Русия: Ба дунболи ҷанг бо Укройн нестем

  • 14 Март, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Нооромиҳо дар Дунетск, хушунатбортарин аз ҳангоми суқути давлати оқои Ёнукович будааст

Сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд Маскав ба дунболи ҷанг бо Укройн нест, аммо бовар дорад, ки мардуми нимҷазираи худмухтори Криме ҳақ доранд дар бораи пайвастан ба Русия ё мондан бо Укройн тасмим бигиранд.

Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид, ин изҳоротро рӯзи панҷшанбеи 13 март дар посух ба нахуствазири давлати муваққати Укройн Орсений Ётсенюк унвон кард.

Ҳар ду нафар дар ҷаласаи изтирории Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йурк, ки дар бораи буҳрони Укройн ташкил шуда буд, ҳузур доштанд.

Дар ин ҷаласа Орсений Ётсенюк хитоб ба намояндаи Русия гуфт Укройн қурбонии "таъаррузи" Русия шудааст.

Ӯ дар ҳоле, ки нусхае аз маншури Милали Муттаҳидро дар даст дошт, хитоб ба Виталй Чуркин гуфт Маскав маншури Сомзони Милал ва мисоқи байналмилалии дигарро "нақз" кардааст.

Бо ин ҳол, нахуствазири муваққати Укройн таъкид кард, ки ба назари ӯ ҳанӯз барои ҳалу фасли диплумотики ин буҳрон фурсат боқӣ аст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Виталий Чуркин мегӯяд мардуми Криме ҳақ доранд дар мавриди пайвастан ба Русия тасмим бигиранд.
Image copyrightBBC World Service
Image caption Орсений Ётсенюк мегӯяд Укройн қурбонии таъаррузи Русия шудааст

Шӯрои Амният дар ду ҳафтаи гузашта 6 бор барои баррасии авзоъи Укройн ташкили ҷаласа додааст.

Хунинтарин даргириҳо баъд аз 22 феврал

Ҳамзамон аз шаҳри Дунетск дар шарқи Укройн гузориш мерасад, ки имрӯз як нафар дар ҷараёни даргириҳои миёни ҳомиён ва мухолифони Русия дар ин шаҳр кушта шуда ва чандин нафар ҳам захмӣ шудаанд.

Ин хушунатбортарин нооромӣ пас аз суқути давлати Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳури махлӯъи Укройн дар авохири феврали гузашта аст.

Дар ҳамин ҳол, танишҳои байналмилалӣ бар сари буҳрони Укройн бо наздик шудан ба рӯзи баргузории ҳамапурсӣ дар Криме афзоиш ёфтааст.

Ин ҳамапурсии муноқишабарангез, қарор аст рӯзи якшанбе (16март) баргузор шавад ва сокинони нимҷазираи худмухтори Криме дар бораи пайвастан ба хоки Русия ё мондан бо Укройн тасмимгирӣ кунанд.

Қарор аст рӯзи ҷумъа Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, дар Ландан дидор кунад.

Таҳаррукоти низомии Русия дар марзи Укройн

Рӯзи панҷшанбе, ҳамчунин гузориш шуд, ки Маскав аз монуври низомии ҷадиде бо ҳузури 8000 нерӯ ва бо истифода аз ҷангафзорҳои сангин дар наздикии марзҳои ин кишвар бо Укройн баргузор мекунад. Ҳадаф аз ин монувр ҳамоҳангии бештари нерӯҳои Русия эълом шуда, аммо ҳамзамонии он бо буҳрони Криме ва ҳамапурсии рӯзи 16 марти минтақаи худмухтори Криме бар танишҳои байналмилалӣ афзудааст.

Укройн ҳам аз ташкили нерӯе муташаккил аз ҳазорон довталаб хабар дода, ки қарор аст барои барқарории амният ва ҳифзи марзҳои Укройн басиҷ шаванд.

"Русия бояд ҳазинаашро бипардозад"

Дар хабаре дигар, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, ба Русия ҳушдор додааст дар сурати инзимоми ниҷазираи Криме ба хоки худ бо вокуниши бисёр ҷиддии Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Оқои Керрӣ, ки рӯзи панҷшанбе дар маҷлиси сенои Омрико сухан мегуфт, эълом кард дар сурате, ки Русия натиҷаи "пешбинишудаи" ҳамапурсӣ дар минтақаи худмухтори Кримеро бипазирад, он гоҳ Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо ба таври ҷиддӣ алайҳи ин кившар вокуниш нишон хоҳад дод.

Омрико ва Иттиҳодияи Урупо ин ҳамапурсиро ғайриқонунӣ ва бархилофи қавонини байналмилалӣ ва Қонуни асосии Укройн медонанд.

Пешбинӣ мешавад натиҷаи ин ҳамапурсӣ ба нафъи тарафдорони пайвастан ба Русия бошад.

Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ ин ҳамапурсӣ дар ҳоле анҷом мешавад, ки 20 ҳазор низомии Русия дар Криме мустақар ҳастанд.

.

Матолиби муртабит