Укройн дар партгоҳи ҷанги дохилӣ - назарҳо аз Тоҷикистон

  • 21 Феврал, 2014
УкройнImage copyrightReuters
Image caption Тазоҳуроти эътирозии мухолифони давлати Укройн дар майдони марказии шаҳри Киев

Тазоҳуроти эътирозии мухолифони давлати Укройн, ки се моҳ қабл дар майдони марказии шаҳри Киев оғоз шуд, дар рӯзҳои ахир ба хушунат гароида ва талафоти зиёди ҷонӣ ба дунбол доштааст.

Тибқи иттилоъи Вазорати беҳдошти Укройн, дар асари даргириҳо миёни муътаризон ва нерӯи пулис 75 нафар, аз ҷумла, 13 маъмури пулис, кушта ва беш аз 400 нафар захмӣ шудаанд.

Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки домани ин муноқишаҳо то ба куҷо хоҳад кашид ва миёни мухолифон бо мақомоти давлати Укройн барои дастёбӣ ба мусолиҳа оё тавофуқе ҳосил хоҳад шуд?

Дар ин маврид бо чанде аз раҳбарони аҳзоб, чеҳраҳои сиёсӣ ва коршиносони Тоҷикистон суҳбат кардем:

Усмон Солеҳ, сухангӯйи ҳизби ҳокими халқи демукрот:

Image copyrightBBC World Service

"Ба эътиқоди ман, мақомоти Укройн дар ҳалли ин мушкил таъхир карданд. Ҳанӯз бояд дар оғози тазоҳуроти эътирозӣ дар майдони марказии шаҳри Киев дар моҳи ноябри соли гузашта бо мухолифон аз роҳи музокирот ё тавассути истифода аз нерӯ ин мушкилро ҳал мекарданд.

Феълан тазоҳурот дигар осоишта ё сулҳомез набуда ва ба хушунат кашида шудааст. Мухолифон мусаллаҳ шудаанд. Агар аз афзоиши таниш ҷилавгирӣ нашавад, мумкин аст дар Укройн ҷанги дохилӣ оташ гирифта ва якпорчагии ин кишвар аз миён равад.

Давлати Укройн ба мухолифон зиёд гузашт кард. Ба намояндаи мухолифон мақоми нахуствазирӣ пешниҳод шуд ва афроди мухолиф аз зиндонҳо озод ва парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи онҳо қатъ шуд. Мухолифон ин гузаштҳоро заъфи ҳукумат донистанд.

Дар ҳоле ки Омрико ва давлатҳои Урупо ба таври ошкор дар умури дохилии Укройн мудохила карда ва аз мухолифон пуштибонӣ мекунанд, Русия мавзеъи бетарафонаеро пеша кардааст, ки ин гуна мавзеъгирӣ таъаҷҷубовар аст. Зеро нооромӣ дар Укройн ба кишварҳои ҳамсоя, дар қадами аввал, дар Русия ва ҷамоҳири дигари собиқи шӯравӣ низ асар хоҳад гузошт.

Ба андешаи ман, танҳо роҳи ҳалли ин мухолифат андешидани тадбирҳои қотеъ ва пароканда кардани тазоҳургарон аст. Зеро музокироти ҳукумат бо раҳбарони мухолифон натиҷае надода ва мумкин аст, ин муноқишот ба дарозо кашад."

Маҳмадалии Ҳайит, муъовини раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ:

Image copyrightBBC World Service

"Укройн, кишвари пасошӯравӣ, дар матбӯъоти Тоҷикистон ба унвони кишвари ҷангзада муъаррифӣ мешавад. Вале мардуми Укройн мутамаддин ҳастанд, роҳҳои ҳалли мусолиматомези мухолифатро ҷустуҷӯ доранд.

Аз ҷумла, Рада, порлумони ин кишвар, тавониста аз бурузи ҷанги дохилӣ дар Укройн ҷилавгирӣ кунад. Ҳамчунин, порлумон истифода аз нерӯ алайҳи тазоҳургарон ва амалиёти зиддитеруристиро мамнӯъ кард.

Тибқи маълумотҳо, тазоҳургарон низ силоҳ доранд. Чун тазоҳурот ба дарозо кашид, мардум силоҳ пайдо карданд. Аз сӯйи дигар, тазоҳургарон дар қисматҳои ғарбии Укройн, назири Лвов, Полтава ва Ровна идораи пулисро тасарруф карда ва силоҳу муҳиммоти ҷангиро ба сирқат бурдаанд. Ҳамчунин, гузоришҳо дар бораи ба тазоҳургарон пайвастани афроди пулис расидааст.

Ҳаводиси Укройн, табиъист, ки дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ асар хоҳад гузошт. То андозае ҳаводиси Укройн ба ҳаводиси баҳори соли 1992-и Тоҷикистон шабоҳат дорад.

