Идомаи эътирозҳо дар Укройн бо вуҷуди тавофуқ байни давлат ва мухолифон
Image copyrightReutersБо вуҷуди тавофуқе, ки миёни давлат ва мухолифон дар Укройн имзо шуда, дар тӯли шаби гузашта даҳҳо ҳазор нафар ҳамчунон дар майдони "Истиқлол" дар маркази шаҳри Киев мондаанд.
Ба гуфтаи хабарнигорон, муътаризон ба ин тавофуқ бо эҳтиёт нигоҳ мекунанд ва муътақиданд, ки муфодди (муқаррароти) он иҷро нахоҳад шуд.
Рӯзи ҷумъаи 21 феврал, замоне ки раҳбарони мухолифон дар майдони "Истиқлол" ҳозир шуданд, тазоҳуркунандагон онҳоро ҳав (бо ҳаёҳу сарзаниш) карданд.
Бисёре аз муътаризон аз ин хашмгин ҳастанд, ки раҳбарони мухолифон натавонистаанд Виктур Ёнукувич, раиси ҷумҳурро, водор ба истеъфо кунанд.
Баргузории интихоботи зудҳангом, ташкили давлати ваҳдати миллӣ ва эҷоди тағйироте дар қонуни асосӣ барои коҳиши ихтиёроти раиси ҷумҳур аз ҷумлаи муфодди ин тавофуқ аст.
Ин тавофуқ бо миёнҷигарии се кишвари урупоии Лаҳистон, Фаронса ва Олмон, ҳосил шуд.
Яке аз хабарнигорони Би-би-сӣ мегӯяд гурӯҳе аз муътаризон таҳдид кардаанд, ки агар оқои Ёнукувич то субҳи шанбеи 22 феврал (3 исфанд) истеъфо накунад, ба сохтмонҳои давлатӣ ҳамла хоҳанд кард.
Пештар, бо интиқоли тобути теъдоде аз кушташудагони хушунатҳои се рӯзи ахир ба майдони "Истиқлол" ин майдон шоҳиди саҳнаҳои ғамангези сӯгворӣ буд.
Бо он ки давлат ва мухолифон ба тавофуқ расидаанд, мардуми Укройн ҳамчунон ду даста ҳастанд ва эътирозҳо дар баъзе аз дигар шаҳрҳо низ идома дорад.
Дар шаҳри Лвив, воқеъ дар наздикии марзи Лаҳистон, муътаризон даст ба тазоҳуроти ором зада ва мегӯянд то вақте оқои Ёнукувич дар раъси қудрат аст, дар хиёбонҳо хоҳанд монд.
Баръакс, шаҳри Дунетск, дар шарқи Укройн ва дар қалби минтақае, ки бештар таҳти таъсири Русия аст ва ба он "кишвари Ёнукувич" мегӯянд, комилан ором аст.
Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ, мардуми ин шаҳр ба таври аланӣ (ошкор) аз давлат ҳимоят мекунанд, аммо нигарони он ҳастанд, ки идомаи буҳрон мунҷар ба ҷанги дохилӣ шавад.
Тайи се рӯзи ахир 77 нафар дар хушунатҳои Укройн кушта шуданд.
Нооромиҳои Укройн аз моҳи ноябр ва замоне оғоз шуд, ки Виктур Ёнукувич аз имзои як қарордоди тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо сар боз зад ва ба ҷойи он ба Русия бештар наздик шуд.
