Порлумони Укройн тарҳи қонуни таъсиси горди миллиро тасвиб кард

  • 13 Март, 2014

Порлумони Укройн (Верховная Рада) тарҳи қонуни таъсиси Горди миллиро, ки аз суи Александр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққати ин кишвар пешниҳод шуда буд, тасвиб кардааст.

Ба тарафдории тасвиби ин қонун 252 намоянда раъй додаанд.

Горди миллии Укройн аз воҳидҳои нерӯҳои вазорати умури дохила ташкил хоҳад шуд ва шумори нерӯҳои он қарор аст 60 ҳазор нафар бошад.

Тибқи ин қонун Горди миллӣ ташаккули низомие хоҳад буд, ки ҳифзи ҳуқуқ ва зиндагии афрод, озодӣ ва манофеъи қонунии онҳо бахше аз вазоифи он хоҳад буд.