Тафовут дар он аст, ки Русия мавзеъи бетарафиро ихтиёр карда ва дар ин ҳодиса мудохила накард. Танҳо ба ироаи кумакҳои иқтисодӣ иктифо кардааст. Агар дар соли 1992 мудохилаи Узбакистону Русия набуд, ҳаводиси Тоҷикистон низ ба ҷанги дохилӣ кашида намешуд.

Виктур Ёнукувич, раиси ҷумҳурии Укройн, дар мулоқот бо ҳайъати Иттиҳодияи Урупо ба баргузории интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ розӣ шудааст. Оқои Ёнукувич аз худ шаҳомату бузургӣ нишон дода ва аз истифода аз силоҳ алайҳи тазоҳургарон худдорӣ кард."

Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби кумунист:

Image copyrightBBC World Service

"Ҳаводиси Укройн нақшаи Омрикою НОТУ буд, ки қаблан тарҳрезӣ карда буданд. Мухолифонро, бахусус бендерачиҳоро (Остап Бендера, раҳбари миллатгароёни Укройн дар даврони Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм), сармоягузорӣ кард.

Мухолифони Укройн ба дастури сафоратҳои Омирикою Олмон кор мекунанд. Як намояндаи порлумони Укройн аз манотиқи шарқии ин кишвар ба телевизиюни Русия гуфт, ки Омрико ва НОТУ барои мухолифони Укройн 5 милёрд дулор ҷудо кардаанд. Русия натавонист ба Укройн ба миқдори зарурӣ кумаки молӣ кунад.

Ба эътиқоди ман, беҷуръатии Виктур Ёнукувич, раиси ҷумҳурии Укройн, боъиси чунин вазъият шуд. Зеро аз таҳримҳои Ғарб метарсад, пулҳои худу наздиконаш дар бонкҳои Урупою Омрико нигаҳдорӣ мешаванд. Бояд Ёнукувич мисли Олексондр Лукошенку, раиси ҷумҳурии Белорус, баҷуръат шуда ва мухолифонро ба зӯр пароканда мекард.

Ҳоло дар Укройн тақрибан ҷанги дохилӣ шурӯъ шуда ва ҳудуди 100 кас кушта шудааст. Гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифон раисони вилоятҳоро ба гаравгон гирифтаанд, ки ин табадддулоти давлатӣ маҳсуб мешавад.

Дар шароити феълӣ бояд раиси ҷумҳурии Укройн дар ин кишвар вазъияти фавқулъода эълом карда ва тавассути нерӯ тазоҳургаронро мутафарриқ кунад. Ин аз тариқ мумкин аст аз ҷанги дохилӣ ҷилавгирӣ шавад."

Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот:

Image copyrightBBC World Service

"Дар бурузи таниш дар Укройн раиси ҷумҳурӣ ва порлумони ин кишвар масъул ҳастанд. Агар дар ибтидои тазоҳурот дар моҳи ноябри соли гузашта бар асоси қавонини Укройн дар мавриди пайвастани Укройн ба Иттиҳодияи Урупо ҳамапурсӣ анҷом мешуд, ин ҳаводис рух намедод.

Он замон мақомоти Укройн раъйи мардумро дар даст доштанд ва мухолифон наметавонистанд алайҳи ин раъй раванд. Вале мақомоти Укройн аз ин имкони ҳуқуқии ҳалли мушкил истифода накарданд.

Ҳодисаҳои имрӯзи Укройн ба ҳаводиси баҳори соли 1992-и Тоҷикистон шабоҳат дорад. Виктур Ёнукувич чун Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳури вақти Тоҷикистон, беҷуръат аст. Ӯ мехоҳад ҳам ба Ғарб наздик бошад ва ҳам ба Русия. Дар сурати ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Урупо низ ин давлат бо таваҷҷуҳ ба манофеъи миллӣ метавонист бо Русия ҳамкориҳои танготанг дошта бошад.

Дар шароити феълӣ барои ҳалли муноқишот бояд ҳарчи зудтар мақомоти Укройн тақозоҳои мухолифонро пазируфта, Қонуни асосиро барои маҳдуд кардани салоҳияти раиси ҷумҳурӣ ислоҳ кунанд. Тибқи ин тағйирот порлумон дар идораи давлат таъсири бештаре хоҳад дошт.

Охири ҳар низоъ сулҳ буда, сулҳи бад аз ҷанги хуб беҳтар аст. Барои дастёбӣ ба мусолиҳа бояд аз роҳҳои диплумотик истифода шавад ва дар ин раванд СММ, Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо ва кишварҳои мушаххас ба унвони миёнҷӣ хидмат кунанд."

Матолиби муртабит