Дидори вазирони хориҷаи Эрон ва Омрико дар Олмон

  • 2 Феврал, 2014
Муҳаммад Ҷаводи Зариф ва Ҷон КеррӣImage copyrightAFP
Image caption Вазирони хориҷаи Эрон ва Омрико пештар низ бо якдигар дидор кардаанд

Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон субҳи имрӯз, якшанбе, 13 баҳман (2 феврал) дар ҳошияи иҷлоси амниятии Муних бо Ҷон Керрӣ, ҳамтои омрикои худ дидор кардааст.

Ин хабарро Ҷин Соки, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Омрико эълом кард, аммо ҷузъиёти бештаре ироа надод.

Бо ин ҳол хабаргузории Руйтерз ба нақл аз як мақоми вазорати умури хориҷаи Омрико навишт, ки Ҷон Керрӣ ба оқои Зариф гуфтааст, ки таҳримҳои яконибаи Омрико алайҳи Эрон ҳамчунон побарҷо хоҳанд монд.

Хабаргузории Фаронса низ ба нақл аз як мақоми вазорати умури хориҷаи Омрико гуфта, ки Ҷон Керрӣ дар дидор бо оқои Зариф хоҳони ҳамкории Эрон бо Омрико дар мавриди озодии Роберт Левинсун, Амир Ҳикматӣ ва Саид Обидинӣ шудааст.

Оқои Ҳикматӣ ва оқои Обидинӣ дар Эрон боздошт ҳастанд, аммо вазъияти оқои Левинсун мушаххас нест.

Роберт Левинсун, маъмури собиқи Эфбиой (пулиси федероли Омрико) буд, ки гуфта мешавад дар соли 2007 дар ҷазираи Кеш дар Эрон мафқуд шуд, аммо мушаххас нест, ки чӣ афроде ӯро дар ихтиёр доранд.

Бо ин ҳол идораи кулли диплумосии расонаии вазорати умури хориҷаи Эрон бо интишори иттилоъияе бо таъйиди дидори оқои Зариф ва Керрӣ гуфтааст "ҳар гуна хабарсозӣ дар бораи муҳтавои ин дидор ва гуфтугӯи анҷомшуда дақиқ нест ва мавриди таъйиди вазорати умури хориҷа қарор надорад."

Музокироти ҷомеъи Эрон ва гурӯҳи 5+1 қарор аст аз рӯзи 18 феврал дар Вйен, пойтахти Утриш (Австрия) идома ёбад.

Аббоси Ароқчӣ, муъовини вазорати хориҷаи Эрон дирӯз аз ворез шудани 550 миллиюн дулор ба ҳисоби давлати Эрон дар Суис (Швейтсария) ба унвони қисти аввали дороиҳои озодшуда ба дунболи тавофуқи Женев дар ноябри соли гузашта хабар дод.

Эрон дар Женев мутаъаҳҳид шуд ғанисозии урониюми болои панҷ дарсадро мутаваққиф кунад, захоири урониюми ғанишудаи байни панҷ то 20 дарсадро хунсо кунад, сонтрифюжҳои ҷадиде дар таъсисоти атумии худ ворид накунад ва иҷозаи бозбиниҳои густардатаре аз марокизи атумии худ ба Ожонси байналмилалии энержии атумӣ ироа бидиҳад.

Матолиби муртабит