Укройн масири Урупоро дар пеш мегирад
Image copyrightbАлександр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Укройн, бо таъкид бар сиёсати густариш ва таҳкими равобит бо Иттиҳодяи Урупо, аз Русия хостааст, ки ба "гузинаи урупоии" мардуми Укройн эҳтиром бигузорад.
Александр Турчинов гуфтааст, ки дар пайи равобити дӯстона бо Русия аст, аммо ин равобит бояд бар асоси асли баробарӣ ва эҳтироми мутақобил бошад ва Маскав бояд ҳаракати Укройн ба сӯйи Иттиҳодияи Урупоро бипазирад.
Аз тарафи дигар, як мақоми аршади Омрико рӯзи якшанбе ба Русия алайҳи дахолати низомии эҳтимолӣ дар Укройн ҳушдор дод.
Порлумони Укройн якшанбеи 23 феврал ихтиёроти Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии барканоршудаи ин кишварро муваққатан ба Александр Турчинов дод. Оқои Турчинов пештар бо аксарияти оро ба унвони раиси порлумон интихоб шуда буд.
Александр Турчинов эълом кардааст, ки мехоҳад робита бо Маскав идома пайдо кунад, вале дар равобити ҳасана ва ҷадид бояд "гузинаи урупоии Укройн ба расмият шинохта ва дар назар гирифта шавад."
Ӯ ҳамчунин дар мавриди паёмадҳои халои қудрат ва ҷудо шудани бахшҳои ғарбӣ ва шарқии Укройн аз якдигар ҳушдор дод.
Дар бахши шарқии Укройн, мардум умдатан тарафдори равобити наздик бо Русия ҳастанд, аммо бештари мардуми манотиқи ғарбӣ аз пайвастани Укройн ба Иттиҳодияи Урупо ҳимоят мекунанд.
Аз сӯйи дигар, Русия сафири ин кишвар дар Киевро барои машварат дар мавриди "вазъияти рӯ ба вахомати" Укройн ба Маскав фаро хондааст.
Ҳамзамон, дар Вошингтун Сузон Ройс, мушовири амниятии раиси ҷумҳурии Омрико ба Русия дар мавриди дахолати низомии эҳтимолӣ дар Укройн ҳушдор дода ва ҷунин иқдомеро "иштибоҳи бузурге" хондааст.
Хонуми Ройс гуфт: "Ин ба нафъи Укройн, Русия, Иттиҳодияи Урупо ё Омрико нест, ки Укройн ба ду бахш тақсим шавад, ба нафъи ҳеҷ кас нест, ки хушунат ба Укройн бозгардад ва ташдид шавад."
Таъкид бар ваҳдати миллӣ
Раиси ҷумҳурии муваққати Укройн аз намояндагони порлумон хостааст, ки то рӯзи сешанбеи ин ҳафта дар мавриди ташкили як давлати ваҳдати миллӣ ба тавофуқ бирасанд.
Ӯ гуфтааст, ки Виктор Янукович мехост, ки Укройнро ба қасди Русия тарк кунад, аммо марзбонони укройнӣ ҷилави ӯро гирифтанд.
Оқои Турчинов яке аз наздиктарин ёрони Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқ аст. Хонуми Тимошенко, ки дар соли 2011 дар иртибот бо сӯистифода аз қудрат ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи гузашта бино ба раъйи порлумон озод шуд.
Намояндагони порлумон ҳамчунин ба тавқифи амволи оқои Янукович дар наздикии Киев, пойтахт, ки рӯзи гузашта ба кунтрули муътаризон даромад, раъй дод.
Порлумони Укройн дар ин ҷаласа вазири умури хориҷаро барканор ва дастури боздошти вазири дороӣ ва додситони кулро содир кард.
Ҳанӯз мушаххас нест, ки оқои Янукович куҷо аст, аммо рӯзи гузашта ӯ дар мусоҳибае аз пеш забтшуда ҳаводиси ин кишварро кудето хонд.
Даргириҳои ахир дар Киев, пойтахти ин кишвар ба кушта шудани беш аз 80 нафар мунҷар шудааст.
Авзоъ дар майдони Истиқлол, ки маркази эътирозоти ахир буда, дар ҳоли ҳозир ором гузориш шудааст.
Иттиҳодияи Урупо гуфтааст, ки ба маҳзи рӯй кор омадани давлате демукротик, ба ин кишвар кӯмаки молӣ хоҳад кард.
Қарор аст, ки Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо рӯзи душанбе ба Киев сафар кунад.
Ҷейкоб Лу, вазири дороии Омрико, низ гуфтааст, ки ин кишвар омодаи кумак ба Укройн аст.
