Раиси ҷумҳури Укройн аз 'тавофуқи сулҳ' бо мухолифон хабар дод

  • 21 Феврал, 2014
Image copyrightAFP

Дафтари Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Укройн, аз дастёбӣ ба тавофуқе бо мухолифон барои поён додан ба буҳрони ҷорӣ дар кишвар хабар додааст.

Гуфта шуда, ки ин тавофуқ дар пайи музокироти шаби гузашта бо раҳбарони мухолифон ва бо миёнҷигарии намояндагоне аз Иттиҳодияи Урупо ва Русия ба даст омадаст.

Ин дар ҳолест, ки гузоришҳо аз бозгашти ҳазорон муътариз ба майдони Истиқлол дар Киев, пойтахт? барои идомаи эътирозоти зиддидавлатӣ тайи имрӯз ҳикоят дорад.

Хабарнигори Би-би-сӣ авзоъро нисбатан ором гузориш кардааст.

Лурон Фобиус, вазири хориҷаи Фаронса, ки дар музокироти шаби гузашта ҳузур дошта, гуфтааст, ки дар бораи алоими ҳар гуна тавофуқе бояд "муҳтот" буд.

Оқои Фобиус афзуда тарафайн дар ин музокирот пазирутаанд, ки қабл аз ҳар гуна тавофуқе баёнияе содир накунанд.

Ҷузъиёте аз ин тавофуқ ироа нашуда, аммо дафтари раиси ҷумҳур гуфтааст, ки ин тавофуқ баъдан ба имзои тарафайн хоҳад расид, ин дар ҳолест, ки мухолифон ин иддаъоро таъйид накардаанд.

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ, оқои Янукович барои пазириши интихоботи зудҳангом ва тағйир дар Қонуни асосии ин кишвар таҳти фишор қарор дорад.

Image copyrightAFP

Ба гузориши вазорати беҳдошти Укройн ин даври тозаи хушунатҳо дар Укройн, ки аз сешанбеи 18 феврал оғоз шуд, ба кушта шудани дастикам 77 нафар ва маҷрӯҳ шудани ҳудуди 577 нафар мунҷар шудааст.

Аммо фаъъолон гуфтаанд, ки омори талафот эҳтимолан афзоиш хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи таҳлилгарон пас аз кушторҳои рӯзи гузашта эҷоди тавофуқе байни муътаризон ва давлат тақрибан ғайримумкин шудааст.

Рӯзи гузашҳта вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Урупо бо эъмоли таҳрими он даста аз мақомҳои Укройн, ки "масъули хушунатҳо" дар ин кишвар ҳастанд, мувофиқат карданд.

Дар баёнияе, ки аз сӯйи ин мақомҳо содир шуда, омада, ки таҳримҳои эҳтимолӣ алайҳи онҳо шомили маҳдудияти сафар ва масдуд кардани дороиҳои онҳо хоҳад шуд.

Оташбаси дурӯза миёни мухолифон ва давлати Укройн чанд соъат бештар давом наёвард ва пулису муътаризон дубора дар Киев, пойтахти ин кишвар? даргир шуданд.

Бар асоси гузоришҳо беш аз бист нафар аз муътаризон дар даргириҳои рӯзи панҷшанбеи 20 феврал кушта шуданд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ бештари кушташудагон бо гулӯлаи тактирандозон кушта шуданд.

Вокуниши Омрико

Image copyrightAFP

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико бо интишори баёнияе зимни маҳкум кардани ин хушунатҳо хостори таваққуфи фаврии хунрезиҳо дар ин кишвар шуд.

Оқои Керрӣ дар ин баёния таъкид кардааст: "Хушунатҳо бояд мутаваққиф шавад. Мо қавиан истифода аз хушунат тавассути нерӯҳои амниятӣ алайҳи шаҳрвандонро маҳкум мекунем ва хостори он ҳастем, ки омилони ин хушунатҳо фавран барканор шаванд. Мардуми Укройн ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ омилони ин хушунатҳоро масъул медонанд ва онҳоро бозхост хоҳанд кард ва Иёлоти Муттаҳида аз ҳамакнун таҳримҳое алайҳи он даста аз мақомҳои укройнӣ, ки масъули ин хушунатҳо ҳастанд, иттихоз кардааст."

Матолиби муртабит