Порлумони Укройн давлати ваҳдати миллӣ ташкил медиҳад
Image copyrightbПорлумони Укройн ихтиёроти раиси ҷумҳури ин кишварро муваққатан ба Александр Турчинов додааст. Оқои Турчинов рӯзи гузашта бо аксарияти оро ба унвони раиси ҷадиди порлумон интихоб шуд.
Оқои Турчинов аз намояндагони порлумон хоста то рӯзи сешанбе (25 феврал) дар мавриди ташкили як давлати ваҳдати миллӣ ба тавофуқ бирасанд.
Ӯ яке аз наздиктарин ёрони Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқ аст. Хонуми Тимошенко, ки дар соли 2011 дар иртибот бо суиистифода аз қудрат ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи гузашта бано ба раъйи порлумон аз зиндон озод шуд.
Оқои Турчинов дар ҷаласаи имрӯзи порлумон, ки як рӯз пас аз барканории Виктор Янукович, раиси ҷумҳур ташкил шуд, гуфт, ки ташкили давлати ваҳдати миллӣ аз авлавият бархурдор аст.
Намояндагони порлумон ҳамчунин дар ҷаласаи имрӯз ба тавқифи амволи оқои Янукович дар наздикии Киев, пойтахт, ки рӯзи гузашта ба тасарруфи муътаризон даромад, раъй дод.
Порлумони Укройн дар ин ҷаласа дастури боздошти мақомоти аршади давлати собиқро, ки занни он меравад дар аъмоли муҷримона даст доштаанд, содир кард.
Ҳанӯз мушаххас нест, ки оқои Янукович куҷо аст, аммо рӯзи гузашта ӯ дар мусоҳибае аз пеш забтшуда ҳаводиси ин кишварро кудето хонд.
Нигаҳбонони марзӣ рӯзи гузашта гузориш карданд, ки ба оқои Янукович иҷоза надоданд то савор бар ҳавопаймо шуда ва ба Русия биравад.
Даргириҳои ахир дар Киев, пойтахти ин кишвар ба кушта шудани беш аз 80 нафар мунҷар шудааст.
Авзоъ дар майдони Истиқлол, ки маркази эътирозоти ахир буда, дар ҳоли ҳозир ором гузориш шудааст.
Кумаки Иттиҳодияи Урупо
Иттиҳодияи Урупо гуфтааст, ки ба маҳзи рӯй кор омадани давлате демукротик, ба ин кишвар кӯмаки молӣ хоҳад кард.
Дар ҳамин робита Улӣ Рен, кумисари иқтисодии Иттиҳодияи Урупо, ки дар нишасти гурӯҳи 20 дар Устролиё суҳбат мекард, гуфт бисёр муҳим аст то ин ниҳод чашмандози рӯшанеро ба мардуми Укройн, ки таъаҳҳуди худро ба арзишҳои ин иттиҳодия нишон додаанд, ироа диҳад.
Дар ҳошияи нишасти гурӯҳи 20 вузарои иқтисодии Омрико ва Русия ҳам дар бораи авзоъи Укройн гуфтугӯ карданд.
Ҷейкуб Лу, вазири хазонадории Омрико гуфтааст, ки ин кишвар омодаи кумак ба Укройн аст.
Русия ва Омрико дар ҷараёни эътирозоти ахир дар Укройн мавзеъгириҳои мутафовуте доштанд, дар ҳоле ки Омрико аз ҳомиёни муътаризон буда, Русия аз давлати Виктор Янукович пуштибонӣ мекард.
