Русия сафирашро аз Укройн фаро хонд

Русия ба дунболи он чи "вахимтар" шудани авзоъи Укройн хонда, сафирашро барои машварат аз ин кишвар фаро хонд. Ин иқдом баъд аз он сурат гирифт, ки Александр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Укройн, дар нутқе телевизиюнӣ гуфт авлавияти кишвараш ин аст, ки дубора ба хонаводаи кишварҳои урупоӣ бипайвандад.
Оқои Турчинев гуфт рақобати ҳамсоягони қудратманди шарқӣ ва ғарбӣ набояд боъиси тафриқа дар Укройн шавад.
Ӯ гуфт омодаи музокира бо Маскав аст, аммо ин гуфтугӯҳо бояд "одилона, баробар ва ба унвони ҳамсояе бошад, ки интихоби урупоии Укройнро ба расмият мешиносад."
Аммо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, Укройнро муттаҳам кард аз тавофуқе сиёсӣ, ки ҷумъаи 21 феврал имзо шуд, мунҳариф шудааст.
Маскав ҳамчунин мухолифонро ба "ишғоли қудрат" ва "тадовуми хушунат" муттаҳам кард.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Истивен Рузенберг, хабарнигори Би-би-сӣ дар Маскав, муттаҳидони собиқи Виктор Янукович, раиси ҷумҳури барканоршуда аз ӯ фосила мегиранд.
Намояндагони маҷлиси ҳамҳизби оқои Янукович (Ҳизби манотиқ) ӯро ба "буздилӣ" муттаҳам карданд ва дастури ҳафтаи пешро, ки боъиси кушта шудани иддае дар майдони марказии Киев шуд, "ҷиноят" хонданд.
Кумакҳои иқтисодӣ
Дар ҳамин ҳол, Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, имрӯз вориди Киев мешавад , то ҳимояти иттиҳодияро аз раҳбарии ҷадиди Укройн нишон диҳад ва дар бораи иқдомоте, ки мешавад барои кумак ба иқтисоди буҳронзадаи Укройн анҷом дод, гуфтугӯ кунад.
Иттиҳодияи Урупо пеш аз ин гуфта буд, ки ба маҳзи рӯйи кор омадани давлате демукротик ба Укройн кумаки молӣ хоҳад кард.
Ҷурҷ Озбурн, вазири бозаргонии Бритониё, ҳам имрӯз гуфт бо кумакҳои иқтисодӣ ҳимояти худро аз давлати ҷадиди Укройн нишон хоҳад дод.
"Мардуми Укройн хости худро барои ояндаи кишварашон нишон додаанд ва ман фикр намекунам, ки мо бояд ба он на посухи манфӣ бидиҳем, балки бояд аз он истиқбол кунем."
"Мо бояд барои кумакҳои иқтисодӣ аз тариқи созмонҳое мисли Сандуқи Байналмилалии Пул омода бошем, албатта ин кумакҳо ба шакли вом ва амсоли он хоҳад буд, аммо сармоягузории муносибе ҳам дар Укройн анҷом хоҳад шуд."
Вазири дороии Омрико ҳам Укройнро ташвиқ кард, то ба маҳзи истиқрори як давлати интиқолӣ музокироти худро бо Сандуқи Байналмилалии Пул барои кумакҳои иқтисодӣ оғоз кунад.
Дархости Урупо ва Омрико аз Русия барои имтиноъ аз дахолати низомӣ
Аз тарафи дигар, як мақоми аршади Омрико рӯзи якшанбе ба Русия алайҳи дахолати низомии эҳтимолӣ дар Укройн ҳушдор дод.
Дар вокуниш, дар Вошингтун Сузон Ройс, мушовири амниятии раиси ҷумҳурии Омрико, ба Русия ҳушдор дод эъзоми нерӯ ба Укройн барои истиқрори муҷаддади раҳбарони муттаҳиди Маскав "иштибоҳи хатарнок" аст.
Хонуми Ройс гуфт: "Ин ба нафъи Укройн, Русия, Иттиҳодияи Урупо ё Омрико нест, ки Укройн ба ду бахш тақсим шавад, ба нафъи ҳеҷ кас нест, ки хушунат ба Укройн бозгардад ва ташдид шавад."
Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, ҳам аз Русия хост ба Укройн кумак кунад, то аз ин буҳрон қавитар ва муттаҳидтар барояд.
Сергей Глазев, мушовири Владимир Путин дар умури Укройн, қаблан гуфта буд Русия бояд дар буҳрони Укройн мудохила кунад, то ҷилави дахолати бориз ва яктарафи Омрикоро дар ин кишвар бигирад.
Вилиём Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё, ҳам ба Би-би-сӣ гуфт ҳар гуна дахолати низомии Русия ба зарари он кишвар хоҳад буд.
Порлумони Укройн якшанбеи 23 феврал ихтиёроти Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии барканоршудаи ин кишварро муваққатан бо Александр Турчинев дод. Оқои Турчинев пештар бо аксарияти оро ба унвони раиси порлумон интихоб шуда буд.
Ӯ, ки аз муттаҳидони Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқ аст, фардо ба унвони раис ҷумҳури муваққат спавганд мехӯрад ва то замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳуӣ дар 25 майи 2014 дар ин симат боқӣ мемонад.
