Муътаризони укройнӣ вориди кохи риёсати ҷумҳурӣ шуданд

  • 22 Феврал, 2014
Фаъъолони мухолифImage copyrightAFP
Image caption Посбонони вижа аз миёни муътаризон дар беруни кохи риёсати ҷумҳурии Укройн

Дар пайи таҳаввулоти рӯзи шанбеи 22 феврал дар Укройн, Юлиё Тимушенку, нахуствазири собиқ, аз зиндон озод шудааст.

Бар асоси гузориши дарёфтӣ, фаъъолони мухолиф кунтрули вурудиҳои дафотири давлатӣ дар Киев, пойтахтро, дар даст гирифта ва мегӯянд, ки аз сохтмонҳои давлатӣ ҳифозат мекунанд.

Дориюши Раҷабиён, хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, ки бо эъломи расмии пайвастани нерӯи интизомӣ ва пулиси вижаи Укройн ба муътаризон дар майдони "Истиқлол" осмони Киевро фишфишаҳо мунаввар кард.

Лаҳза ба лаҳза бо буҳрони Укройн

Гуфта шуда, ки Виктур Ёнукувич, раиси ҷумҳурӣ, ҳам дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Хоркуф дар наздикии марзи Русия аст. Ӯ дар як шабакаи телевизиюнӣ зоҳир шуда ва гуфтааст, ки истеъфо намекунад, вале мухолифи хунрезӣ аст. Вай афзуда, ки тамоми тасмимоти имрӯзи порлумон "ғайриқонунӣ аст."

Фармондорон ва маҷолиси маҳалӣ дар шарқи Укройн, ки бештар таҳти нуфузи Русия аст, гуфтаанд, ки ба салоҳияти Маҷлиси Миллӣ дар Киев эътимод надоранд.

Гузоришҳо ҳамчунин аз интихоби Олексондер Турчинуф ба мақоми риёсати маҷлиси Укройн ҳикоят дорад. Пештар гуфта шуд, ки Влодумир Рибок, раиси маҷлис, ба далели мушкилоти саломатӣ ва ҷисмонӣ аз мақомаш канорагирӣ кардааст.

Субҳи рӯзи шанбе маҷлиси Укройн бо аксарияти оро муқарраротеро тасвиб кард, ки бар асоси он Юлиё Тимушенку, нахуствазири собиқ, аз зиндон фавран озод мешавад. Аз миёни 387 узви маҷлис 310 нафар ба тарафдорӣ аз ин ислоҳия раъй доданд.

Тазоҳуркунандагони мухолифи давлат низ ҳамчунон майдони "Истиқлол"-и шаҳри Киевро дар ишғоли худ доранд. Тӯли шаби гузашта даҳҳо ҳазор нафар ҳамчунон дар ин майдон, ки дар маркази шаҳр аст, монданд.

Витолий Кличку, аз раҳбарони аслии мухолифон, ба муътаризон гуфт дар садади ҷалби ҳимояти порлумон барои тарҳест, ки дар он истеъфои оқои Ёнукувич тақозо шудааст.

Ба гуфтаи хабарнигорон, муътаризон ба тавофуқи рӯзи ҷумъа миёни давлат ва мухолифон бо эҳтиёт нигоҳ мекунанд ва муътақиданд, ки муфодди (муқаррароти) он иҷро нахоҳад шуд.

Рӯзи ҷумъа, замоне ки раҳбарони мухолифон дар майдони "Истиқлол" ҳозир шуданд, тазоҳуркунандагон онҳоро ҳав (бо ҳаёҳу сарзаниш) карданд.

Бисёре аз муътаризон аз ин хашмгин ҳастанд, ки раҳбарони мухолифон натавонистаанд Виктур Ёнукувич, раиси ҷумҳурро, водор ба истеъфо кунанд.

Image copyrightReuters

Баргузории интихоботи зудҳангом, ташкили давлати ваҳдати миллӣ ва эҷоди тағйироте дар қонуни асосӣ барои коҳиши ихтиёроти раиси ҷумҳур аз ҷумлаи муфодди ин тавофуқ аст.

Ин тавофуқ бо миёнҷигарии се кишвари урупоии Лаҳистон, Фаронса ва Олмон, ҳосил шуд.

Яке аз хабарнигорони Би-би-сӣ мегӯяд гурӯҳе аз муътаризон таҳдид кардаанд, ки агар оқои Ёнукувич то субҳи шанбеи 22 феврал (3 исфанд) истеъфо накунад, ба сохтмонҳои давлатӣ ҳамла хоҳанд кард.

Пештар, бо интиқоли тобути теъдоде аз кушташудагони хушунатҳои се рӯзи ахир ба майдони "Истиқлол" ин майдон шоҳиди саҳнаҳои ғамангези сӯгворӣ буд.

Бо он ки давлат ва мухолифон ба тавофуқ расидаанд, мардуми Укройн ҳамчунон ду даста ҳастанд ва эътирозҳо дар баъзе аз дигар шаҳрҳо низ идома дорад.

Дар шаҳри Лвив, воқеъ дар наздикии марзи Лаҳистон, муътаризон даст ба тазоҳуроти ором зада ва мегӯянд то вақте оқои Ёнукувич дар раъси қудрат аст, дар хиёбонҳо хоҳанд монд.

Баръакс, шаҳри Дунетск, дар шарқи Укройн ва дар қалби минтақае, ки бештар таҳти таъсири Русия аст ва ба он "кишвари Ёнукувич" мегӯянд, комилан ором аст.

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ, мардуми ин шаҳр ба таври аланӣ (ошкор) аз давлат ҳимоят мекунанд, аммо нигарони он ҳастанд, ки идомаи буҳрон мунҷар ба ҷанги дохилӣ шавад.

Тайи се рӯзи ахир 77 нафар дар хушунатҳои Укройн кушта шуданд.

Нооромиҳои Укройн аз моҳи ноябр ва замоне оғоз шуд, ки Виктур Ёнукувич аз имзои як қарордоди тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо сар боз зад ва ба ҷойи он ба Русия бештар наздик шуд.

Image copyrightAFP
Image copyrightGetty Images News

Матолиби муртабит