ин иқдом баъд аз он сурат гирифт, ки Александр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Укройн, дар нутқе телевизиюнӣ гуфт авлавияти кишвараш ин аст, ки дубора ба хонаводаи кишварҳои урупоӣ бипайвандад.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ ҳазорон нафар ҳамчунон дар майдони Истиқлоли шаҳри Киев, пойтахт, ҳузур доранд.
Онҳо гуфтаанд, ки то замони интихоби раиси ҷумҳури ҷадид ин майдонро тарк намекунанд.
Қарор аст, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар дар моҳи май баргузор шавад.
Интизор меравад, Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, дар ҳимоят аз раҳбарии ҷадиди Укройн ба ин кишвар сафар кунад.
Рӯзи гузашта Александр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққат, аз Русия хост, ки ба интихоби мардуми Укройн дар доштани равобити наздик ба Урупо эҳтиром бигузорад.
Ҷурҷ Озбурн, вазири бозаргонии Бритониё, ҳам имрӯз гуфт бо кумакҳои иқтисодӣ ҳимояти худро аз давлати ҷадиди Укройн нишон хоҳад дод.
Иттиҳодияи Урупо пеш аз ин гуфта буд, ки ба маҳзи рӯйи кор омадани давлате демукротик ба Укройн кумаки молӣ хоҳад кард.
