Маҷлиси Укройн ба барканории раиси ҷумҳурӣ раъй дод
Image copyrightReutersПорлумони Укройн ба барканории Виктур Ёнукувич, раиси ҷумҳурӣ, раъй додааст. Аъзои порлумон ҳамчунин таърихи баргузории интихоботро 25 май (ҳудуди се моҳи дигар) эълом кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки оқои Ёнукувич ҳаводиси ахири ин кишварро "кудето" хонда ва гуфтааст, ки аз қудрат канорагирӣ намекунад.
Оқои Ёнукувич дар мусоҳибае аз пеш забтшуда бо як шабакаи телевизиюни маҳаллӣ гуфт, ки ӯ раиси ҷумҳурии қонунии кишвар аст, ки аз тариқи интихобот бар сари кор омада ва канорагирӣ нахоҳад кард.
Лаҳза ба лаҳза бо буҳрони Укройн
Ӯ иқдоми порлумонро дар мавриди интихоботи рмёсати ҷумҳурии ҷадид ва дастури озодии фаврии Юлиё Тимушенку, нахуствазири собиқ ва аз мухолифони давлатро, ғайриқонунӣ донистааст.
Пештар баъзе аз намояндагони мухолиф дар порлумон гуфта буданд, ки ба оқои Ёнукувич пешниҳоди канорагирӣ аз қудратро додаанд.
Вазорати кишвар бо судури баёнияе ҳимояти худро аз мардум эълом кард.
Озодии Тимушенку
Дар пайи дастури порлумон мабнӣ бар озодии Юлиё Тимушенку ӯ аз бемористоне таҳти боздошт дар Хоркиф озод шудааст. Ӯ, ки аз қаҳрамонони инқилоби норанҷии соли 2004 дар Укройн буд, дар соли 2011 дар иртибот бо суиистифода аз қудрат ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд.
Вале тарафдоронаш мегӯянд зиндонӣ кардани хонум Тимушенку сирфан барои интиқомгирӣ ба далели кумаки ӯ ба тағйири натиҷаи интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 2004 буд, ки ба пирӯзии оқои Ёнукувуч мунҷар шуда буд. Мухолифон оқои Ёнукувичро ба тақаллуб дар ин интихобот муттаҳам карда буданд.
Пештар гузориш шуда буд, ки фаъъолони мухолиф кунтрули вурудиҳои дафотири давлатӣ дар Киев, пойтахтро, дар даст гирифта ва мегӯянд, ки аз сохтмонҳои давлатӣ ҳифозат мекунанд.
Дориюши Раҷабиён, хабарнигори Би-би-сӣ дар Киев мегӯяд, ки бо эъломи расмии пайвастани нерӯи интизомӣ ва пулиси вижаи Укройн ба муътаризон дар майдони "Истиқлол" осмони Киевро фишфишаҳо мунаввар кард.
Пештар аз интихоби Олексондер Турчинуф ба мақоми риёсати маҷлиси Укройн гузориш шуда буд. Влодумир Рибок, раиси маҷлис, ба далели мушкилоти саломатӣ ва ҷисмонӣ аз мақомаш канорагирӣ кардааст.
Оқои Раҷабиён мегӯяд оқои Турчинуф муъовини аввали ҳизби "Сарзамини падар"-и Юлиё Тимушенку ва аз наздиктарин ёрони ӯст. Ӯ барои муддате дар оғози истиқлоли Укройн муъовини нахуствазир ва раиси кумитеи амнияти миллӣ буд.
Оқои Турчинуф пас аз дар ихтиёр гирифтани курсии риёсати маҷлис гуфт: "Маркази сиқли қудрат дар Укройн порлумони он аст."
Ба назар мерасад оқои Турчинуф мехоҳад халои қудратеро, ки падид омада, пур кунад.
Субҳи рӯзи шанбе маҷлиси Укройн бо аксарияти оро муқарраротеро барои озодии Юлиё Тимушенку, нахуствазири собиқ, аз зиндон тасвиб кард. Аз миёни 387 узви маҷлис 310 нафар ба тарафдорӣ аз ин ислоҳия раъй доданд.
Тайи се рӯзи ахир 77 нафар дар хушунатҳои Укройн кушта шуданд.
Нооромиҳои Укройн аз моҳи ноябр ва замоне оғоз шуд, ки Виктур Ёнукувич аз имзои як қарордоди тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо сар боз зад ва ба ҷойи он ба Русия бештар наздик шуд.
Вокунишҳо
Сергей Ловруф, вазири хориҷаи Русия, гуфтааст, ки муътаризон ба тавофуқи сулҳе, ки рӯзи ҷумъаи 22 феврал бо ҳадафи ҳамвор кардани роҳ барои баргузории интихоботи зудҳангом бо давлат ба даст омад, пойбанд набудаанд.
Оқои Ловруф гуфт, ки мухолифон тавассути гурӯҳҳои мусаллаҳе ҳидоят мешаванд, ки иқдомоти онҳо таҳдиде барои тамомияти арзии кишвар ба шумор меравад. Вазири хориҷаи Русия аз кишварҳои Олмон, Фаронса ва Лаҳистон хоста, то аз нуфузашон барои мутаваққиф кардани муътаризон истифода кунанд.
Аммо вазири хориҷаи Лаҳистон, ки кишвараш дар ҷараёни музокироти байни давлат ва мухолифон нақши миёнҷиро дошт, икдоми порлумонро қонунӣ дониста ва гуфт, ки ин бастагӣ ба оқои Ёнукувич дорад, то қонуни асосии ҷадидро имзо кунад.
Фронк Волтер Иштойнмоер, вазири хориҷаи Олмон, ҳам аз давлат ва мухолифон хостааст, то ба тавофуқномаи сулҳе, ки миёни тарафайн ва бо ҳадафи поён додан ба буҳрон дар ин кишвар имзо шуд, эҳтиром бигзоранд.
Вазири хориҷаи Олмон гуфтааст, ки ҳол ин бастагӣ ба давлат ва муътаризон дорад, то ба ончи ки пазируфтаанд, пойбанд буда ва робитаеро бар пояи эҳтироми мутақобил эҷод кунанд.
Оқои Иштойнмоер авзоъи феълии Укройнро бисёр шикананда тавсиф карда ва афзуда авлавияти аслӣ дар ҳоли ҳозир ин аст, ки ду тараф дар мавриди ташкили давлате босабот, ки мавриди қабули ҳама бошад, гуфтугӯ кунанд.
Вилём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, бо судури баёнияе гуфтааст ҳаводиси 24 соъати гузашта дар Укройн нишондиҳандаи тамоюли мардуми ин кишвар ба доштани ояндае мутафовит аст. Ӯ таъкид карда, ки ба ҳамроҳи соири кишварҳои Иттиҳодияи Урупо аз ташкили давлате ҷадид дар Укройн ҳимоят мекунад.
