Каланҷори Укройн бо торихаш

  • 24 Феврал, 2014
майдони Истиқлоли Киев
Image caption Ҷамъият аз майдони Истиқлоли пойтахт монанди як муза боздид мекунанд

Ҳудуди 100 сол пеш, вақте ки Владимир Ленин ба унвони мунодии ҳамбастагии прулаториёи ҷаҳон фориғ аз ҳар навъи таъаллуқи қавмиву нажодӣ ва забонӣ нахустин ҳастаҳои як "ҷаҳон кишвар"-ро шакл медод, шояд ҳаргиз ба зеҳнаш хутур накарда буд, ки рӯзе рӯзгоре ба намоди таъаллуқи қавм ва забонии хосс табдил хоҳад шуд, он ҳам дар Киев ва шаҳрҳои атрофи он ки рӯзгоре қалби тапандаи нахустин давлати рус буд, мавсум ба шоҳигарии "Руси Киев".

Албата дар замонҳои дур, 11 қарн пеш. Аммо "чунон намонду чунини низ ҳам нахоҳад монд".

Акнун Ленин дар Киев ва перомуни он ба ҳомиёне ниёз дорад. Аз моҳи декабри гузашта то кунун даҳҳо тандиси Ленин дар саросари Укройн бо сар ба замин хӯрда ва муталошӣ шудааст, ба дасти афроде ки вобастагии имрӯзи Укройн ба Русияро тақсири Ленин медонанд; ё касоне, ки бар мавҷи шӯр ва ҳаяҷони майдони Истиқлоли Киев саворанд ва мехоҳанд дар ин рӯзҳои торихӣ то дер нашуда, аз худашон ҳам нишоне бигузоранд ва ному хотираи офаридгори Шуравиро бенишон кунанд.

Рӯзи якшанбе, 23 феврал чандсад нафар аз вафодорони пешвои прулаториё дар Хоркиф, бузургтарини шаҳри шарқи Укройн, давр то даври муҷассамаи ӯро гирифта буданд, то аз маъдуд ёдгориҳои Шуравӣ дасти кам ин якеро ҳифз кунанд. Онҳо касоне буданд, ки афзун бар посдорӣ аз мероси Ленин, пойдории пайванди забонӣ ва фарҳангӣ ва сиёсии Укройн бо зодбуми ӯро ҳам боиста медонанд.

Image caption Муроқибат аз майдон ва атрофи он ба тамом ба уҳдаи майдондорон аст

Ин бор тандиси Ленин аз хашм ва ғайзе, ки сад сол фосилаи ҳолиаш намешуд, дар амон монд. Аммо шакке нест ки қаҳрамонони тоза бар ин ва дигар муҷассамаҳои Ленин дар Укройн сояи сангин андохтаанд.

Майдони Истиқлоли Киев рӯзи якшанбе, шабеҳи як маъбад буд; пур аз гули мехак ва шамъ ва шамъдони рангин, рӯйи сангҳо, ки то ҳамин ду се рӯзи пеш шоҳиди ҷонситонӣ ва ҷонфишонӣ буданд.

Омори расмии вазорати беҳдошти Укройн 82 кушта аст; ғолибан аз ҷумлаи муътаризони майдон, ки имрӯз чун фотеҳони майдони сиёсат арҷ мебинанд. Ҷой ҷойи майдон акси қурбониён бо гулу шамъ, "ҳиҷлаҳои шуҳадо"-ро дар зеҳнҳо тадоъӣ мекунад.

Ҷамъият рафта рафта бештар ва бештар мешавад, ки аз майдон монанди як муза боздид мекунанд. Пояи таппаҳои перомуни майдон табдил ба "девори надба" шудааст; маҳалли ниёйиш ва дуъои касоне, ки шояд барои аввалин бор по ба мақари муътаризон гузоштаанд, аммо чашмҳо мутаъассир ва гоҳ гирён аст. Ба ёди ононе ки кушта шуданашон бар қуввати майдоннишинон афзуд ва ба заъфи рақибон анҷомид; ба поси хуне, ки бар шамшер пирӯз шуд.

Рӯзи якшанбе барои аввалин бор бидуни кулоҳхуд ва ҷалиқаи зиддигулӯла ба майдон рафтам. Арзёбии масъулони эминии хабарнигорон ин буд, ки майдонро дигар хатаре таҳдид намекунад. Муроқибат аз майдон ва атрофи он ба тамом ба уҳдаи майдондорон аст. Кунтрули трофики атрофи майдон ҳам. Ва раиси ҷумҳури муваққати Укройн ҳам акнун касе аст, ки аз ҳимояти майдон бархурдор аст ва гӯйӣ иҷрои хостаҳои майдони истиқлолро ҷузъи вазоифи аввалияаш медонад. Аммо нафаси набуди нерӯи интизомии ҳирфаӣ дар хиёбонҳо нишонае бориз аз халое аст, ки ҳанӯз пур нашудааст.

Матолиби муртабит