Афроди мусаллаҳ сохтмонҳои давлатии Криме дар Укройнро ишғол карданд
Image copyrightAFPАфроди мусаллаҳи ношинос сохтмонҳои давлатӣ дар нимҷазираи Криме (Қрим) дар ҷануби Укройнро ишғол кардаанд.
Бомдоди панҷшанбеи 27 феврал манобеъи хабарӣ гузориш карданд, ки афроди мусаллаҳи ношинос вориди порлумон ва сохтмони мақарри кобинеи маҳаллии Ҷумҳурии Худмухтори Криме шуда ва ин амокинро ба ишғоли худ дароварда ва парчамҳои Русияро бар фарози ин сохтмонҳо насб кардаанд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз даргирии байни мувофиқон ва мухолифони Русия ин маҳал дар муҳосираи нерӯҳои амниятӣ қарор гирифтааст.
Ба гузориши хабаргузории русии "Интерфакс", яке аз роҳбарони қавмии тоторҳои Криме дар паёме дар Фейсбуки худ навиштааст, ки порлумон ва дафтари ҳайъати давлати маҳаллӣ ба ишғоли афроди унифурмпӯше даромада, ки мушаххас нест ба чи созмон ё гурӯҳе вобаста ҳастанд. Бар асоси ин гузориш, ишғолкунандагони ин марокиз ҳанӯз дархосте матраҳ накардаанд. Бархе манобеъи маҳаллӣ гуфтаанд, ки ду гурӯҳи муташаккил аз ҳудуди шаст фарди мусаллаҳ, вориди сохтмонҳои давлатии Криме шудаанд.
Рӯзи гузашта бандари Севоступул, маркази Криме, шоҳиди даргирии хушунатомези байни тазоҳуркунандагони тарафдори Русия ва мухолифони онон, бахусус фаъъолони сиёсии қавми тотор буд, дар ҳоле ки маъмурони интизомӣ мекӯшиданд монеъ аз бархӯрди ду тараф шаванд.
Даргириҳои Криме нишонае аз ихтилофи назари амиқ дар миёни мардуми Укройн бар сари идомаи робитаи суннатии ин кишвар бо Русия дар баробари барқарории равобити наздиктар бо кишварҳои ғарбӣ аст. Дар ҳоле ки бархе аз мардуми Укройн, бахусус сокинони бахшҳои умдатан русзабон хостори равобити наздики тиҷорӣ ва сиёсӣ бо Русия ҳастанд, бархе дигар аз шаҳрвандони ин кишвар муътақиданд, ки истиқлоли амал ва пешрафти отии кишварашон ба иртиботи наздиктар бо Урупои Ғарбӣ бастагӣ дорад.
Укройн аз ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ буд ва ҳудуди 17 дарсад аз ҷамъияти онро рустаборон ташкил медиҳанд. Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлоли Укройн, новгони дарёии Русия дар дарёи Сиёҳ ҳамчунон пойгоҳи худро дар нимҷазираи Криме ҳифз кардааст.
Иқдоми порлумони Укройн дар барканории Виктор Янукович, раиси ҷумҳури тарафдори Русия, дар рӯзи сешаненбе нохурсандӣ ва ибрози нигаронии давлати Русия дар мавриди ояндаи равобити ду кишварро дар пай овард. Русия нигарони он аст, ки гароиши бештари Укройн ба ҳамкории иқтисодӣ бо Урупои Ғарбӣ, дар ниҳоят ба густариши равобити низомии ду тараф ва густариши ҳузури низомии Ғарб дар марзи Русия мунҷар шавад.
Рӯзи гузашта гузориш шуд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, воҳидҳои артиш дар ғарби ин кишварро ба ҳолати омодабош дароварда ва дастури анҷоми монуври низомӣ дар ин минтақаро содир кардааст. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ин монувр бо ширкати яксаду панҷоҳ ҳазор тан аз нафароти артиши Русия, навад фарванд ҳавопаймо, ҳаштсаду ҳаштод дастгоҳ тонк ва ҳаштод фарванд киштии ҷангӣ аз баъд аз зуҳри чаҳоршанбе оғоз шуда ва ҳудуди як ҳафта идома хоҳад дошт.
