Баҳс "дар бораи ҷузъиёт" дар рӯзи аввали музокироти Женев

  • 21 Ноябр, 2013
Image caption Ҳайъати музкоиракунандаи эронӣ дар рӯзи аввал бо ҳайъатҳои дигар ҷаласоти дуҷониба дошт

Нахустин рӯз аз даври ҷадиди гуфтугӯҳои Эрон ва Гурӯҳи 5+1 бар сари барномаи ҳастаии Эрон ба дидорҳое гузашт, ки бештар дар бораи ҷузъиёти тавофуқи эҳтимолӣ буд.

Даври ҷадиди гуфтугӯҳо, ки ҳамчун даври гузашта дар Женев дар ҷараён аст бо ҷаласае муштарак шурӯъ шуд, ки раёсаташро Котрин Аштун, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ва Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон, ба уҳда доштанд.

Ин давр аз гуфтугӯҳо, ки севумин даври гуфтугӯҳои ҳастаӣ дар давраи раёсати ҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ аст, ба гуфтугӯҳои Женев 3 шуҳрат пайдо кардааст.

Баъд аз ин ҷаласаи муштарак, ки чандон тӯлонӣ ҳам набуд, ҳайъатҳои намояндагӣ шурӯъ ба дидорҳои дуҷониба карданд.

Яке аз хабарнигорони Би-би-сӣ дар Женев аз қавли яқ мақоми омрикоӣ нақл кардааст, ки бештари гуфтугӯҳои рӯзи чаҳоршанбе ба баҳс дар бораи ҷузъиёте гузашт, ки тарафайн мехоҳанд дар тавофуқнома бигунҷонанд.

Ҳамчунин ду давраи гузашта фазои ин гуфтугӯҳо мусбат ва созанда тавсиф шудааст.

Аммо ҳастанд нозироне, ки мегӯянд сирфан фазои мусбат ва дӯстона метавонад ба расидан ба як тӯфон мунҷар шавад.

Яке аз тӯлонитарин дидорҳо байни ҳайъати эронӣ ва омрикоӣ буд, ки идомаи он ба субҳи рӯзи панҷшанбе мавкул шуд.

Интиқод аз Исроил

Ҳамзамон бо рӯзи нахуст аз даври ҷадиди гуфтугӯҳои Эрон бо панҷ узви доимии Шӯрои Амният ва Олмон, нахуствазири Исроил ба Маскав сафар кард, то дар дидоре бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, саъй кунад мавозеъи ин кившарро ба хостаҳои Исроил наздик кунад.

Хабарнигороне, ки дар нишасти хабарии оқоён Путин ва Нетонёҳу ширкат карда буданд, гузориш карданд, ки чандон ба назар намерасад раиси ҷумҳурии Русия қасди тағйири мавзеъе дошта бошад.

Касро Ноҷӣ, хабарнигори Би-би-сии форсӣ, ки ба Женев рафта, ҳам чаҳоршанбешаб аз қавли манобеъи хабарӣ гузориш кард, ки Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, рӯзи ҷумъа ба Женев меравад.

Сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико ҳам эълом карда, ки дар сурати дастёбӣ ба тавофуқ, Ҷон Керрӣ ба Суимс меравад.

Исроил борҳо эълом карда, ки то таътилии комили барномаи атумии Эрон эҳсоси амният намекунад.

Исроил ибрози нигаронӣ мекунад, ки Эрон ба дунболи силоҳи ҳастаӣ аст ва ба назари давлатмардони ин кишвар дар сурати дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, Исроил дар хатар хоҳад буд.

Эрон мегӯяд, ки қасдаш аз пешбурди барномаи ҳастаӣ дастрасӣ ба энержи аст ва хиёл надорад силоҳи ҳастаӣ тавлид кунад.

Рӯзи чаҳоршанбе Оятуллоҳ Хоминаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, саъй кард суханоне ҷавобӣ ба Исроил бидиҳад, ки ба назари бархе аз нозирони омили аслии ба натиҷа нарасидани даври қаблии гуфтугӯҳост.

Раҳбарои Эрон дар суханоне ва дар баёне тунд аз Исроил интиқод кард: "Оё низоми исломӣ ба дунболи ҷанг бо дигарон аст. Ҷумлае, ки аз даҳани саги ҳори наҷаси минтақа, яъне режими саҳюнистӣ, шунида мешавад, ки Эрон таҳдиде барои ҷаҳон аст. Таҳдиди ҷаҳон онҳое ҳастанд, ки ҷуз шарр чизе барои дунё надоштаанд, монанди ҳамин режими номашрӯъ."

Дар айни ҳол, Оятуллоҳ Хоминаӣ аз тими музокиракунандаи ҳастаии Эрон ҳимоят кард ва гуфт Эрон омодаи дӯстӣ бо ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла миллати Иёлоти Муттаҳидаи Омрикост.

Беш аз дусад нафар аз намояндагони маҷлиси Эрон ҳам бо интишори баёнияе аз музокироти ҳастаиии Эрон ва 5+1 "ҳимояти қотеъ" кардаанд.

Матолиби муртабит