Омрико: Умедворем буҳрони Криме ба музокирот бо Эрон латма назанад
Image copyrightAFPОмрико умедвор аст буҳрони Криме ба ҳамкории ин кишвар бо Русия бар сари музокироти ҳастаӣ бо Эрон латма назанад.
Як мақоми аршади давлати Омрико рӯзи ҷумъа бо ширкат дар як кунферонси телефунӣ бо хабарнигорон дар Вошингтун ибрози умедворӣ кард, ки муноқишаи Русия ва Укройн бар сари минтақаи худмухтори Криме ояндаи музокироти ҳастаии Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" бо Эронро дар маърази хатар қарор надиҳад.
Ин мақоми омрикоӣ, ки хост номаш фош нашавад, гуфт: "Ҳатто замоне ки ихтилофҳое (миёни аъзои Гурӯҳи 5+1) буруз мекунад, ки гоҳе ин тур аст, мо ин ихтилофотро канор мегузорем... Замоне ки бо Эрон музокира мекунем, комилан муттаҳид ҳастем."
Музокироти ҳастаии Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" ин ҳафта дар Виен аз сар гирифта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки музокироти вузарои умури хориҷаи Омрико ва Русия дар остонаи баргузории ҳамапурсии рӯзи якшанбе дар минтақаи худмухтори Криме бидуни муваффақият поён ёфт.
Сокинони шибҳиҷазираи Криме қарор аст дар ин ҳамапурсӣ назари худро дар бораи истиқлоли ин минтақаи худмухтор аз Укройн ва пайвастан ба Русия эълом кунанд.
Омрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ ин ҳамапурсиро ғайриқонунӣ медонанд ва ба Русия дар бораи инзимоми (пайвастани) ин шибҳиҷазира ба хоки худ ҳушдор додаанд.
Мақоми омрикоӣ бо ишора ба ин мавзӯъ гуфт: "Ба рағми он чи ки рӯзҳои оянда рух медиҳад, ба рағми иқдомҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар посух ба тасмимҳои Русия ва посухи ин кишвар ба ин тасмимот умедворем музокирот ба хатар наюфтад."
Мақомҳои омрикоӣ пештар гуфта буданд, ки буҳрони Укройн ба ҳамкорӣ бо Русия бар сари масоиле монанди нооромиҳои Сурия ва муноқишаи атумӣ бо Эрон латма назадааст.
Аммо ба гуфтаи таҳлилгарон, дар сурати замима шудани Криме ба Русия ва таҳрими мақомҳои ин кишвар аз сӯйи Омрико ва Иттиҳодияи Урупо тазмине барои идомаи ҳамкорӣ миёни Кремлин ва Кохи Сафед бар сари масоили байналмилалӣ вуҷуд нахоҳад дошт.
Даври баъдии музокироти Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" қарор аст сешанбе дар Виен баргузор шавад.
