Русия лаҳни худро алайҳи роҳбарони Укройн тундтар кард

  • 25 Феврал, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Владимир Путин ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурӣ ва нахуствазири Русия

Дар пайи барканории раиси ҷумҳурии собиқи Укройн, Русия лаҳни худро алайҳи раҳбарии тозаи ин кишвар тундтар кардааст.

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, гуфтааст давлати муваққат дарКиев бо "шӯриши мусаллаҳона" рӯйи кор омада ва вазири умури хориҷаи Русия низ гуфтааст мухолифон таҳаввулоти тоза, бавижа дар манотиқи русзабон бо саркӯб рӯбарӯ ҳастанд.

Пештар вазири кишвари муваққати Укройн эълом карда буд дастури боздошти Виктор Янукович, раиси ҷумҳури собиқи кишвар, содир шудааст.

Русия гуфта сафирашро "барои машваратҳои бештар" ба кишвар фаро хондааст.

Нооромиҳо дар Укройн дар моҳи ноябри гузашта замоне оғоз шуд, ки оқои Янукович як тавофуқи тиҷории муҳим бо Иттиҳодияи Урупоро барои наздиктар шудан ба Русия рад кард.

Ба гузориши хабаргузориҳои Русия, оқои Медведев гуфтааст кишварҳои ғарбӣ, ки раҳбарии тозаи Укройнро пазируфтанд, муртакиби иштибоҳ шудаанд.

Ба гуфтаи оқои Медведев, "машруъияти теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз ургонҳои қудрат маҳалли тардид аст, аммо бархе шуракои ғарбии мо шакли дигаре фикр мекунанд. Машруъ донистани ҳосили як шӯриши мусаллаҳона кӯтоҳфикрист."

Нахуствазири Русия гуфтааст: "Мо намедонем моҷаро чист, аммо хатаре воқеъӣ манофеъи мо ва шаҳрвандонамонро таҳдид мекунад."

Вазири умури хориҷаи Укройн дар вокуниш ба изҳороти оқои Медведев дар бораи шаҳрвандони Русия дар Укройн гуфтаҳои ӯро беасос хондааст.

Бо ин ҳама, вазорати умури хориҷаи Русия бо судури баёнияи тунде таҳаввулоти Укройнро "тағйири қудрат ба зӯр" хонда ва раҳбарони муваққати кишварро муттаҳам карда, ки қавонинеро бо ҳадафи "маҳдуд кардани русҳо ва ақаллиятҳои қавмӣ" тасвиб кардаанд. Бо ин ҳама ҷузъиёти бештаре дар бораи ин қавонини маҳдудкунанда ироа нашудааст.

Ғарб дар баробари Русия

Image copyrightGetty
Image caption Котрин Аштун, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо дар майдони Истиқлоли Киев

Рӯзи якшанбе порлумони Укройн мавқеъияти забони русиро бо лағви қонуне, ки оқои Янукович тасвиб карда буд, коҳиш дод.

Дар ҳамин ҳол, Котрин Аштун, раиси сиёсати хориҷи Иттиҳодияи Урупо, барои гуфтугӯ дар бораи ҳимояти иқтисодӣ ва сиёсӣ аз раҳбарони тозаи Укройн ба ин кишвар сафар кардааст.

Укройн бо эҳтимоли варшикастагӣ рӯбарӯст ва эҳтимоли дарёфти воме, ки Русия ваъдаашро пештар дода буд, камтару камтар мешавад.

Хонуми Аштун аз майдони Истиқлол, маҳалли даргирии хунини пулис ва муътаризон, дидор карда ва бо Александр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Укройн, дидор кардааст

Рӯзи душанбе Фронсуо Улод, раиси ҷумҳури Фаронса низ дар тамоси телефунӣ бо Владимир Путин, ҳамтои рус, хостори гузори сиёсии мусолиматомез дар Укройн шудааст.

Дар баёнияе, ки дафтари оқои Улонд мунташир карда, бар "аҳаммияти итминон аз иттихоз ва истиқлоли арзӣ" дар кишвар таъкид шудааст.

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико ва Ангело Меркел, садри аъзами Олмон, низ паёмҳои мушобеҳеро дар рӯзҳои гузашта ба оқои Путин расондаанд.

Рӯзи душанбе Омрико эълом кард омодаи ҳимояти молӣ аз Укройн аст ва метавонад кумаки такмилии худро дар канори воми Сандуқи Байналмилалии Пул ба Укройн бидиҳад.

Матолиби муртабит