Вазорати дифоъи Русия гуфтааст, ки ҳадаф аз иҷрои ин монувр ва судури дастури омодабоши низомӣ омодагии лозим барои дифоъ аз новгони дарёии Русия дар дарёи Сиёҳ мустақар дар нимҷазираи Криме аст.
Ихтилофи Шарқ ва Ғарб
Омодабоши артиши Русия, ки бархе манобеъи ғарбӣ онро ҳушдоре тҳдидомез алайҳи Укройн тавсиф кардаанд, вокуниши тунди мақомоти омрикоиро дар пай овардааст. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, ҳушдор дод, ки ҳар гуна дахолати низомии Русия дар Укройн "иштибоҳе чиддӣ" хоҳад буд. Вай пештар хостори эҳтироми тамомии кишварҳо ба тамомияти арзӣ ва ҳаққи ҳокимияти" Укройн шуда буд.
Вазири хориҷаи Омрико дар айни изҳороти ҳамтои русии худ ёдовар шуд, ки бо таъкид бар адами мудохилаи кившараш дар умури дохилии Укройн, аз соири кишварҳо хоста буд ба ҳамин тартиб амал кунанд. Ҷон Керрӣ афзуд, ки умедвор аст мақомоти русӣ ба ин тавсияи худ амал кунанд.
Чандин ҳафта буҳрони сиёсӣ дар Укройн ҳамроҳ бо сӯимудирият ва фасоди иқтисодӣ, боъиси бурузи ин нигаронӣ шудааст, ки мумкин аст давлати ҷадиди ин кишвар қодир ба амал ба таъаҳҳудоти молии худ набошад ва ба ин тартиб як буҳрони вахими иқтисодӣ низ ба буҳрони сиёсии мавҷуд афзуда шавад.
Барои ҷилавгирӣ аз бурузи чунин вазъияте вазири хориҷаи Омрико гуфтааст, ки давлати ӯ дар назар дорад дар мавриди эътиборе ба маблағи як милёрд дулор барои тазмини пардохтҳои фаврии давлати Укройн иқдом кунад ва Иттиҳодияи Урупо низ маблағи яку ним милёрд дулорро ба ҳамин манзур ихтисос хоҳад дод.
Буҳрони сиёсии Укройн дар моҳи ноябри соли гузашта ва замоне оғоз шуд, ки Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии барканоршуд,а эълом кард дар баробари дарёфти ваъдаи кумаки молии Русия ба маблағи понздаҳмилёрд дулор тасмим гирифтааст ба ҷои пайгирии сиёсати тақвияти равобити иқтисодӣ бо Иттиҳодияи Урупо, равобити тиҷории Укройн бо Русияро густариш диҳад. Ин тасмим ба баргузории тазоҳуроти эътирозӣ мунҷар шуд, ки талафотеро ҳам дар пай дошт.
Порлумони Укройн тасмим гирифтааст оқои Януковичро дар ихтиёри додгоҳи кайфарии байналмилалӣ қарор диҳад, то ба иттиҳоми масъулияти хушунати нерӯҳои анмиятӣ алайҳи тазоҳуркунандагон ва қатли шуморе аз онон муҳокима шавад. Оқои Янукович ва шуморе аз ҳамкорони ӯ ҳамчунин ба иртикоб ва фароҳам овардани заминаи фасоди густардаи молӣ муттаҳам ҳастанд.
Аз маҳалли ихтифои раиси ҷумҳурии барканоршудаи Укройн иттилоъе дар даст нест, аммо расонаҳои укройнӣ муътақиданд, ки вай ҳамроҳ бо ду писараш ва гурӯҳе муҳофизи мусаллаҳ дар минтақае дар Криме ба сар мебарад.
Нимҷазираи Криме, ки ба сурати як ҷумҳурии худмухтор идора мешавад, ҳудуди ду милюн ҷамъият дорад, ки беш аз ниме аз ононро рустаборон, ҳудуди як чаҳорумро укройниҳо ва ҳудуди 12 дарсадро тоторҳо ташкил медиҳанд.
