Омодагӣ дар сенои Омрико барои ташдиди таҳрими Эрон

Дар ҳоле ки музокироти Эрон ва кишварҳои 5+1 дар Женев дар бораи барномаи ҳастаӣ ба рӯзи севум кашида шуда, гурӯҳе аз сенотурҳои омрикоӣ омода мешаванд, ки агар ин давр аз музокирот ба натиҷа нарасид, таҳримҳои бештаре алайҳи Эрон вазъ кунанд.
Рӯзи панҷшанбеи 21 ноябр ва пас аз поёни рӯзи дувуми музокирот гурӯҳе аз сенотурҳои омрикӣ аз ҳар ду ҳизби демукрот ва ҷумҳурихоҳ дар баёнияе гуфтаанд талош мекунанд зарфи ҳафтаи оянда мавозеъи ин ҳар ду ҳизбро ба якдигар наздик кунанд, то ҳар чи зудтар таҳримҳои бештар алайҳи Эрон тасвиб шавад.
Аз ҷумлаи ин 17 сенотур, ки ин баёнияро додаанд, Ҷон Мак Кейн (ҷумҳурихоҳ), Роберт Менендез (демукрот), Морк Крек (ҷумҳурихоҳ), Чорлз Шумер (демукрот) Линзӣ Гроҳом (ҷумҳурихоҳ) ҳастанд, ки маъмулан мавозеъи тунде алайҳи Эрон доштаанд ва дар рӯзҳои гузашта аз давлат хостаанд мавозеъи сахттаре дар қиболи Теҳрон бигирад.
Давлати Омрико дар ҳафтаҳои гузашта пайгир будааст, ки кунгре иқдоми тозае алайҳи Эрон накунад.
Талошҳои Кохи Сафед ва вазорати умури хориҷаи Омрико барои пешгирӣ аз ташдиди таҳримҳои Омрико то қабл аз музокроти ҷорӣ дар Женев ба натиҷа расида буд, аммо давлати Омрико пештар хостори муҳлате думоҳа дар ин бора шуда буд.
Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида, аз кунгре хостааст дар мақтаъи феълӣ дар ин бора даст нигаҳ дорад, то фурсате ба диплумосӣ дода шавад.
Аммо дар муқобил бархе аз аъзои кунгре бо ибрози тардид дар натиҷабахш будани сиёсати давлати Омрико барои музокира бо Эрон пайгири иқдоми фаврӣ барои ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон будаанд.
Онон аз ҷумла пешниҳод додаанд ин таҳримҳо ба лоиҳаи дифоъии Иёлоти Муттаҳида афзуда шавад, ки зарфи рӯзҳои оянда ба саҳн меояд.
Лобиҳои наздик ба Исроил ҳомии ташдиди таҳримҳои қабл аз даври севуми музокроти Женев будаанд.
Пас аз пайгириҳои Кохи Сафед в вазорати умури хориҷаи Омрико , кумитаи умури бонкии сено ва ҳамчунон мусаввабаи маҷлиси намояндагони Омрико барои ташдиди таҳримҳо алайҳи Эронро дар дастури кор нигошта ва имкони афзудани ин таҳримҳо мутаммами лоиҳаи дифоъӣ низ то пеш аз музокироти ҷорӣ баста шуд.
"Агар Эрон монеъ аз муваффақият шавад"
Раҳбари аксарияти демукроти сено низ рӯзи панҷшанбе гуфтааст, агар музокироти ҷорӣ ба натиҷа нарасад, таҳримҳои ҷадид дар сено баррасӣ мешаванд.
Сенотур Ҳерӣ Рид, раҳбари аксарияти демукроти сено гуфтааст сено бояд омода бошад , ки дар сурати ба натиҷа нарасидани музокироти ҷории Эрон ва қудратҳои ҷаҳон, лоиҳаи дигаре барои густариши таҳримҳо алайҳи Эронро баррасӣ кунад.
Ин сенотур гуфтааст аз музокороти ҷорӣ, ки давлати Борок Убомо низ бахше аз он аст, ҳимоят мекунад, аммо ҳамчунин гуфтааст, ки "мумкин аст Эрон монеъ аз муваффақияти музокирот шавад."
Дар ҳамин ҳол, Боб Крукер, сенотури ҷумҳурихоҳ, тарҳи аввалияеро омода кардааст, ки ба муҷиби он сено, ихтиёроти давлати Борок Убомо дар инъитоф дар таҳримҳо алайҳи Эронро маҳдуд мекунад.
Пеш аз ин Муҳаммадҳасан Осафарӣ, узви ҳайъати раисаи кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси Эрон ҳушдор дода буд, ки агар таҳримҳои ҷадид дар кунгреи Омрико алайҳи Эрон тасвиб шавд, "мо хостори таътилии музокирот ҳастем."
