Бон Ки-мун: Рӯҳонӣ натавониста ба ваъдаҳояш амал кунад

  • 12 Март, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Бон Ки-мун дар суханони худ аз давлати Ҳасани Рӯҳонӣ хост, ки озодии фаврии оқоён Мусавӣ ва Карубӣ ва дастарасии муносиби онҳо ба хадамоти пизишкиро фароҳам кунад

Бон Ки-мун, дабири кулли СММ, мегӯяд давлати Ҳасани Рӯҳонӣ аз замони рӯйи кор омадан натавониста корзореро, ки барои беҳбуди ҳуқуқи башар ваъда дода буд, ба пеш бибарад.

Бон Ки-мун, ки рӯзи сешанбеи 11 март ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гузориш медод, зимни барҷаста кардани афзоиши омори эъдомҳо дар Эрон, хостори озодии фаъъолони сиёсӣ, рӯзноманигорон ва вукалои зиндонӣ шуд; касоне ки ба гуфтаи ӯ ба иллати он зиндонӣ шудаанд, ки "ҷӯёи ҳаққи озодии баён" будаанд.

Бо вуҷуди ин, оқои Бон аз озодии ҳудуди 80 зиндонии сиёсӣ дар Эрон тайи моҳҳои гузашта истиқбол карда ва ҳамчунин аз озодии Насрини Сутуда ва бозгашт ба таҳсилу кори бархе аз донишҷӯён ва устодони донишгоҳ ба унвони иқдомоти мусбат аз замони рӯйи кор омадани давлати оқои Рӯҳонӣ ном бурд.

Ҳамзамон дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз омори болои зиндониёни ақидатӣ, рӯзноманигорон ва вукалои дарбанд дар Эрон интиқод кард ва ба таври хос аз Меҳдии Карубӣ ва Мирҳусейн Мусавӣ, ду кондидои муътаризи интихоботи соли 1388, ном бурд ва гуфт, ки ин ду бидуни "ҳеҷ гуна эъломи ҷурм ё муҳокимае маҳсур" шудаанд.

Бон Ки-мун дар суханони худ аз давлати Ҳасани Рӯҳонӣ хост, ки озодии фаврии оқоён Мусавӣ ва Карубӣ ва дастрасии муносиби онҳо ба хадамоти пизишкиро фароҳам кунад.

Ӯ ҳамчунин дар суханони худ аз Абдулфаттоҳ Султонӣ, Муҳаммадалии Додхоҳ, ва Муҳаммади Сайфзода, се вакили зиндонӣ, ном бурд ва гуфт, ки онҳо танҳо ба ин иллат, ки ба дунболи эҳёи ҳаққи озодии баён буданд, боздошт шудаанд.

Дабири кулли СММ ба омори болои эъдомҳо дар моҳҳои нахусти соли ҷории мелодӣ ишора кард ва бо ишора ба гузориши Новӣ Пилой, кумиссари ҳуқуқи башари СММ, гуфт: "Соли гузашта дар Эрон 500 то 625 нафар эъдом шудаанд, ки 57 маврид аз ин эъдомҳо дар малои ом сурат гирифтааст.

Ӯ изофа кард агарчи аксари эъдомҳо марбут ба маҳкумони қочоқи маводди мухаддир буда, аммо дар миёни эъдомиёни зиндониёни сиёсӣ ва фаъъолони ақаллиятҳои қавмӣ ҳам вуҷуд доштанд.

Вай бо ишора ба эъдоми беш аз чиҳил зиндонӣ дар ду ҳафтаи нахусти моҳи январи имсол гуфт: "Ба назар мерасад давлати ҷадид ҳам равияи давлати собиқро дунбол мекунад, ки аз муҷозоти эъдом бакаррот барои муқобила бо ҷароим истифода мекард."

Бон Ки-мун ҳамчунин аз мамониъати Эрон барои вуруди гузоришгарони ҳуқуқи башари СММ ба ин кишвар аз соли 2005 то кунун интиқод кард.

Қарор аст Аҳмад Шаҳид, гузоришгари вижаи Эрони Созмони Милали Муттаҳид базудӣ гузориши солонаи худ дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар Эронро дар нишасте дар Женев ироа кунад

Матолиби муртабит