Созмони Милал: Эъдомҳо дар Эрон боло рафтааст

  • 22 Феврал, 2014
ЭъдомImage copyrightReuters
Image caption Мақомҳои эронӣ мегӯянд мухолифат бо ҳукми эъдом мухолифат бо ислом аст

Дафтари Кумисериёи олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Женев бо интишори баёнияе аз афзоиши эъдом дар Эрон ҳушдор додааст.

Ин созмон мегӯяд дар соли милодии ҷорӣ ва танҳо дар ҳафт ҳафтаи ахир дастикам 80 нафар дар Эрон эъдом (қатл) шудаанд ва теъдоди эъдомҳо дар ин муддат мумкин аст ба 95 нафар низ бирасад.

Ровино Шамдосонӣ, яке аз сухангӯёни СММ, гуфт, агарчи пас аз интихоби Ҳасани Рӯҳонӣ ба риёсати ҷумҳурӣ нишонаҳои мусбате аз беҳбуди вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон ба чашм мехӯрад, аммо ба назар мерасад рӯйи кор омадани давлати ҷадид дар иҷрои аҳкоми эъдом тағйире надодааст.

Хонум Шамдосонӣ ҳамчунон ба эъдоми Ҳодии Рошидӣ ва Ҳошими Шаъбонӣ, ду фаъъоли араби эронӣ, ишора карда ва гуфтааст, ки бино ба бархе гуфтаҳо муҳокимаи онҳо ноъодилона буда ва онҳо таҳти шиканҷа маҷбур ба эътироф шудаанд.

Эрон пас аз Чин бештарин шумори иҷрои аҳкоми эъдом ва ҳамчунин болотарин нархи саронаи эъдомро дар ҷаҳон дорад. Созмони Милал мегӯяд дар соли милодии гузашта байни 500 то 625 нафар дар Эрон эъдом шудаанд.

Бахши умдае аз аҳкоми эъдом дар Эрон барои ҷароими муртабит бо қочоқи маводди мухаддир содир мешавад. Созмони Милал мегӯяд ин ҷароим ончунон ҷиддӣ нестанд, ки битавон барои муҷозоташон ба эъдом мутавассил шуд (даст зад).

Чанде пеш гурӯҳе аз чеҳраҳои саршиноси мунтақиди ҳукумати Эрон бо интишори фарохоне хоҳони талош барои маҳдудият ва " лағви гом ба гоми эъдом" дар Эрон шуданд.

Мақомҳои эронӣ мегӯянд мухолифат бо ҳукми эъдом мухолифат бо ислом аст. Рӯзи ҷумъа рӯзномаи "Осмон" ба далели нақли ҷумлае, ки ҳукми эъдомро "ғайриинсонӣ" хонда буд, тавқиф шуд.

Матолиби муртабит