Омрико: Хушунатҳо дар Укройн бояд мутаваққиф шавад

  • 21 Феврал, 2014
Image copyrightREUTERS
Image caption Яке аз мухолифон барои ҷилавгирӣ аз вуруди пулиси Укройн дар майдони Истиқлол сими хордор мекашад.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико ҳамзамон бо кушта шудани беш аз бист нафар дар хунинтарин рӯзи даргириҳо дар Киев, бо интишори баёнияе зимни шадидан маҳкум кардани ин хушунатҳо хостори таваққуфи фаврии хунрезиҳо дар Укройн шуд.

Дар ин баёния, ки дар соъоти поёнии рӯзи панҷшанбеи 20 феврал дар Вошингтун мунташир шуд, Ҷон Керрӣ гуфтааст: "Бо азобу асабоният даргириҳои хунин дар хиёбонҳои Киевро наззора кунем, ки чи тавр ҷонҳои бештаре гирифта мешавад ва хонаводаҳои бештаре бесомон мешаванд. Мардуми Укройн бисёр сазовортар аз ононд, ки ҳар рӯз шоҳиди маргу ранҷи беҳуда дар хиёбонҳои Киев, яке аз муҳимтарин шаҳрҳои Урупо бошанд."

Оқои Керрӣ дар ин баёния таъкид кардааст: "Хушунатҳо бояд мутаваққиф шавад. Мо қавиан истифода аз хушунат тавассути нерӯҳои амниятӣ алайҳи шаҳрвандонро маҳкум мекунем ва хостори он ҳастем, ки омилони ин хушунатҳо фавран барканор шаванд. Мардуми Укройн ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ омилони ин хушунатҳоро масъул медонанд ва онҳоро бозхост хоҳанд кард ва Иёлоти Муттаҳида аз ҳамакнун таҳримҳое алайҳи он даста аз мақомҳои укройнӣ, ки масъули ин хушунатҳо ҳастанд, иттихоз кардааст."

Ҳамзамон рӯзи панҷшанбе, вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Урупо бо эъмоли таҳрими он даста аз мақомҳои Укройн, ки "масъули хушунатҳо" дар ин кишвар ҳастанд, мувофиқат кардаанд.

Дар баёнияе, ки аз сӯйи ин мақомҳо содир шуда, омада, ки таҳримҳои эҳтимолӣ алайҳи онҳо шомили маҳдудияти сафар ва масдуд кардани дороиҳои онҳо хоҳад шуд.

Ин таҳаввулот пас аз даври тозае аз хушунатҳо дар Укройн байни муътаризон ва давлат сурат гирифтааст.

Оташбаси дурӯза миёни мухолифон ва давлати Укройн чанд соъат бештар давом наёвард ва пулису муътаризон дубора дар Киев, пойтахти ин кишвар даргир шуданд.

Бар асоси гузоришҳо беш аз бист нафар аз муътаризон дар даргириҳои рӯзи панҷшанбеи 20 феврал кушта шудаанд. Шоҳидони айнӣ ба Би-би-сӣ гуфтаанд бештари кушташудагон бо гулӯлаи тактирандозон кушта шудаанд.

Ҳамзамон вазорати кишвари Укройн аз сокинони пойтахт хоста аз хонаҳои худ хориҷ нашаванд.

Дар иттилоъияи вазорати кишвар гуфта шуда, ки хиёбонҳо ба далели ҳузури артиш ва афроди "муҳоҷими мусаллаҳ" ноамн аст.

Телевизиюни Укройн тасвири аҷсодеро нишон дода, ки дар хиёбонҳои атрофи майдони Истиқлоли Киев бар замин афтодаанд.

Илова бар ин манобеъи расмӣ эълом кардаанд тазоҳуркунандагон 66 пулисро ба гаравгон гирифтаанд ва як пулис ҳам кушта шудааст.

Сохтмони маҷлис ва ҳайати давлат ҳам аз бими ҳамла тахлия шудааст.

Матолиби муртабит