Эҳтимоли даргирии мухолифон ва мувофиқони Русия дар Укройн

  • 26 Феврал, 2014
тазоҳурот дар КримеImage copyrightReuters
Image caption Хатари ҷанги дохилӣ ҷомеъаи дупораи Укройнро таҳдид мекунад

Пулис дар ҷумҳурии худмухтори Криме дар ҷануби шарқии Укройн талош мекунад, ки аз даргирии ду гурӯҳи мухолиф ва мувофиқи Русия, ки дар муқобили сохтмони порлумон таҷаммуъ кардаанд, ҷилавгирӣ кунад.

Ҳудуди даҳ ҳазор мусалмони тотор дар Симферепул, пойтахти Криме таҷаммуъ кардаанд ва бо такон додани парчамҳои Укройн, шиъор медиҳанд "Укройн, Русия нест."

Гурӯҳе кучактар аз ҳаводорони Русия ҳам, ки аз давлати ин кишвар мехоҳанд аз онҳо дифоъ кунад, ҳамзамон ба хиёбон омадаанд ва байни ду гурӯҳ даргирии мухтасаре рух додааст.

Дар Киев, пойтахти Укройн аъзои кобинаи ҷадиди тарафдори Урупо қарор аст имрӯз чаҳоршанбе, 26 феврал (7 исфанд) дар майдони Истиқлол ба ҷамъият муъаррифӣ шаванд.

Ин кобина ҷойгузини давлати Виктор Янукович, раиси ҷумҳури махлуъи Укройн хоҳад шуд.

Дар таҳаввуле дигар давлати муваққати Укройн пулиси вижаи ин кишвар мавсум ба Беркутро мунҳал кардааст. Ин нерӯҳои зидишӯриш мутаҳаманд, ки дар нооромиҳои ҳафтаи гузаштаи Киев, пойтахт даҳҳо нафар аз муътаризонро куштаанд.

Ҳамзамон бо боло гирифтани таниш дар Укройн Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дастури анҷоми як размоиши низомиро дар ғарби Русия содир кардааст.

Дар ин ҳол арзиши воҳиди пули миллии Укройн дар муқобили дулори Омрико ба камтарин ҳади худ расида ва бесаботии сиёсӣ ба мушкилоти иқтисодӣ, ки аз қабл ҳам вуҷуд дошт, доман мезанад.

Бо таваҷҷуҳ ба мутаваққиф шудани кумаки молӣ, ки қарор буд Русия дар ихтиёри Укройн қарор диҳад, ниёзи ин кишвар ба ҳимояти молии Иттиҳодияи Урупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул рӯз ба рӯз бештар мешавад.

Матолиби муртабит