Порлумони Укройн: Янукович бояд дар додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ муҳокима шавад

  • 26 Феврал, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Намое аз вилои Виктор Пшонка ба ҳамроҳи тоблуе аз ӯ ва Виктор Янукович. Гуфта мешавад ҳар дуи онҳо аз кишвар гурехтаанд

Порлумони Укройн имрӯз ба иттифоқи оро раъй дод, ки Виктур Янукович, раиси ҷумҳури барканоршуда ва фирории ин кишвар, пас аз дастгирӣ барои муҳокима ба иттиҳоми "ҷиноёти густарда" ба додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ муъаррифӣ шавад.

Дар қатъномаи порлумон оқои Янукович ва ду нафар аз аъзои давлати ӯ - Виталий Захарченко, вазири собиқи кишвар ва Виктор Пшонка, додситони кулли собиқ - муттаҳам ҳастанд, ки дар кушта шудани беш аз сад нафар ва захмӣ шудани дастикам ду ҳазор нафар нақш доштаанд.

Ба илова, давлати оқои Янукович ба сӯистифода аз қудрат ва шиканҷаи мухолифон (аз ҷумла бараҳна кардани зиндониён дар сармои -15 дараҷа) муттаҳам шудааст.

Аммо рӯзи сешанбеи 25 феврал сухангӯйи додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ эълом кард ҳанӯз ҳеҷ дархосте дар ин бора ба ин додгоҳ нарасидааст.

Фодӣ Абдуллоҳ, сухангӯйи ин додгоҳ, гуфт, ки давлатҳо метавонанд аз ин додгоҳ тақозои расидагии қазоӣ кунанд, аммо ин додгоҳ аст, ки тасмим хоҳад гирифт, ки дар мавриди як дархост парвандае боз кунад ё на.

Порлумони Укройн имрӯз қарор буд барои ташкили давлати эътилофӣ раъйгирӣ кунад, аммо ин раъйгирӣ то панҷшанбе ба таъвиқ афтод.

Александр Турчинов, раиси порлумон, ки муваққатан то замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи май раиси ҷумҳур хоҳад буд, рӯзи 25 феврал таъхири раъйгириро то рӯзи панҷшанбе эълом кард ва гуфт "барои ташкили эътилофи миллӣ аз муътамадони мардум" ба машварати бештаре ниёз аст.

Хатари ҷудоиталабӣ

Image copyrightAFP.GETTY Images
Image caption Оқои Турчинов мегӯяд Укройн имсол бояд 13 милёрд бидеҳии хориҷиро бозпардохт кунад

Оқои Турчинов дар нутқи худ дар порлумон дар бораи хатари ҷудоиталабӣ низ ҳушдор дод ва онро таҳдиде ҷиддӣ хонд.

Раиси ҷумҳурии муваққати Укройн ба "нишонаҳои хатарноки ҷудоиталабӣ" дар ин кишвар ишора кард. Ӯ қарор аст имрӯз бо мақомоти амниятӣ, қазоӣ ва пулис дидор ва дар бораи рушди ҷудоиталабӣ дар манотиқе аз кишвар, ки аз раиси ҷумҳурии барканоршуда Виктор Янукович ҳимоят мекунанд, гуфтугӯ кунанд.

Манотиқи шарқӣ (Қрим) ва ҷанубии Укройн, ки бештари сокинонаш насаби русӣ доранд ва ба ин забон суҳбат мекунанд, бо барканории давлати собиқ мухолифанд.

Пас аз барканории Виктор Янукович, ки муттаҳиди Русия ба шумор мерафт, ҳамсояи бузурги Укройн вокуниши тунде дар қиболи рӯйи кор омадани давлати ҷадид нишон дод.

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия дирӯз гуфт, ки давлати муваққат дар Киев бо "шӯриши мусаллаҳона" рӯйи кор омада ва барои Русия душвор аст бо "афроди калашниковбадасте, ки бо москҳои сиёҳ дар Киев ҷавлон медиҳанд, то давлат ташкил диҳанд" таъомул кунад.

Вазорати умури хориҷаи Русия ҳам бо интиқод аз Иттиҳодияи Урупо паймони оташбасеро, ки рӯзи ҷумъаи гузашта имзо шуда буд, пӯшише барои "тағйири ҳукумат бо зӯр" тавсиф кард ва гуфт мухолифони таҳаввулоти тоза ба вижа дар мунотиқи русзабон бо саркӯб рӯбарӯ ҳастанд.

Ҳудуди се ҳафта пеш мушовири Владимир Путин дар умури Укройн гуфта буд, ки Русия бояд дар буҳрони Укройн мудохила кунад, то ҷилави дахолати бориз ва яктарафаи Омрикоро дар ин кишвар бигирад ва монеъи кудето шавад.

Бо рӯйи кор омадани давлати муваққат, нигаронӣ аз дахолати низомии Русия ва такрори он чи дар соли 2008 дар Гурҷистон афтод, шиддат гирифт.

Омрико ва Урупо ҳам нигаронии худро аз дахолати низомии Русия иброз карданд ва ба Маскав дар ин бора ҳушдор доданд.

Бо ин ҳол, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, рӯзи 25 феврал дар Маскав гуфт "сиёсати адами дахолати " Русия ҳамчунон идома хоҳад дошт.

Бо ин ҳол, ӯ ба кишварҳое, ки ба дунболи "манофеъхи яксӯяи" худ дар Укройн ҳастанд, ҳушдор дод: "истифода аз зӯр дар Укройн ҳам хатарнок аст музир, чи ба нафъи мо бошад, чи ба зарари мо."

Image copyrightReuters
Image caption Тасовири вилои муҷалали Виктор Пшонка, додситони кулли собиқи Укройн таваҷҷуҳи зиёдеро дар дохил ва хориҷи ин кишвар ҷалб кардааст

Оқои Лавров бо ишора ба ин ки давлати муваққати Укройн авлавияти худро пайвастан ба "хонаводаи кишварҳои урупоӣ" унвон карда, гуфт мулҳақ шудани Укройн ба дигар кишварҳои урупоӣ "дар ҷиҳати манофеъи Русия" аст, аммо ин ки ба "тундравҳо ва миллигроҳое", ки мехоҳанд арсаро дар даст бигиранд, иҷозаи чунин коре дода шавад, муғойири манофеъи Русия аст.

Давлати Русия нуфуз ва қудрати таърихӣ-фарҳангӣ ва сиёсӣ-иқтисодии зиёде дар Укройн дорад ва рӯи кор омадани давлати ҷадидро дар ҷиҳати манофеъи худ намедонад.

Русия нигарон аст, ки бо пайвастан ба Укройн ба Иттиҳодияи Урупо бо НОТУ ҳаммарз шавад.

Матолиби муртабит