Вокуниши шадиди Русия ба таҳаввулот дар Укройн

  • 24 Феврал, 2014
Дмитрий МедведевImage copyrightAP

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия нооромиҳо дар Укройнро таҳдиде барои манофеъ ва шаҳрвандони Русия донистааст.

Ин шадидтарин вокунише аст, ки то кунун Русия нисбат ба таҳаввулоти ахир дар Укройн, ки ба барканории Виктор Янукович мунҷар шуд, доштааст.

Оқои Медведев ҳамчунин машруъияти давлати муваққати Укройнро ба зери савол бурда ва гуфт, ки ин давлат дар натиҷаи "шӯриши мусаллаҳона" бар сари кор омадааст.

Оқои Медведев ин суханонро дар ҳоле баён карда, ки пештар Александр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати Укройн аз Русия хост то ба интихоби мардуми ин кишвар дар доштани равобити наздик бо Урупо эҳтиром бигзорад.

Дар ҳамин ҳол Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ба манзури ҳимояти молӣ ва сиёсӣ аз раҳбарони ҷадиди Укройн ба ин кишвар сафар мекунад.

Ҷурҷ Озбурн, вазири бозаргонии Бритониё ҳам имрӯз гуфт, ки бо кумакҳои иқтисодӣ ҳимояти ин кишварро аз давлати ҷадиди Укройн нишон хоҳад дод.

Иттиҳодияи Урупо пеш аз ин гуфта буд, ки ба маҳзи рӯй кор омадани давлатии демукротик ба Укройн кумаки молӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи хабарнигори иқтисодии Би-би-сӣ, Укройн барои бозпардохти бидеҳиҳояш ниёзманди кумакҳои молӣ аст, бо таваҷҷуҳ ба ин ки кумаки 15 милёрд дулории Русия ба ин кишвар ба дунболи таҳаввулоти ахир зоҳиран амалӣ нахоҳад шуд.

Дастури боздошти Виктор Янукович

Вазири кишвари Укройн дар саҳфаи Фейсбуки худ эълом кард, ки дастури боздошти Виктор Янукович, раиси ҷумҳури барканоршударо ба далели куштори муътаризон дар ин кишвар содир кардааст.

Намояндагони порлумон рӯзи шанбе (22 феврал) ба барканории оқои Янукович аз қудрат раъй доданд.

Даври тозаи даргириҳо дар Укройн, ки аз ҳафтаи гузашта оғоз шуд, даҳҳо кушта ба ҷой гузошт.

Тозатарин гузоришҳо аз Укройн ҳокӣ аст, ки ҳазорон нафар аз мардум ҳамчунон дар майдони Истиқлоли шаҳри Киев, пойтахт ҳузур доранд.

Онҳо гуфтаанд, ки то замони интихоби раиси ҷумҳури ҷадид ин майдонро тарк намекунанд.

Матолиби муртабит